Устод Ҳалим Сангинов, зодаи соли 1952, яке аз чеҳраҳои барҷастаи телевизион ва синамои Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 1974 факултаи режиссураи кино ва театрро дар ДДС Тоҷикистон (ҳозира ДДФСТ) хатм ва солҳои 1974–1975 хидмати ҳарбиро дар Беларус адо кард.
Аз соли 1975 то 1985 ба ҳайси коргардон дар Телевизиони Тоҷикистон кор намуда, баъдан дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода устод шуда фаолият кард.
Таҳияи филмҳои ҳуҷҷатии ӯ, ба мисли “Тоҷикони дунё”, “Гули санг”, “Шумқадам”, асарҳои бахшида ба НБО Роғун – “Биё созем Роғунро” ва “Роғун чист?”, “Роғун чист-2”, дар маҷмӯъ зиёда аз 40 филмномаҳои мавсуф дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофи худро пайдо намудаанд.
Тӯли фаъолияти дарозу пурсамар бо хислатҳои серкорӣ, навҷӯию эҷодгарӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ миёни ҳамкорон эҳтироми хоса пайдо намуда, устоди соҳа, мутахассиси варзида ва чеҳраи шинохта гардидааст.
Дар ин ҷодаи хеле мураккабу нозук Ҳалим Сангинов худро аз шогирдон ва пайравони арбобони барҷастаи ҳунарии кишвар Ҳошим Гадо ва Ато Муҳаммадҷонов медонад. Ҳамчунин, худ низ шогирдони зиёдеро тарбия ва ба камол расонидааст, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он собитқадамона машғули кор ҳастанд.
Ҳалим Сангинов ва эҷодиёти ӯ
Солҳои 2014-2016 дар бораи НБО Роғун 30 филми ҳуҷҷатӣ бо шумули “Биё созем Роғунро”, “Пайкори Роғун”, “Месозамат Роғун”, “Рӯ ба рӯ”, “Асрори лоиҳа”, “Гавҳари меҳр”, “Роғун чист?”-ро таҳия кардааст.
Намоишномаҳое, ки ба килки сеҳровар ва дурбини аккосии заррезаш тааллуқ доранд:
“Тоҷикони дунё”, “Атои саҳна”, “Ғуруб”, “Самаки Айёр”, “Тоҷикистон”, “Рӯ ба хуршед”, “Ширин”, “Гули санг”, “Шумқадам”, “Девори хотира”, “Бузургвор”, “Дарди Ҳошим”, “Армуғони Рухшона”, “Рустам ва Суҳроб”, “Ситораҳои Шарқ”, “Дугонаҳо”, “Чароғаки роҳнамо”, “Наврӯзи аҷам”, “Базми Ҷамшедӣ”, “Салом, фестивал”…
22.04.1988 бо грамотаи фахрии РСС Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, 29.03.1990 Арбоби шоистаи ҳунари РСС Тоҷикистон гардид.
Ҳилола Қодирова
махсус барои СССР
