27.10.2025. Соат ба вақти Бохтар 10:44 дақиқа. Сол то сол эҳсос мешавад, ки сар аз маркази вилоят то ба ҷамоату шаҳрҳо корҳои созандагӣ ҷараёни тоза касб мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияҳои дурдаст низ ҳамин иқдом нумӯи тоза гирифта, вусъати корҳои ободонӣ пиёда мегардад. Ҳоло дар сафари навбатӣ аз рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва маҳалии ноҳияи Қубодиён бароят хоҳем гуфт, хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР. Чун ба ноҳия наздик омадем, эҳсос шуд, ки раванди ободонӣ дар ин минтақаи аграрии кишвар пешрафтааст. Зеро муддате, ки инҷо набудем дигаргуниҳое ба вуқуъ омадаанд, ки ҳайратамонро овард.
Ноҳияи Қубодиён аз зумраи он минтақаҳои зебо ва таърихии кишвар ба шумор меравад, ки солҳои охир бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, симои тоза касб карда, ба 1 гӯшаи ободу пешрафта табдил ёфтааст. Дар ҳар кӯчаи ноҳия имрӯз ҷараёни созандагиву бунёдкорӣ равшан эҳсос мешавад. Ҳукумати ноҳия дар асоси нақшаи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии соли равон тамоми қувваро ба ҳадафи баланд — беҳсозии сатҳи зиндагии мардум ва рушди инфрасохтор равона кардааст. Тибқи нақшаи дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳаҷми умумии маҳсулот 4700 тонна пешбинӣ шуда буд, ки иҷроиши он ба 4730 тонна ё 100,4 фоиз баробар гардид. Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки деҳқонону хоҷагидорони заҳматкаши ноҳия бо садоқат ба замин ва меҳнати ҳалол саҳми босазо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат доранд.
55 км роҳ асфалтпӯш шуд
Дар самти беҳсозии роҳҳо низ корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 55 километр роҳҳои дохилӣ асфалтпӯш гардиданд. Айни замон лоиҳаҳои нав барои таъмиру бозсозии роҳҳои дигари аҳамияти маҳаллидошта таҳия шуда, иҷрои онҳо дар назар аст.
-Таъмири асосии роҳи аҳамияти минтақавидошта, иваз намудани аломатҳои роҳ ва насби чароғҳои роҳнамои нав низ ба нақша гирифта шуда, 1 қисмаш аллакай иҷро шудааст, гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР раиси ноҳия Мирзодавлат Сабурзода.
Соли ҷашн — соли сохтмон
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қубодиён корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо шиддат идома доранд. Бахши меъморӣ ва сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 171 иншооти ҷашниро ба нақша гирифтааст. То ба имрӯз 140 адади онҳо ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар боқимонда бо маром идома доранд.
Дар ҷамоати шаҳрак 28 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора 25 иншоот пурра анҷом ёфтааст. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав низ аз 26 иншооти банақшагирифташуда 24 адад мавриди истифода қарор гирифта, боқимонда таҳти назорати доимии масъулон қарор дорад. Иншоотҳои мазкур мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ, хонаҳои фарҳанг, майдончаҳои варзишӣ ва коргоҳҳои истеҳсолиро дар бар мегиранд, ки ҳамаашон барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон нигаронида шудаанд.
Ҳамкорӣ бо соҳибкорон — калиди рушд
Яке аз омилҳои асосии пешрафти ноҳия дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мебошад. Соҳибкорон дар паҳлуи мақомоти иҷроия истода, дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз бо ҳамкории онҳо сохтмони роҳҳо, таъмири муассисаҳои таълимӣ, бозсозии биноҳои маъмурӣ ва парки фарҳангӣ амалӣ гардидааст. Дар ҳар баромадашон Пешвои муаззами миллат аз саҳми соҳибкорони ватанӣ бо ифтихор ёдовар шуда, қайд медоранд, ки дар баробари давлату ҳукумат соҳибкорон низ қувваи бузурге ҳастанд, ки ободии миллату давлатро асоси пешравӣ меҳисобанд.
Дар ноҳияи мазкур низ соҳибкорон дар пайи беҳтарсозии зиндагии мардум ва таъмин намудани ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ, ҳамзамон бунёди биноҳо гуногуни маданиву маишӣ камар бастаанд. Бояд гуфт, ки дар ноҳия ин гуна соҳибкорони бонангу номус зиёд буда, мақсади онҳо муаррифӣ намудани 1 ноҳияи наздисарҳадӣ ҳамчун ноҳияи ободу зебо мебошад мегӯянд, масъулини ноҳия.
Бахши занон ва ҷавонон низ дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҷавонони ноҳия дар даъвати ҳарбӣ фаъол буда, нақшаи даъват сари вақт иҷро мегардад.
Симои нав — умеди нав
Имрӯз Қубодиён ба 1 майдони васеи сохтмон ва эҳё табдил ёфтааст. Дар муддати муайян дар гӯшае аз он лентаи ифтитоҳи мактаб, муассисаи нав ё роҳи нав бурида мешавад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки сиёсати давлат дар самти рушди деҳот, дастгирии соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум самари воқеӣ дода истодааст, ки ҳамаи инро натиҷаи Истиқлолияти комили давлатӣ метавон унвон кард. Ҳар як сокини ин диёри аҷдодӣ ифтихор аз гузаштаи бою таърихии худ дорад. Зеро Қубодиён имрӯз симову нумӯи худро зери парчами Ваҳдат муҷалло менамояд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки Қубодиён имрӯз аз 1 ноҳияи оддӣ ба 1 маркази зебо, озода ва обод табдил ёфтааст. Мардум бо рӯҳияи баланди меҳнатдӯстӣ, садоқат ба Ватан ва эътимод ба фардои дурахшон барои татбиқи нақшаҳои нав қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҳамаи ин дастовардҳо гувоҳи равшани онанд, ки зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ва бо заҳмати аҳли заҳмати ноҳия, Қубодиён ба сӯи ободиву пешрафт қадамҳои устувор мегузорад. Имрӯз ҳар як гӯшаи он нишони заҳмати мардум ва рамзи Ватандӯстии ҳақиқӣ аст. Бардошт аз сафари хотирмонро бо 1 ҷумла метавон маънидод кард:
Қубодиён – рамзи заҳмат, ободӣ ва умеди нав!
Нуриддин Қосимзода,
СССР
Қубодиён – Бохтар
