Ҳама ба ҷанг, бар зидди антифарҳангистон!!!

Хонандаи азизу муҳтарам!!! Аз хурд то бузург, аз сағир то кабир, умуман ба ҳама ҷамъияти кишвари зебоманзари Тоҷикистони азизамон гуфтанӣ ҳастем, ки ба ягон шахсияти муҳтарам ҳаргиз коре, назаре надорем. Ҳар нафари расмӣ, ё ғайрирасмие, ки дар саҳифаи СССР мисол меорем, аз шумори он шахсоне ҳастанд, ки пеши мардум, яъне “публично” баромад кардаанд, ё мекунанд. Низ онро ишора дорем, ки баъди баромади онҳо дар расонаҳои хабарӣ, ҳар яки мо назари худро метавонем навишт, ё гуфт, ки ман, ту вай, мо, шумо ва онҳо дар гуфту кори онҳо мувофиқ ҳастем, ё не. Яъне мо ғарази шахсӣ ба касе надорем ва дошта ҳам наметавонем. Вале мо дарди дили патриоту меҳандӯстони асилро гуфтан дорем:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор!!!

АнтиФарҳагистони №1

Боз ҳам нақши қолини “Кир Великий”-и аз тарафи Сафорати Москва бофтаро назар мекунем. Ҳоло пажуҳиши хабарнигории СССР дар ин бора идома дорад. Баъди ба анҷом расидан, ФИО-и гуруҳи эҷодкорон, аниқтараш “ворисони “Кир Великий” дар Москавро барои хулосабарорӣ пешниҳод хоҳем кард. Ин қолини “таърихӣ” дар як замони кутоҳ дар чандин ВАО- ҷаҳон бо тантана пахш карда шуд. Боварӣ дорем, ки чунин хабар ба ҳама вазиру кабиру сағир расида бошад.

 АнтиФарҳангистони №2

Дар шамораҳои гузашта, на академикҳову докторону номзади илму ғайраву ҳоказоҳо не, 1 марди донишманд, муҳтарам Абдулло Муҳаммади Чархӣ китоби “Шоҳнома”-и ба мардум тақдимкардаи Президенти кишварро кушода, байт ба байт муқоиса карда, хондааст. Пажуҳиш карда, мебинад, ки дар матни китоби нав, нисбати китобҳои пешин наздики 7 ҳазор байт, тахмин 10%-и Шоҳнома нест. Мо Тоҷиконро аз рӯи матни “Авесто”, “Курушнома”-Куруши Бузург, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Конститутсия”-и бузургвор Нусратуллои Махсум ва “Сарқонун”-и тозаэҷоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф карда, мешиносанд, ки яке аз дигаре волотар буда, хусусияти тақдирсозӣ доранд. Нигаред ба китоби “Шоҳнома”-и Ғиёсиддини Бойсунғурӣ дар ин акс (1397-1433). Чӣ қадар шоҳкорӣ, зебоӣ, дастнависӣ, бузургтарин нигориш, наздики 258 (миниатюра)-и ҳодисаи қаҳрамони достонҳоро мебинед, ки ҳоло 1 варақи аз ин китобро дар ҷаҳон бо 10-ҳо миллион доллар қадрдонӣ доранд.

АнтиФарҳангистони №3

Яке аз хатарноктарин антифарҳангистони замони нав гуруҳи калони варзишкорон ва мураббиёни онҳо ҳастанд, ки дар фазои хабарӣ барои ҳақораткории ҳариф мухлиси зиёд пайдо кардаанд. Низ бояд гуфт, ки ин дарси бесаводӣ аз муррабиёни онҳо сар шуда, ба ёдгор мондааст. Ягон бор ҳини машқ дар толор бошед, мебинед, ки ин мураббиён бузургтарин ҳақораткоранд, ки аз варзишкори тарбия кардаи ӯ чӣ гила??? Дар бораи аз ҳад зиёд бесавод будан, ноэҳтиромӣ ба ҳарифу ҳақораткунии мухлис аз тарафи варзишкори тоҷик дар минбари мусобиқаҳои дохиливу ҷаҳонӣ, мақолаи хеле ҷолиби алоҳида дорем. Гуфтан кофист, ки ягон мураббӣ ва футболбози Тоҷик дар эфири ТВ Футбол ва ТВ Варзиш тоҷикӣ гап намезанад!!!

 Чӣ бояд кард?

 Агар мо Тоҷикон ҳимояи бузургони гузаштаро накунем, аз Эрону Афғонистону Покистону аз мардуми порситаборони Ҳиндустон ҳеҷ умеде нест.  Аз вазирони вазорати дахлдор хоҳиш карда мешавад, ки ба ВАО назар карда, пеши фаъолияти чунин корманди давлатӣ, варзишкору ҳақоратнигорро бигиранд. Бигузор замоне аз паи омӯзиши забони модарӣ ва одоби инсонӣ шаванд. Ҳар сол 1, ё 2 бор мисли давлати Россия санҷиши навиштани матн (диктант) гузаронида, сатҳи дониши эшон баҳо дода шавад. Мо барои чӣ намекунем? 

Якеро ба бистар, якеро ба ҷанг,

Якера ба ному якеро ба нанг.

Фирдавсӣ

 Шамсиддини Муқим,

СССР, Москва.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube