Салом Падарон, Модарон, бародарону хоҳаронам! Ба шумо ман Фурӯғ менависам, бовар дорам маро шинохтед. Фурӯғе, ки муроҷиаташро шунидед, ташаккур, ки бетараф набудед. Бисёре аз шумо то саҳар бароям ашк рехтед, аз Парвардигорамон бароям шифои оҷилу комил талабидед. Сипосгузорам аз ҳар яки шумо…
Мехоҳам миннатдории хешро ба газетаи мардумӣ ва дустдоштаниамон СССР расонам, ки муроҷиатномаамро чоп ва кумаки пулӣ низ карда буданд, ҳазорон сипос! Чуноне, ки медонед барои табобати ман дар хориҷ аз кишвар маблағи зиёд лозим аст. Ва то ба имруз 140 000 сомонӣ маблағ чамъ шудааст ва умедворам маро то ба охир дастгиру мададгор мемонед. Бояд бигуям, ки аз ин маблағ 47000-ро сарояндаи ҷавону овозадори мо Зулайхо Маҳмадшоева гузаронидаст, ки бори дигар салому сипосаш мегӯям. Ҳазорон раҳмат апай Зулайхо!!!
Муддатест, ман дар Маҷмааи табобатии Истиқлол бистариям ва то ба имрӯз дар он ҷо дар маркази барқарорсозӣ (реабилитатционый центр) табобат мегирам. Мехоҳам ба тамоми кормандони ин даргоҳ бо самимият, ихлосу эътиқоди бениҳоят сипос бигуям. Муҳаббату меҳрубонӣ, муоширату касбияти баланди онҳо маро дубора ба зиндагӣ дилгарм сохт. Директори маҷмаа Хуршед Рустамзода бо муовинонаш ба дидорбинии ман меомаданд. Намедонам бо кадом забон аз муносибати бародаронаи мудири шуъбаи асаби корпуси 5А акои Умед Сайдамиров ва тамоми командааш нависам. Натанҳо ман, балки тамоми беморонро мисли падару модар, хоҳару бародари хеш дониста, содиқона аз рӯйи виҷдон муносибат мекунанд, ки тули наздик ба 5 соли бемориям ман чунин муносибатро на дар дохил ва на дар хориҷи кишвар надида будам.
Бунафша Абдуллозода (реабилетолог) “мушкилнописанд” аст. Ӯ бисёр меҳрубону сахтгир ва ба кори хеш ҷиддист. Ҳар 1 машғулиятро бо апаи Бунафша пазмон мешавам… Мехоҳам ба воситаи газетаи дустдоштаам СССР, ки сармуҳаррираш журналисти шинохтаи Меҳан Сайёфи Мизроб ҳастанду худ ба дидорбиниам омада буданд, ба якояки ШУМО ташаккур бигӯям. Талоши дастаҷамъии якояки шумо азизон, ки маро кумаки пуливу молӣ, лафзониву равонӣ ва шифоӣ мекунед, ба ман умед мебахшад. Миллати Тоҷик воқеан ҳам дилсӯзи ҳаммеҳану ҳамзабон аст. Худо якояки шуморо хушбахт кунад. Мо Метавонем!
Бо салому эҳтиром
Ализода Фурӯғи ҳамаи шумо.
