Ин акси Сафармад Одинаев аст. Ӯ 1 рӮз 1 қисса кард: – Соли 1992. Ҷанг дар авҷ. Кучаҳо пур аз мурдаву захмӣ. Нақлиёт нест. Ба умеди ягон троллейбуси шабгард меистодам, ки аз торикии шаб мошине пур аз силоҳбадаст пайдо шуд. Рафта 200 метр дуртар қарор гирифт, гашта омаду гуфт:
– Командир бишин!
Шиштам, ҳарчанд талхакаф будам. Каме рафтему ронанда, ки маълум қумандони инҳо будӣ, пурсид:
– Маро шинохтӣ, акай Сафармад?
Гуфтам не, ки гуфт:
– 3 сол пеш маро қапида суд карда будӣ…
Талхакаф будаму аз тарс шокӣ шудам, ки дақиқан маро мепарронанд. Вале ӯ ҷои даркориам маро фароварда, бо табассум гуфт:
– Акай Сафармад! Медонӣ чаро туро кордор нашудам? Барои он ки «честный милиса» будӣ ва маро барои гуноҳам суд кардӣ, назадӣ, накуфтӣ, азоб надодӣ, дурӯғ нанавиштӣ дар делам…
Ва газ дода рафт…
…Муҳтарам милисаҳо! Ин достони ростон барои шумост. Тавре кору фаъолият кунед, ки ҳатто афроди зиндонӣ гардида низ шуморо ҳурмату иззат гузоранд ва агар мабодо дар чунин вазъият афтидед, ҷонатонро харанд.
Ҳар милисае, ки чун полковник Сафармад Одинаев хизмат мекунаду дар ин достон худро дидааст, Рӯзи Милиса бар ӯ мабрук. Мо Метавонем!
Сайф Достиев
