РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ГОВУ ГӮСФАНД ХАР!

Ҳафтаи пор мо хариди Рамазонӣ анҷом додем. Ин ҳафта тибқи супориши редаксия ва муроҷиати зиёди алоқамандони рӯзнома, ки аз якбора боло рафтани нархи чорвои зинда изҳори нигаронӣ карданд, тасмим гирифта шуд, ки гову бӯзу гӯсфанд харем. Бо мо бош, хонанда, ки Мо Метавонем!

07.03.2025. Соат ба вақти Бохтар 08:10 дақиқа. Барои баррасӣ кардани матлаб ва пуратар ворид шудан ба мавзуъ, бо намояндаи Хадамоти зиддиинҳисории вилоят, ба калонтарин молбозори вилоят, ки ҳар рӯзи ҷумъа баргузор мешавад, ворид шудем. Бояд гуфт, ки масоҳати ин бозор хеле васеъ буда, дар 4 тарафаш тарозуҳои махсус гузошта шудааст, ки молҳои фарбеҳи килобаркаш дар он санҷида шуда, соҳиби тарозуҳо сари 1 гов 10 сомонӣ меситонанд. Дар бозор нархи моли зинда дар тарозу аз 47 то 55 сомонӣ савдо мешавад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки танҳо 55% моли зинда гӯшт аст. Боқимондаашро маҳсулоти дуюмдараҷа ташкил медиҳад. Нархи моли ширдеҳро аз 18000 то 70000 сомонӣ дидему баррачаи навзоди алафхӯр (ширзод) аз 1100 сомонӣ сар мешавад. Дар бозор говҳоро бо номҳои Сметал, Черный пояс, Шведский мешинохтанду савдо мекарданду нархҳои осмониро пеш меоварданд. Номҳои ғайритоҷикии онҳо қимати онҳоро боло мебарорад. Гӯсфанде, ки 30 кг вазн дорад 3800 сомонӣ савдо шуд. Бузи 25 кг вазн доштаро 2,500- 3,000 сомонӣ мефурӯшанд. 1 мурғи маҳалӣ 70 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

 

Ҷаллоб ё даллол???

70 фисади бозорро ҷаллоб ё худ даллолҳо ташкил медиҳанд. Даллолон моли деҳқонро то бозор баромадан намегузоранд. Онҳо дар гӯшҳои соҳиби бечораи мол афсона хонда, нархашро паст мезананду аз дасташ гирифта, болояш зам мекунанду бо маблағи калон ба фурӯш мегузоранд. Агар деҳқон моли парваридаи худро озод фурӯшад, фоида ба ҷониби худаш хоҳад буд. Аммо шурӯъ аз дари бозор, бо найранг ҷаллоб молро аз дасташ мегирад. Онҳо 3-4 нафарӣ мегарданду шахсони оддӣ нестанд. Онҳо пулдорони асосии молбозоранд. Агар каме сусттар бинанд, ба “ҳуҷум” шурӯъ мекунанд. Ин гурӯҳ ҳатто дар деҳаҳо намояндаҳои худро доранд. Агар нафаре дар деҳа мол фурӯхтанӣ шавад, «агент» ба ҷаллобон занг мезанад. Онҳо омада, чорворо бо нархи паст харида, ба одами хабардода, агар мол савдо шавад, сари моли калон 100 сомонӣ ва майда 50 сомонӣ ширинкома медиҳанд. Аксарият қассобонро гунаҳкор мекунем, ки нархи гӯштро худсарона баланд мебардоранд, вале шоҳиди ҳолати кор будем, ки маҳз даллолон муҷрими баландшавии нарханд!

 

 Хадамот чӣ мегӯяд?

Барои таҳлили мавзӯъ аз омори Хадамоти зиддиинҳисорӣ кор гирифтем. Аҳсан мегӯем ба ин ниҳод, ки барои худсарона боло рафтани нархи молу маҳсулоти бозорҳо бисёр корбарӣ менамоянду чораандешӣ мекунанд. 2 моҳ пеш Хадамоти мазкур барои ҳисобу китоби пурра ва дурусти гӯшти чорво таҳлил гузаронида, 1 буққаи 15000 сомонаро харидорӣ карда, 3 ҳафта бо кунҷораю дигар намуди хӯроки чорво «боқиданд», сипас ба қассоб супориданд. Қассоб 300 сомонӣ маблағ мегирад. Дар натиҷаи таҳлил маълум шуд, ки танҳо нисфи чорворо гӯшти тоза ташкил дода, фоида ҳамагӣ 244 сомониро ташкил дод. Тавре таҳлилҳои Хадамот нишон доданд:

  1. Гӯшти тоза 167кгх90сомонӣ=15,030
  2. Калла- 15,4кгх10сомонӣ =154
  3. Дилу ҷигар -6,95кгх60 сомонӣ=417
  4. Шуш- 4кгх30 сомонӣ=120
  5. Поча, дум, шикамба 170
  6. Пӯст 80 сомонӣ

Ҷамъ 15971,0 сомонӣ

 

Боз ҳоҷиён гунаҳкор…

Сабаби дигаре, ки ҳолдонҳо боиси болоравии нархи мол медонанд, зиёд шудани ҳоҷиён дар Рамазон мебошад, ки баргашта омада, ҳатман хайру худоӣ ва қурбонӣ мекунанд… Ҳоло нархи 1 кг гӯшти гов 90 сомонӣ ва агар лаҳм мехоҳем 100 сомонист. Равғани чорво 40-45 сомонӣ қурб дорад. Ана ёбеду гиред, ки оё ҳамарӯза гӯшт хӯрда метавонем(д)?!

Шаҳодатномаи гов? Аҷиб!

Дар тасаввури ман ҳеҷ намеомад, ки мол ҳам соҳиби шаҳодатнома бошад. Лекин фаҳмидам, ки молҳои хориҷии Шведӣ, вақте вориди кишвар мешаванд, ҳатман соҳиби шаҳодатномаанд. Ва аз рӯйи он муайян мекунанд, ки чорво чандсола аст. Боз молҳои шведии ҳомиладорро то 50- 60 ҳазор сомонӣ нарх мегузоранд, ки гӯё маҳз онҳо ба гаронии нархи моли маҳаллӣ сабабгоранд. Хулоса, аз ин бозор ман ягон чорвои зинда натавонистам харидорӣ намоям. Аммо ба ту хонандаи ҳамешагии газетаи мардумӣ, ваъда медиҳам, ки дар фасли баҳори имсола аз баррачаи гӯсфанд якчанд-то барои нигоҳубин хоҳам харид. Албатта, агар редаксия кӯмак намояд. Мо метавонем!!!

Нуриддин Қосимзода,

аз молбозори Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube