03.11.2025. Ҳамин ҳоло хабар расид, ки генерал Зорро, Иззатулло Шарифзода даргузашт. Сабаби марги генералро сактаи қалб гуфтаанд. Иззатулло Шарифзода дар синни 72-солагӣ дар хонааш ҷон ба Ҳаққ таслим карду шабона ҷанозаашро аз Душанбе ба деҳаи Пушинги Данғара бурда, паҳлӯи хешу табор ба хок супурданд. Ҷояш ҷаннат, ки заб марди ҳақпараст ва милисаи қонунпарасте будӣ…
Сактаи қалб №1
06.01.2025. Беморхонаи Ибни Синои пойтахт. Диламро доктори бисёр номиву басо хоксори Тоҷик, Бобоализода Сарҳад ҷарроҳӣ кардаву 3 стент, раги сунъӣ гузошт. Чун маро ба палата оварданд, нафаре омадаву гуфт, бобои Эшон дар паҳлуятон генерал Зорро хоб аст ва садоятонро шунида, Шуморо пешаш металабад…
Рафтам ва Иззатуло Шарифзодаро рӯи кат дидам. Маро дида, ҳадаҳа бархест, дастамро фишурд: заб дастони боқуввате ва шухӣ кардам:
– Генерал думи говро меканед бо ин дастон! Чигуна касалед пас?
Хандиду гуфт:
– Маро аз машқгоҳ оварданд. Сактаи қалб шудааму худам бехабар. 1 стент монданд, вале бояд чанд рӯз бихобам, то маълум шавад, ки сиҳат ёфтаам ё на?
Баъдан, 1 рӯз пас аз ман генералро низ ба хона ҷавоб доданд.
Он рӯз хеле суҳбат кардем ва чун ба дигар генералҳои маъруфу машҳури даврони хеш пешниҳод намудам:
-Генерал Зорро (аз ин ном бисёр табъаш болида мешуд), биёед 1 суҳбат кунем. Ваъда мекунам, кассетаро ба худатон медиҳам. Хоҳед нашр мекунем, нахоҳед дар архиви ҳардумон меистад. Лозим мешавад…
Чун ҳама генералҳои даврони мо гуфт:
-Ҳоло вақташ наомадааст. Мебинам, андеша мекунам, вақташ расид, даъват мекунаму суҳбат меороем…
Ӯ шоҳиди бисёр чизҳое буд, ки ба ҷанги гражданӣ тааллуқ доштанд. Акнун он ҳамаро аз рӯи овозаҳо хоҳанд гуфту навишт…
Чанд боре занг задаву перомуни аҳволи ину он журналист мепурсид ва мегуфт:
-Агар ба ун нафарони зери назар кумаке лозим бошад, ба ман нависанд ё занг зананд, кори аз дастам омадаро мекунам.
Аммо перомуни тақозои касбии ман, ки ҳамоно суҳбат атрофи масоили марбут ба ҷанги гражданӣ буд, ҳарфе намегуфт. Ва ин ҳама асрорро бо худ бурд.
Бо 1 ҳарф мардум аз суҳбат бо журналистоне чун ман наҳаросед. Ман 1 чӣ мехоҳам: соярушанҳои ҷанги гражданӣ фош шаванду муй аз хамир чудо…
Ба қумандону шоҳидони зиндаи ун моҷаро мегӯям:
-Бо журналистон суҳбат кунед. Асрори хешро бо худ набаред. Зеро хоҳед-нахоҳед ин моҷароро садсолаҳо ба баъд ҳатман хоҳанд навишт. Ва он гаҳ дар таърих чуноне мемонед, ки нависандаи ун таърих нигоштааст. Худ, ки зиндаед, ин таърихро бе таҳриф нависед. Мо Метавонем!
…Боре, ки сардори зиндонҳои кишвар буд, муовинаш барои ман 1 нард овард. Чун ба дастам медод, Зорро занг заду гуфт:
-Бобои Эшон медонам, зиёд поквиждон ва «честный» мебошӣ. Зимнан ин нардро бигир. Савганд ба номи Худо инро аз зиндониён бо пул ХАРИДААМ. Бо зӯр наситонидаам. Яъне қиматашро пардохт кардаам ва ин туҳфаи ман аст…
…Ҷои генерал-полковники милиса, Иззатулло Шарифзода, биҳишти барин. Заб марди хубу заминие буд. Аз ӯ метарсиданд. Тамомии олами ҷиноӣ меҳаросид. Зеро милиса буд. Милисаи воқеӣ. Ҷои чунин милисаҳои сахтгир, вале пуштибони қонуну қавоид ҳатман биҳишт аст. Омин!!!
ТАСАЛЛИЯТ
Шӯрои собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷанговарони башардӯсти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андӯҳи зиёд мерасонад, ки марги бармаҳал бегоҳирӯзи 3 ноябри соли 2025, собиқ ҳамкасби мо, генерал-полковник Изатулло Шарифзодаро дар синни 72-солагӣ аз миёни мо бурд.
Ба пайвандону наздикон, дӯстону рафиқон, ҳамкасбону шогирдон изҳори тасаллият баён намуда, ба аҳли хонадонашон сабри ҷамил хоҳонем!
Хизматҳои арзанда ва саҳифаҳои фаъолиятҳои содиқонаи шодравон Иззатулло Шарифзода дар таърихи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд!
Ҷанозаи марҳум, 4 ноябри соли 2025, нисфирӯзӣ, дар зодгоҳаш, деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара хонда шуд.
ҲОЛНОМАИ ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК
Шарифзода Иззатулло (Шарифов Изатулло) 13 сентябри соли 1953 дар деҳаи Пушинг, ноҳияи Данғара, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1960-1970 дар мактаби миёнаи рақами 5-и зодгоҳаш таҳсил намудааст.
Соли 1970 Изатулло барои таҳсил ба шаҳри Душанбе омада, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи энергетикии Институти политехникии Тоҷикистон супорид ва шомили он гашт. Муддати қариб 2 сол дар он ҷо бомуваффақият таҳсил кард.
Аммо тақдир Иззатуллоро ба дигар самт бурд. Соли 1972 хонданро дар Институт қатъ намуда, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, солҳои1972-1977 дар он ҷо таҳсил менамояд.
Солҳои1978-1980 Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе ӯро барои хизмати Модар- Ватан ба сафи аскарӣ даъват намуд. Хизматаш дар шаҳрҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон, ба ҳайси лейтенант сипарӣ гаштааст.
Муддати 6 моҳ дар Маркази таълимӣ дониш андӯхта, баъд дар қисмҳои ҳарбӣ сарбаландона хизмат кард. Ҳатто муддати 5 моҳ вазифаи муфаттиши низомиро дар Додситонии шаҳри Фрунзеи пойтахти РСС Қирғизистон ба уҳда дошт.
Солҳои 1980-1982 ба Вазорати таъминоти иҷтимоии Тоҷикистон ба кор даромад. Чун нозири калони Раёсати нафақаи давлатӣ амал кард. Илму дониш ва ҷаҳонбиниашро дар ин самт бой ва ғанӣ гардонид. Солҳои 1982-1984 касби хешро дигар карду ба Мақомоти корҳои дохилӣ ба кор омад. Тӯли муддати зикргашта Иззатулло Шарифзода ба ҳайси корманди калони қисми оперативии Изолятори тафтишотии рақами 1-и ВКД кор кард. Соли 1984 барои кор ба Раёсати муассисаҳои меҳнатӣ-ислоҳии ВКД омад.
Соли 1985 Раёсати мазкури ВКД Иззатулло Шарифзодаро ба курси 10 моҳаи тарҷумонӣ ба шаҳри Тошканд фиристонид. Мақсади курс омӯхтани забони дарӣ ва алифбои ниёгон буд, ки ба фиристодагони Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷамоҳири Осиёи Миёна пешбинӣ мешуд. Баъди хатми омӯзиш ба Тоҷикистон баргашт ва муддате дар Колонаи ислоҳотӣ- меҳнатии рақами 7-и ВКД ифои вазифа намуд. Сипас ба даъвати ВКД-и Тоҷикистон барои хизмат ба Афғонистон фиристода шуд. Намояндагии ВКД-и собиқ СССР ӯро барои кор ба яке аз марказҳои муҳими самти Шимоли кишвар, ба вилояти Балх фиристод. Муддати 2 сол хизмат кард. Тарафҳои Шӯравию афғон заҳматҳои ӯро бо нишонҳои сарисинагии «Барои шуҷоати ҷангӣ», «Барои шуҷоат», «Аз мардуми сипоспузори афғон», «Грамотаи Президиуми Шурои Олии СССР», «Сарбози башардӯст», Ифтихорномаҳои ВКД, РКД ва мукофотҳои хотиравӣ қадр намудаанд.
Солҳои 1988-1992 боз ба Раёсати муассисаҳои ислоҳотӣ- меҳнатии ВКД баргашта, дар вазифаҳои корманди калони фаврӣ, Сардори Шуъбаи Изолятсияи тафтишотӣ ва маҳбасҳои ВКД кор кард.
Дар давраи оғози бесарусомониҳо дар пойтахти кишвар маъмурини Раёсати корҳои ислоҳии ВКД Изатулло Шарифзодаро ба вазифаи Сардори Колонияи ислоҳотӣ – меҳнатии рақами 1-и Раёсати мазкури ВКД таъин кард, ки аз соли 1992 то соли 1996 дар он ҷо ифои вазифа намуд. Солҳои1996-1997 роҳбарияти ВКД Тоҷикистон полковники хидмати дохилӣ Изатулло Шарифзодаро ба вазифаи Сардори Раёсати корҳои ислоҳии ВКД таъин намуд.
Аз моҳи ноябри соли 1997 Изатулло Шарифзода сарварии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанберо бар уҳда дошт. Фаъолияти ӯ дар ин ҷода ба даврае рост омад, ки вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ opoм гашт, вале барои мустаҳкам намудани адлу қонун ва тартиботи ҷамъиятии пойтахти кишвар корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим буд. Иззатулло Шарифзода соли 2005 муддате дар вазифаи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Сипас, соли 2006 ба вазифаи муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2018 дар ин вазифа фаъолият бурд.
ВКД ҶТ Иззатулло Шарифзодаро ба хотири кори хубаш бо 3 медали «Барои хизмати шоиста дар сафи Мақомоти корҳои дохилӣ» дараҷаи1, 2 ва 3, нишонҳои ифтихории «Аълочии милитсия», «Барои хизмати аъло дар ВКД» ва «Ифтихорнома»-и Раиси ҷумҳур сарфароз гардонидааст.
Таснифи С. Мизроб,
СССР
