ҲОҶӢ МИРЗО: НАРХРО БАРДОШТӢ, 5 ВАҚТ НАМОЗАТ БОТИЛ АСТ!

Аз СССР: Дар шумораи гузаштаи СССР Раёсати ВКД дар ш. Душанбе, аз ситами ба ном мусалмон-савдогарони беимон ба фиғон омада, ҳатто ҳушдор дод, ки нарху наворо боло набардоранд, дар акси ҳол нисбат ба онҳо чораҳои таъсиррасонии қонунӣ дида мешавад. Хотиррас мешавем, ки дар аҳди М. Убайдуллоев на танҳо нуқтаҳои фурӯш, ки ҳатто БОЗОР ва Супермаркетҳое, ки нархро баланд мекарданд, баста мешуданд ва қассобхонаҳо маҳкам:

Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст,

Саги девонаро дору кулӯх аст!

Ин амали ҷаллобону қаллобони рамазонӣ ба дину мазҳаб низ хилоф аст ва ҷазои онҳо айни савоб. Зимнан ба ин матлаби Ҳоҷӣ Мирзо таваҷҷуҳ кунед, ки Ислом дар бораи қиматфурӯшони бозор дар Рамазон чӣ мегӯяд?!

 

Имом Аҳмади Ҳамбал дар китоби Муснадаш ҳодисаеро аз номи паёмбарамон (с) меорад, ки кадом тоҷире, ки он маводеро, ки мардум ба вай ниёз дорад, кӯшиш  кунад, ки нархи ӯро боло барад,  Аллоҳ гуфтааст, ки ин гуна савдогарро ман дар болотарин азобам ҷойгузин мекунам.

Надорӣ тоқати 1 захми сӯзан,

Наметарсӣ чаро аз сӯзи гулхан?

 (Ҷунунӣ)

Вақте ман тоҷир ё савдогар мегӯям шарт нест, ки гӯям, ки эй доруфурӯш, гӯштфурӯш, мевафурӯш, зеленфурӯш, бензинфурӯш ин ба ҳамаи савдогарон дахл дорад. Баъзе савдогарон мегӯянд, – бобои ҳоҷӣ дар болои моли овардаамон чанд фоиз монему фурӯшем? Бародарон, дини ислом ягон фоизро муайян накардааст. Ман мегӯям, бале дар ислом беҳтарини фоиз ин ҳамон инсофат ҳаст, яъне чи қадар фоизро паст кунӣ, ҳамон қадар баланд  будани фоизи диндориятро мефаҳмонад! Чи қадар боло бурдӣ, баланд будани фоизи номусулмониатро, ё диндориятро нишон медиҳад. Яъне, сода карда гӯем, касоне, ки фақат барои боло бурдани нарх талош мекунанд, тавфиқат, даъвои диндорият, ё ришдорият ё сатрдорият, ё ҳоҷӣ буданат, ё мегӯӣ, ки ман мусалмони 5-вақтаям, яъне намозамро тарк намекунам, ҳамааш ботил аст, дурӯғ аст. Хайёми Нишопурӣ фармуд:

Панде диҳамат агар ба ман дорӣ гӯш,

Аз баҳри Худо ҷомаи тазвир мапӯш.

Дунё ҳама санъатеву умри ту даме,

Аз баҳри даме умри ъабадро мафурӯш.

 

Савдои Имом Абуҳанифа бо 1 зан

Худо раҳмат кунад ҳазрати Имом Абуҳанифаро, ки бисёр тоҷири бораҳм, боинсоф буд, хостам 1 муъомилаашро бо харидор нақл кунам. Зане назди дуконаш омад, хост либосеро  ба Абуҳанифа  аз рӯйи зарурат бифурӯшад. Абуҳанифа нархи либосро медонист, вале пурсид чанд аст нархи либосат, ки гуфт 100 дирам, Абуҳанифа гуфт, ин либоси Шумо арзишаш 500 дирам аст ва 500 дирам ба зан дод. Зан маблағро гирифту дар ҳаққаш дуъо кард.

Пайравони Абуҳанифа дидед, ки Раҳбари мазҳабамон чи гуна рафтор кард? Метонист 400 дирамро надиҳад, вале имом Абуҳанифа ин корро накард. Пас Абуҳанифа гӯяд, ки ман мусалмонам, ҳоҷиям, суфиям, шайхам бовари инсон меояд. Лекин имрӯз шиъори мо ба ном мусалмонон ин аст:

ӯр сӯзаду дег ҷушад!

Мавлоно бисёр хуб гуфтааст:

Ҳар ки охурбин бувад ӯ бедин аст

Ҳар ки охирбин бувад ӯ бо дин аст.

Яъне касе, ки фикри шикамашро кунад ӯ дин надорад, вале касе, ки фикри охираташро кунад, диндор аст.

 

Тарозудузд офат меорад!

Паёмбарамон фармуд, ҳар гоҳ хушксолӣ омад ва офат дар зироъату меваҳо шуд, бидонед, ки ин аз ҳисоби савдогаронест, ки ҳаққи мардумро мехӯранд ва дар тарозу фиреб мекунанд.

Дар охир аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш мекунам, ки он чиро хондед, ба он амал кунед, худро зери дуъои бади мардум қарор надиҳед. Ин рӯзҳое, ки мову шумо қарор дорем, рӯзи дастгирист, рӯзи дар паҳлӯи якдигар истодан аст. Охир шумо бинед нафароне, ки Қуръонро намедонанд, бисмилоҳро намедонанд, мусалмон нестанд, вале бар мардуми хеш, дар рӯзҳои динии хеш, кӯмаки билоиваз кардан доранд.  Мову шумо худамонро аз онҳо боло мегирем, ки мо мусулмонем, мо баъди мурдан ҷаннат меравем, вале нархро дар Рамазон боло мебарем:

Ту, ки аз ғами дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Фаромӯш накунед, ки ин рӯзҳо мегузарад, вале номи шумо ё ба бадӣ ё ба некӣ боқӣ мемонад:

1 нуқта бас аст агар шуур аст,

Варна чу чароғ пеши кӯр аст.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube