Модарам, Худо раҳматаш кунад, доиман 1 масалро бар мо-писаронаш, ки дар оянда мард бояд мешудем, таъкидан такрор мекард:
-Мард ҳарчихӯр шуд-зан ҳарчипаз мешавад!
Бузургтар шудаву ба умқи ин ҳикмат даррасидам. Занро низ мард зан мекунад, нокасу нопокзода низ мекунад мард!
Имрӯз ҷамъияти мо номард гаштан дорад. Наранҷед. Дар ин миён ман низ ҳастам. Зеро мо-мардон зимоми иффати бонуи тоҷикро раҳо кардаем. Дигар барои мо фарқе надорад, ки занаки ҳамсояамон фоҳиша аст, маҳбасист, зиндонист, наркокурйер аст, тарёкист, майзада аст, шабгард аст, простит(е)утка аст ва ғ. ва ҳ. Ин чист, ки бархе «мардакон» дар ин «кори хайр» ҳамдастони чунин бонувон мебошанд.
15.10.2025. Хабаре маро такон дод, ки Раёсати корҳои дохилаи ш. Душанбе, зани аптекачиеро ҷарима баст, ки бо фурӯши дорувори мадҳушкунандаи «Прегабалин» ё худ «Лирика» дар дорухонаи «Бону», аптекаи махсусгардонидашуда барои занони тоҷик, банд будааст. Ин занро бо 141 дона ҳабби сахттаъсири «Прегабалин» ё ҳамоно «Лирика» боздошт карда, 3750 сомонӣ ҷарима бастанд (ниг. ба акс аз саҳифаи vkd.tj).
Stop! Марде агар бо чунин теъдод дорувори мадҳушкунанда дастгир шуд, чанд сол зиндонӣ мешавад! Пас, чаро нафареро, ки дар аптека ин доруворро мефурӯхт, танҳо ҷарима мекунанд? Шояд барои он, ки зан-модар аст? Вале оё ҳар модар ва зан қобили бахшишанд? Агар ин зан аст, пас мизоҷонаш низ занонанд ва акнун тасаввур кунед, чанд нафарро ин махлуқ муътоди «Лирика» кардааст. Фахриддини Гургонист, ки мегӯяд:
На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар бех мева орад,ҳар найе қанд!!!
Воқеан ҳам бори дигар сипосу дуруд бар генерал-майори милиса Шоҳрух Саидзода, ки бо сари кор омаданаш дар РКВД пойтахт, низому қонун фарогир ҳукмрон мегардад. Маҳз Шоҳрух ингуна «доруфурӯшон»-ро боздошт мекунад. Зимнан аксарият медонад, ки «Лирика» усулан дар аптекаҳо фурӯхта мешаванд. Вале барои сари аждаҳоро буридан, бояд ширкатҳои доруфурӯшии трансмиллӣ ҷарима гарданд. Зеро ин ҳабу доруро маҳз онҳо меоранд!
Сари чашма бояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд нашояд гузаштан ба пил!
Гуфта мешавад, ин миқдор «Прегабалин», ки вориди кишвар мешавад, мо ин қадар касалӣ надорем, ки ба он муҳтоҷанд. Доруи фавқ барои табобати Эпилепсия ё худ Шайтонламиш дар ҳолати ниҳоят сангин корбаст мешавад. Худоро шукр, мо ин миқдор шайтонламиш надорем. Пас дар Гумрук, ё сохторҳои масъули воридоти дору намедонанд, ки воридоти миқдори бузурги “Лирика” барои дигар чист? Мутаассуфам, ки аптекаҳо ва доруфурӯшон имрӯз ҷои қочоқчиёни маводи мухаддираро гирифтан доранд. Ҳарчанд аптекачӣ низ дар баробари дигар духтурон “Савганди Гиппократ” хӯрдааст. Пас инҳо на танҳо ҷинояткор, ки савгандзада низ мебошанд, ки обрӯи тибби тоҷикро мерезанд. Зимнан, мубориза бо онҳо бояд сахттар аз ҳарб бо қочоқи героину бангу афюну кокоин шавад. На каму на беш!
Мо сароғоз, чанд сол пеш, Чилим, ҳамоно Калянро иҷозат додем, ки озодона дар кишвари мо дар сайру гашт бошад. Зани тоҷик чилимкаш шуд. Баҳона меовардем, мо – мардон, ки о, дар кишварҳои мусалмонӣ, қалён мезананд ку? Ва бонуе, ки дар 70 соли шуравӣ боре сигор ба лаб набурда буд, дар ҳузури мо – мардон чилимкаш гардид. Ба оҳистагӣ, вале пайваста, қадам бар қадам, мо – мардон бонувони худро бангӣ кардем. Имрӯз дар дилхоҳ тарабхонаи ба ном “Шоколадница” занони тоҷик, ки ҳатто забон намегардад, ин тоифаро “бону” хонам, фавҷ-фавҷ нишаста, қалён мезананд. Мегӯед, чилим муътод намекунад? Пас, 1 суол ба ин занакҳои калянкаш дорам, ки даст рӯи қалб гузошта гӯянд, ки 2 шаб бе калян тоқат карда метавонанд? Албатта, ки неъ! Пас, ин муътодӣ нест, чист?
Гуфти бобои Ғулом “дальше-больше” шуд: зане, ки қалён мезад, дигар кайфияташро ин намуди айш намебардошт ва рӯ овард, ба задани маводи психотропии дигар ва баъдан, ки организм мутобиқ шуд (дилхоҳ бадан, ҳамоно организм, ба дилхоҳ нашъаву бангу заҳр омухта мешавад), рӯ овард ба Лирикаву физикаву химия. Оре, доруи Прегабалин – Лирика маводи психотропикии кимиёвии сунъист.
Ба худат раҳм надорӣ, эй зан, ба насле, ки бояд аз ту ба вуҷуд ояд (кош бенасл мешудӣ!) шафқат надорӣ, ки онҳоро низ муътоду касалманд мекунӣ? Медонам, ки ба сахтгӯӣ муттаҳамам мекунӣ, хонанда, вале магар меарзад, чунин занонро, ки довталабона бангиву ҳангӣ шудаанд, МОДАР хонд?
Модар ҳамон очаҷонҳоеанд, ки барои фарзанди худ ҷони хешро дареғ намедоранд. Вале бангӣ, ки зан ҳам бошад, набояд ин унвонро сазовор гардад. Мо Метавонем!
Зимнан ҳар марде, ки барои айши дурӯза, бо фоҳишае бангу лирикаву чилиму калян мезанад, бояд пухта донад, ки дар бероҳагии бонувони тоҷик замина мегузорад ва чархи гардон рӯзе зану духтари ӯро низ муътоду бангиву ҳангиву чилимкашу лирикахӯр месозад. Ман нагуфтаам, ки:
Калтаки Худо садо надорад,
Баъд аз заданаш даво надорад!
Дар бораи шаробнӯшишон гап нест. Зеро ин дигар ҷои пӯшиш ҳам несту нангу ор низ. Хабарҳои ВКД гувоҳ аз онанд, ки бонувони мо ҳатто дар ҳолати мастӣ сари чамбарак-рул нишаста, пиёдагардонро зер ҳам мекунанд.
20.10.2025. N.N. ба ном 1 “зани тоҷик” чанд нафарро зер карда, таки чархи мошинаш кушт! Куҷост иффати бонувона? Такпурсӣ кунем, шояд ин мошинро ба ӯ кадом марде харида “падарка” кардааст…
Дар даврони шуравӣ, ки мулки бехудоӣ гуфта, сангаш мезанем, арақхӯрии зани Тоҷик чӣ, ки бонувони мо сари рул нишастанро ор медонистанд. Зеро “тормози ҷамъиятӣ” доштанд, ки аз ҳар амали ношоист ист мефармудашон. Дар водии Кӯлоб, ки шахсан ман ба воя расидаам, танҳо 1 зан бо тахаллуси “Розия – сухтук” таксӣ мезаду бас. Дигар ЯГОН зан мошин намеронд. Зеро ин кори мардон будӣ. Агар ба мӯсафеду кампиракони он даврон мегуфтанд, ки рӯзе мерасаду зани тоҷик масту аласт, зери таъсири вискиву арақу бангу Лирика сари рул нишаста, мардонро зер мекунад, Бобои Носу Мавлону Бобои Эшону Ғулом мегуфтанд “рӯт лахча!”.
Имрӯз бо рӯи барф барин сапеду ях ворӣ хунук мебинем, ки сафи чунин занон дар ҳоли рушд аст. Тақлид бар кӣ мекунем? Бар киносериалҳои туркиву амрикоиву аврупоиву урусӣ…
Дар ҳамин маврид, ки матлаб омода мешуд, боз 1 хабари дигар расид, ки Н.Н. “тоже зани Тоҷик” хонаашро бордел, фоҳишахона кардааст (ниг.ба акс). Э войи мо!!!
Шояд нафаре пайдо шаваду гӯяд, ки “аз ночорист, бечора маҷбур шудааст”… Занҳои Тоҷик дар даврони саъбтарини инқилоби октябрӣ 1920-37 ва гушнагии гӯшношуниди ҶБВ, дар солҳои 1941-45 на тан фурӯхтанд, на Лирика, на калян заданду на арақ нӯшиданд ва виждону эмону иффати худро ҳифз карданд! Пас дар ин даврони тинҷиву оромиш, сериву пурӣ, кӣ ва ё чӣ онҳоро “маҷбур” мекунад, ки ба ин роҳ раванд? Ба пиндори сирф фардии ман беномусӣ! Беномусии мо – мардон, ки аз ин ҳама чашм мепӯшем. Охир ин занакҳои бангиву ҳангӣ аз осмон наборидаанд. Онҳо падару бародару тағову амак доранд…
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст!
