“Хатлон инвест-2025” – қадаме сӯи рушди устувор

11.11.2025. Соат ба вақти Бохтар 09:00 дақиқа. Дар шаҳри Бохтар, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон маҳсуб меёбад, Форуми байналмиллалӣ ба кори худ оғоз кард. Сараввал меҳмононро, ки аз давлатҳои хориҷа ташриф оварда буданд, бо расму оини тоҷикона пешвоз гирифтанд. Намояндагии рӯзномаи мардумии СССР ҳам, ки   дар чорабинии сатҳи баланди даъватӣ буд аз дидаҳо баҳрат хоҳад гуфт, хонандаи азиз. Мо метавонем!

Хатлон — маркази нави иқтисодӣ дар ОМ

Шаҳри Бохтар мизбони яке аз чорабиниҳои муҳимтарини иқтисодии кишвар – Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” гардид. Ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси мақомоти давлатии ҷумҳурӣ ва шарикони рушди байналмилалӣ баргузор шуд, садҳо соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони ватаниву хориҷиро сари 1 миз ҷамъ овард. Форум бо ҳадафи муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, ҷалби технологияҳои нав ва рушди кластерҳои истеҳсоливу саноатии вилояти Хатлон ташкил гардида, ба сифати 1 платформаи воқеии ҳамкории иқтисодӣ хизмат кард.

Шарикии давлату бахши хусусӣ

Дар бахши аввали форум, ки таҳти унвони «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо» баргузор шуд, намояндагони баландмақоми давлат ва созмонҳои байналмилалӣ баромад карданд. Хуршедаи Қодир — муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар бораи ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки вилояти Хатлон бо иқлими мусоид ва заминҳои ҳосилхезаш метавонад ба яке аз марказҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, имкониятҳои сармоягузорӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва нақши рақамикунонӣ дар рушди инфрасохторро шарҳ дод. Ҳамзамон намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон оид ба лоиҳаҳои амалкунандаи ин бонк сухан ронда, ба зарурати дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ таваҷҷӯҳ намуд.

“Made in Khatlon”

Панели дуюм таҳти унвони «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» доир гардид. Дар ин бахш намояндагони агентиву вазоратҳои марбута перомуни таъсиси хизматрасониҳои рақамӣ, содагардонии равандҳои давлатӣ, бренди “Made in Khatlon” ва роҳандозии низоми пардохти ғайринақдӣ дар шаҳри Бохтар пешниҳодҳои муфассал карданд. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки рақамикунонӣ дар вилоят на танҳо шаффофиятро зиёд мекунад, балки ба соҳибкорон шароити зуд, осон ва замонавии фаъолияти иқтисодиро фароҳам меорад.

Аз замин то бозор

Панели сеюм, ки ба соҳаи аграрӣ ва содирот бахшида шуд, бо мавзуъи «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ» ҷараён гирифт. Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзӣ, оид ба ташкили кластерҳои агроиндустриалӣ, коркарди маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди корхонаҳои бастубандӣ дар вилояти Хатлон суханронӣ намуд. Абдуғаффор Ҷамолзода, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба иқтидори содиротии мамлакат, имкониятҳои содиротии Тоҷикистонро шарҳ дода, таъкид кард, ки бо беҳтар шудани инфрасохтор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, маҳсулоти ватанӣ метавонад ба бозорҳои нав роҳ ёбад.

Ҳамчунин, Заррина Абдумаинзода муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, дар бораи нақши Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳибкории занон маълумоти муфассал пешниҳод кард. Дар идома, роҳбари Фонди “Соҳибкорӣ ва рушд” таҷрибаи дастгирии соҳибкоронро шарҳ дод.

B2B

Пас аз анҷоми панелҳо, вохӯриҳои формати B2B байни соҳибкорони ватаниву хориҷӣ баргузор шуд. Ин муҳокимарониҳо имконият доданд, ки лоиҳаҳои муштарак, нақшаҳои сармоягузорӣ ва роҳҳои ҳамкории нав баррасӣ гарданд. Дар натиҷаи ин мулоқот наздик ба 30 ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки арзиши умумии онҳо тибқи арзёбии пешакӣ зиёда аз 900 миллион сомонӣ мебошад. Ин рақам шаҳодат медиҳад, ки вилояти Хатлон ба яке аз минтақаҳои ҷолиби сармоягузорӣ табдил ёфта истодааст.

Фестивали анор

12 ноябр, иштирокчиён аз Фестивали анор дар шаҳри Норак — яке аз рамзҳои асосии Ҳатлон — дидан карданд. Ин иқдом на танҳо имкониятҳои туризмро нишон медиҳад, балки ба маҳсулоти ватанӣ арзиши бештар мебахшад. Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест-2025» нишон дод, ки вилоят дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ буда, бо ҷалби сармоя ва истифодаи имкониятҳои дохилӣ метавонад ба маркази ҷадиди саноативу аграрии кишвар табдил ёбад. Имзои қариб 30 ёддошти тафоҳум, ҷалби садҳо сармоягузор ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, қадами муҳим дар роҳи рушди устувор ва дарозмуддати вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Хулосаи диду шунуфти банда аз ин форуми сатҳи баланд ин шуд, ки дар ояндаи наздик Хатлонро метавон чун минтақаи агросаноатии бузург дид. Мо Метавонем!

Н. Қосимзода,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube