Ин шиори ҳамешагии мардумӣ буда, ки дар мавридҳои лозима ба кор мебаранд. Бештар рӯҳониён ва мӯйсафедони рӯзгордида. Шояд насли имрӯзӣ комилан надонад, ки ин чи шиор асту аз куҷо омада ва ҳадафаш чист.
Ба аҳли фаҳм маълум аст, ки бунёдгузи ин шиор Хоҷа Баҳовуддини Нақшбандии Бухороист (1318-1389). Ба қавли мардумӣ – Баҳовуддини балогардон. Ӯ як шахсияти маъруфи ирфонӣ, орифи бузург ва асосгузори тариқати “Нақшбандия” буда, ки дар байни сӯфиёни аҳли суннат нуфузи зиёд пайдо кард ва таълимоташро бо “зикри хафӣ” (зикри пинҳонӣ) маъруф сохт. Яъне иборат аз зикрҳои иловагӣ, аммо хомӯшона (бидуни худнамоӣ). Ӯ пайваста таъкид мекардааст:
– Худоро бояд дар хомӯшӣ ва тафаккур ёд кард.
– Ибодат бояд бо сухани паст ва ҳаёти оддии рӯзмара сурат гирад.
Чаро бо лақаби НАҚШБАНД?
Дар анъанаҳои гузаштаи мардуми мо шахсиятҳои маъруфро баъзан аз рӯйи касбу кор ва баъзан аз ҷойи зист лақабҳо мегузоштанд. Тибқи баъзе ривоятҳо Баҳовуддин дар ҷавонӣ бо нақшу нигор, гулкашиҳо ва хаттотиҳои ҳунармандона маъруф будааст, ки ихлосмандону пайравон ин лақабро аввал ба худаш медиҳанд баъдан ба таълимоташ. Аммо дар ирфони суфӣ нақшбанд маънои рамзӣ ҳам дорад, яъне: Нақши Худоро дар дил бастан ё аз ҳар нақши ботил парҳез кардан. Мисоли дигаре оиди лақаб, устоди Баҳовуддинро ном буда Сайид Амири Кулол. Чаро маҳз кулол? Чаро, ки Ӯ кӯлолгар ё кӯзагаре будаву бо ин лақаб шӯҳрате ёфта…
Баъд аз асри XIV дар тамоми мадрасаҳои Хуросони бузург аз таълимоти Баҳовуддини Нақшбанд бештар роҳандозӣ мекарданд, ки намунаҳояш то ҳол пойбарҷост ва тамоми рӯҳониёни ин қаламрав ӯро ҳамчун пири тариқат ё пири рӯҳонии хеш мехонданд, аз ҷумла Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ. Мавлоно ҳангоми таҳсил дар Самарқанд аз номдортарин шогирди ӯ Хоҷа Аҳрориддини Валӣ тамоми нозукиҳои ин таълимотро омӯхта бо ҳам баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ низ мекардаанд. Қиссаҳое ҳам ҳаст, ки Мавлоно ба водии Ҳисор назди Мавлоно Яъқуби Чархӣ (ҳоло оромгоҳи Ҳазрати Мавлоно), ки ӯ ҳам яке аз беҳтарин шогирдони Хоҷа Баҳовуддин буд рафтаву омӯзиш ва сӯҳбатҳои тӯлонӣ низ кардааст…
Меойем сари мақсад ва дар охир намунаи зикрҳои Нақшбандиро ҳам меорем. Моҳи сеюми наворбардории филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” рафта истодааст. Баъд аз наворбардориҳо дар павилонҳои киностудия, Қалъаи Ҳисор, Боғи Ирам, Қалъаи Хуҷанд, соҳили Қайроққум ва даштҳои Исфара ниҳоят омадем ба Бухорои Шариф. Як моҳ боз инҷо наворбардорӣ ҷараён дорад. Дар миёни фосилаҳои озод меравем ба тамошо ё зиёрати азизон. Бо бозандаи нақши Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Қурбон Собир ва чанде аз бачаҳои дигар роҳ гирифтем ба зиёрати Хоҷа Баҳовуддини Нақшбандӣ. Ибтидо аз хокдони Сайид Амир Кулоли Бухороӣ (1298–1370) дидан кардем (болотар исмашро овардем). Яке аз бузургони аҳли тасаввуф ва авлиёи машҳури асри XIV устоди Хоҷа Баҳовуддин. Дар таърихи нақшбандия мақоми ӯ ҳамчун ҳалқаи хело муҳим байни силсилаи авлиё ва Хоҷа дониста мешавад. Баъдан рафтем ба зиёрати модари Баҳовуддин, ки чанд қадам дуртар аз ҳамдигар ҷойгиранд – Бибӣ Орифа. Ниҳоят расидем ба турбати Хоҷа Баҳовуддини Балогардон, ки дар натиҷа як таълимоти иборат аз ёздаҳ шохаеро асос гузоштаву ҳамагӣ иборат буда аз зикр ва роҳи расидан ба Ҳақ.
Ошиқони Нақшбандиро мудом,
Чанд роҳи сидқ мебояд тамом.
– ҲУШ ДАР ДАМ – огаҳӣ дар нафаси субҳу шом…
– НАЗАР БАР ҚАДАМ – бо диққат ҳар қадам дар роҳ мон ва бидон…
– САФАР ДАР ВАТАН – ҷанги нафс асту сафари ихлос…
– ХАЛВАТ ДАР АНҶУМАН – дил ба Ҳақ будан, гарчӣ боши миёни мардум…
– ЁД КАРДАН – зикри Ҳақро дар ҳар нафас бо меҳр анҷом додан…
– БОЗГАШТАН – чун ғофил гаштӣ, боз сӯйи зикр ой…
– НИГОҲ ДОШТАН – ҳолататро бар дилу ёрат нигаҳ дор…
– ЁДДОШТАН – давоми огоҳӣ, шонохт ва огоҳ шудан…
– ВУҚУФИ ЗАМОНӢ – ҳар дам аз худ пурс: чӣ кардам…
– ВУҚУФИ АДАДӢ – зикр бояд бо адад буд, бо назми равшан…
– ВУҚУФИ ҚАЛБӢ – дил ба Ёру даст ба кор…
Ва маъруфтарин зикр ҳам ҳамин буда: Дил ба Ёру даст ба кор, ки 700-сол боз миёни мардум роиҷ аст. Яъне ҳамеша бо ёди Худо будану даст ба корҳои рӯзмарра задан ва бо заҳмату меҳнати арақи ҷабин рӯз гузаронидан, аммо ҳангоми тавоноӣ ба ятимону барҷомондагон кумак кардан ва ин ҳамаро АЗ БАРОИ ХУДО анҷом додан. Дар ҷамъ ҳамаи пешниҳодҳояш оддӣ буда муқобили нафси нохуби инсонист. Аз ин хотир таълимоти НАҚШБАНДИЯ дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Миёна мақоми хеле баланд пайдо намуда ҳамаро ба меҳнату дӯстӣ намудан ва ҳамзамон бо ёди Ҳақ будан роҳнамоӣ мекунад.
Тоҳир Назар
16.10.2025, ш.Бухоро
махсус барои СССР
