Қишлоқаки ман бӯи чапотӣ дорад,
Ширинии ширинии тутӣ дорад.
Аз чӯби дарахти бед дар ҳар хона,
Гавҳораи сабзи малакутӣ дорад.
(Бозор Собир)
Урбанизатсия-шаҳрнишиншавӣ чандин кишварҳоро барҳам зад. Афғонистон намунаи барҷастаи ин моҷарост. Мутаассуф, ин протсес дар Тоҷикистон низ ба назар мерасад, ки бояд оҷилан садгирӣ шавад. Идеологҳои шуравӣ беақл набуданд, ки ҳадаф мегузоштанд, то «фарқ байни шаҳру деҳа намонад». Бо сохтмони чанд бинои зебо проблема ҳал намешавад; бояд ҷойҳои кории саноатӣ офарид дар музофот…
15.11.2025. Соат ба вақти Душанбе 14:40 дақиқа. Аз Порки мавсум бар номи Горкий, ки ҳоло боғи Яккачинор унвон дорад, убур мекардам, ки 3 кӯдак аз наздам гузаштаву бо баҳсашон маро бар худ кашиданд. Онҳо касеро дашном дода, мегуфтанд:
– Э, моне, вай 1 қишлоқӣ!!!
Ин замон тоблуву эълонҳои ба ном шаҳриён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотирам расид, ки пайваста менависанд:
-Қишлоқиҳо омада шаҳрро вайрон кардаанд. Қишлоқиҳо дар кӯча ахлот мепартоянд. Қишлоқиҳо маданият надоранд…
Стоп! Қишлоқӣ кист? Ман. Ту. Вай. Шумо. Мо. Онҳо…
Кӣ душанбегии асил аст? Нест! Зеро Душанберо дар маҳдудаи 1 БОЗОР сохтаанд!!!
Маро ин иддаои «қишлоқӣ» дар шаҳри Кӯлоби 2700-сола ҳамеша азият медод, ки афроди бефарҳангро қиш, қишлоқӣ, деҳотӣ мегуфтанд. Ин иддао дар Хуҷанду Панҷакенту Истаравшан, ки шаҳрҳои қадима мисли Кӯлобанд, садо медод. Вале аз барои савоб, қишлоқӣ дар Душанбе, маъзарат, корбасти дуруст надорад! Чунки Душанбе мисли Амрико қишлоқӣ-«пришельцы» надорад. Зеро Амрико то омадани Колумб Христофор соҳиби аслӣ надошт, вале агар будӣ, ҳамин қишлоқиҳои «абориген», «туземцы» будандӣ. Пас «Душанбегӣ» кист?
Касе агар намедонад ман факт меорам, ки Душанбе чигуна ШАҲР буду чигуна мардум дар он ба сар мебурданд:
Инфо барои андеша:
-Душанбе (форсӣ: دوشنبه; шаҳр аз соли 1925, то соли 1929 — Дюшамбе, солҳои 1929—1961 — Сталинобод) — пойтахти Тоҷикистон, шаҳре бо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, бузургтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, санъатӣ ва идории кишвар. Болотарин ниҳодҳои давлатии кишвар дар Душанбе воқеъ шудаанд. Аз соли 1924 то 1929 пойтахти РАССТ, аз соли 1929 то 1991 пойтахти РСС Тоҷикистон ва аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қариб 40 фоизи иқтидори санъатии Тоҷикистон дар шаҳр мутамарказ шуда, 12 % аҳолии кишвар (ба ҳолати 1 июли соли 2023 — 1 228 400 тан) дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд.
Исми «Душанбе» барои нахустин бор дар китоби Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳру-л-асрор фӣ маноқиби-л-ахёр» (1636) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Русияи Подшоҳӣ Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қӯрғон» номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта, ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешуд. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдоваре аз ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «Душанбе-бозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «Душанбебозор» пайдо шуд, қишлоқи Душанбе ном гирифт. Соли 1924 Душанбе, ки ба шаҳр табдил ёфта, пойтахти РАСС Тоҷикистон эълом гардид, то соли 1929 Дюшамбе ном дошт. Аз соли 1929 ба шарафи Иосиф Сталин Сталинобод номида шуд. Дар соли 1961, дар давраи сталинзудоӣ, исми шаҳр ба номи аслии худ, яъне Душанбе иваз карда шуд…
…Фаҳмидед «қишлоқиҳо»-и маскуни Душанбе, ки чигуна шаҳр доште(м)д? Ғаробати моҷаро ин аст, ки имрӯз бештари вақт тоҷикони ҳувиятбохтаи русзабоншуда, боқӣ Тоҷикони Душанберо «қишлоқӣ» мехонанду бонги изтироб мезананд, ки «понаехали». Ҳамин қадари дигар мондааст, ки мисли русҳои ФР мо мардуми худро ба «лицо кишлакской национальности» (аз ибораи кавказской национальности) ҷудо кунем…
Ман ин «душанбегиҳои асил»-ро бо падару модаронашон мешносам, ки соли 1992 бо садо додани 1 садои тир «шаҳр»-ашонро партофта, фирор карда буданд! То тинҷу омром нашуд ва он оромиро ҳамин «қишлоқӣ»-ҳо наоварданд, куҷо будед, «ватандорон»? Шумо шукри Худо гӯед, ки ин «қишлоқӣ»-ҳо шуморо аз варта раҳониданд, шаҳру кишварро ором карданду имконияти баргаштро ба шумо доданд, вагарна то охири умр сарсону саргардон мемондед!
…Ба он кӯдакон гуфтам, ки «бачаҷонҳо, қишлоқӣ касеро нагӯед, зеро бобову бибии шумо аз ҳамон қишлоқҳо омадаву барои ободиву зебоии ин Қишлоқи Бузург талош кардаву онро Душанбешаҳр кардаанд. Усулан корбасти вожаи қишлоқӣ-афзудам бар ин атфол, – барои низоъандозист. Аввалтаракҳо мо-насли калонсолро душманони дохилӣ ба кӯлобиву хуҷандӣ, хатлониву зарафшонӣ, ғармиву помирӣ ҷудо карда, ҷанг андохтанд. Имрӯз қартаи наверо эҷод кардаанд, то шуморо бар ҳам шӯронанд, яъне қартаи қишлоқӣ…
Қишлоқ…
Усулан ин аз вожаи Кишт-Лох гирифта шудааст, яъне замини киштшуда, ки ба луғати туркӣ ворид шудаву «қишлоқ» гардид. Қишлоқ, аз туркӣ, яъне:
- Исм, деҳае, ки бодиянишинон ва деҳқонон аз дашт кӯчида, ба он ҷо зимистонро мегузарониданд; деҳ, қаря, русто
Офтоб дар авсати қавс буд, ки рӯи таваҷҷуҳ ба қишлоқи Ақсулот ниҳоданд. Равзату-с-сафо
- Таърихӣ, ҷои зимистонгузаронӣ
Вале агар ба ҷидд бигирем, одамгариву инсоният маҳз дар қишлоқ мондааст. Ва ин ки шумо- «шаҳриёни асил», туҳмат мебандед, ЯГОН қишлоқӣ бетамиз нест. Шумо дар кадом қишлоқ дидаед, ки мардум фавҷ-фавҷ пасмонда, ахлот, пучоқи семичкаву селофанро дар қадди роҳ резад? Дар кадом қишлоқ дидаед, ки Хизматрасонии коммуналӣ-КЖКП кор кунад? Нест! Вале қишлоқҳо тоза, пок, тамиз ва хушбӯянд.
Ман усулан худ зодаи шаҳрам-шаҳре, ки 2700 сол таърих дорад. Вале шефтаву ошиқи қишлоқам. Қишлоқе, ки имрӯз насли наврасу ҷавон ва кӯдаконаш аз он нафрат доранд…
– Дар қишлоқ касал шавӣ-тамомии деҳа, кӯча, гузар ба аёдатат меоянд. Намегӯянд, писараш вазиру раису кабир аст. Намегӯянд, «шаҳрист». Просто так меоянд. Барои одамигарӣ.
– Дар қишлоқ таваллуд кардӣ, тамомии деҳа, қишлоқ, кӯча, гузар ба табрикат мешитобанд, новобаста, ки ту пул дориву надорӣ ва пушти мошинҳои дакаданг менависӣ: «Спасибо аз сына. Спс за дочь…» ва 2 – 3 камера наворгирит мекунанд, то пасон пеши «шаҳриҳо» мушт бар сина занӣ, ки «ман қишлоқӣ нестам», карру фарамро бинед. Дар деҳа таваллуди тифл тӯй барои ҳама аҳли деҳа аст.
– Дар қишлоқ мурдӣ тамомии деҳа, кӯча, гузар ба ҷанозаат мешитобанд, новобаста, ба иддаои мо шаҳриён «ооо, писараш вазифа дораду хафа мешавад»… 2 сол пеш, акоям эшони Қиёмиддин дар ш. Кӯлоб, дар маҳаллаи Корвонгузар – собиқ кӯчаи Куйбеши номӣ, бандагӣ кард. Шаб рафтам ва бар ҳамсояҳо пешниҳод кардам, ки субҳ рафта, аз бозор гушту пӯст меорам, барои одамони раҳдури ҷанозагӣ, ягон ғизои гарм монем. Ҳамсояҳо сарам шӯриданд, ки:
-Эшон! Мо мурдаем, ки ҳамсояи моро бегонаи раҳдур (яъне мани додари соҳиби майит!!!) саробонӣ мекунад?…
Пагоҳ дидам, ки дар ҳама ҳавлиҳои атрофи ҷанозахона деги ошу шӯрбо балаққсос зада меҷӯшаду мардуми раҳдур ғизо мехӯранд!
– Тобутатро дар «қишлоқ» саридаст ба оромгоҳ мебаранд! Дар пойтахт бошад, таксӣ заказ мекуниву зӯри зӯр 7-8 тобутвардор меёбӣ. Он ҳам имрӯз ё пагоҳ тобуткашу тобутвардор низ фармоишӣ мешавад. Мисле, ки ҳоло дар бархе маврид ҳатто «занҳои мотамӣ» заказ гирифта меоянд, то сари ҷанозаи гузаштагони «шаҳрӣ» навҳаву фиғон кашанд…
– Дар қишлоқ тӯйу сур, маъракаҳои таоруфӣ, ки Танзим куштан мехоҳад, ҳанӯзам роиҷанд, вагарна аз Тоҷикияти мо чизе боқӣ намемонд!!!
… Хулласи калом, ин ҳамаро ба он 3 кӯдак фаҳмондам, хуб гӯш карданд ва дар охир якеш гуфт:
-Ака, қартабозӣ намекунӣ?
Ва аз ҷайб қуттии қартаи қимор баровард…
Мана гиред, «шаҳриҳо», насли тарбияткарда, ояндаатонро. Аз Мост, ки бар Мост:
Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст,
Саги девонаро дору кулӯх аст!
