Редаксия супориш дод: ба аёдати Гули Зард рав!

Дар маҷлиси навбатии редаксия, ки ҳар рӯзи чоршанбе пас аз нашри шумораи навбатӣ баргузор мегардад, ҳамкорон дар бораи беморӣ ва бистарӣ шудани Гули Зард – бонуи хушқалам, рӯзноманигори варзида, шоираи ширинкалом, нависанда ва собиқ хабарнигори ҳафтаномаи мардумии СССР, Гули Зард (Зардова Гулӣ Давлаталиевна) хабар доданд. Гуфта шуд, ки ба бемории сангине мувоҷеҳ шудаву дар копуси №10-и шаҳраки Шифобахш бистарист ва ҷарроҳии сангинро паси сар кардааст. Дарҳол тасмим гирифтам ба аёдати ин бонуи қалам рафта, аз ҳолаш хабар гирам.

 Зардова Гулӣ Давлаталиевна

Гули Зард 27.02.1963 таваллуд шуда, 62 сол дорад. Ӯ зодаи шаҳри Қурғонтеппа, дастпарвари мактаби миёнаи №14 ва шуъбаи филологияи руси факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Т.Г. Шевченко буда, сипас чун омӯзгор, корманди шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, хабарнигори мардумии газетаи СССР кор кардааст.

 Муаллифи асарҳои “Дард”, ” И такое бывает…”, “Бодоми шириндона”, “Ашки аҷал”, “Хазонрези орзуҳо”, “Худойдод”, “Ҳамели андешаҳо”, “Табассуми иқбол”, “Ишқи духтари пистафурӯш”, “Хоб ва таъбир”, “Қиблаи ман”, “Зиндадаргӯр”, “Бо ёди ту…”, “Дар ҷаҳаннам”, “Фарзанди баномус”, “Дарди фироқ”, “Хеши падар”, “Модаргург”, “Оби дидаи модар”, “Раднома”, “Богатый дервиш”, “Когда приходит болезнь…”, “Без тебя”, “Ёди як рӯз ва ӯ” мебошад.

 Аёдат

19.11.2025. Соат бо вақти Душанбе 12:34 дақиқа. Ҳар боре, ба шаҳраки «Шифобахш» – Беморхонаи Қарияи боло барои дидорбинии хешу табор мерафтем, атрофи беморхона, ҳамеша пур аз ғавғои одамон буд. Ин бор ба аёдати рӯзноманигор Гули Зард омадем. Чун ҳарвақта дар бемористон бемордорон зиёд буданд, аммо ғайр аз садои гунҷишкакону афтидани баргҳои хазони дарахтон садои ҳеҷ касро нашунидем. Фазои беморхонаро, дарди ҷонсӯзи рӯзноманигори бистарӣ ғасб кардаю мисле, ки гунҷишкакон аз ин ғаму тирагӣ мегиристанд. Онро гӯё деворҳои сахту сарди беморхона ҳис намудаю мазунона мегуфтанд, ки “Гули Зард бемор асту дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ!”.

 Соате, ки мо ба ҳавлии бемористон ворид мегардидем, аз муҳофизон ҳуҷраи қарор доштани ӯро пурсон шудем, “Апаи қиёматии мо, Гули Зард дар ҳо, ана, он бино хоб аст!” – гуфт муҳофизи беморхона. Бубинед, ки чӣ қадар меҳру муҳаббат ва эҳтиромро қоиланд ҳаводорони ин зани саропо лутфу зарофат?

Мутаассифона, вазъаш на чандон хуб аст. Расидан баробар ба наз­даш, хостем, ки суҳбат бо хотири болидагии руҳаш ороем, ки келини калониаш ҳозир шуд. Боэҳтиромона ва андаке бо хиҷолат ба мо гуфт, ки нав духтурон ба ӯ дору гузарондаанду хоб аст ва ба наздаш даромадану истодану гап заданро иҷозат намедиҳанд. Бе ин ҳам алҳол бо ӯ дар суҳбат шуда наметавонед.

Кӯтоҳакак худро муаррифӣ карда, гуфтем, ки бо супориши редаксия аз ҳафтаномаи СССР хабаргирӣ омадаем. Апаи ҷони мо аз рӯзи таъсиси нашрияи СССР то ба имрӯз аз ҳамкорону қаламкашони фаъол ҳастанду бо шеъру мақолаҳои ҷолиб ҳамеша хотири хонандагонро болида месохтанд. Наомада ҳам наметавонистем, агарчӣ суҳбат бо ӯ алҳол имкон надорад!

“Вақте ки дард меояд”

Апаи Гули Зардро ҳамчун дӯст ва ҳамкасби падарам хуб мешиносам. Борҳо ба хонаи мо меҳмон шудаю бо шӯхиҳову нақлҳои ширину намакини худ маҳфилро гарму обод мегирифт. Ханда аз лабонаш ҳеҷ дур набуд. Чунин менамуд, ки инсонест тамоман бе дарду ғам. Ҳайҳот, ки на! Дар рӯи замин нест инсоне, ки ғаму дарду доғе надошта бошад.

 Апаи Гули Зард ҳам истисно буда наметавонад ва ҳатто фарқ мекунад, ҳамчун рӯзноманигор, адиба, шоира, ки табиатан бо вуҷуди дарду ғам, мушкили худро доштан, барои ғаму дард ва мушкили дигарон месӯзад, мекӯшад дар ҳалли онҳо саҳме дошта бошад, то аз худ ризо бошаду аз ӯ розӣ Худо!

Шахсан ман дар симои ӯ 1 зани муваффақ, 1 зани зиндадил ва 1 инсони нек ва бонуи муборизро дарёфтам. Зан, модаре дилсӯз, меҳрубон, беқарор, дар такопӯ барои фарзандон, наберагон ва ёру дӯстон ва ҳатто корафтодаҳою дармондаҳои ношинос, ки имрӯз дард гиребонгираш шудааст. Чӣ кунем, ки тани гарм бедард намешавад. Ҳеҷ кадоме аз инсонҳо аз ин эмин нестанд. Аммо умедро ҳаргиз аз даст додан даркор нест ва он ҳамеша бояд бо мо бошад!

Мо ҳам бо умед ба ин бонуи саропо истеъдод ҳарчӣ зудтар шифо ёфтанро аз даргоҳи Худовандӣ хоста, бемористонро тарк намудем. Ин порашеъри журналисти тавоно-Гули Зард тақдиматон бод:

Гули зарду гули зарду гули зард,

Надорам андар ин олам раҳовард.

Намедонам, чӣ месозам, Худоё?

Асирам ман ба дасти ишқи номард.

Зи дасти ишқ бар дастам ато нест,

Зи зӯри ишқ бар ман ҷуз ҷафо нест.

Ҳама хунобаҳо бошад насибам,

Туро бар ман, туро бар ман вафо нест.

Гули зарду гули зарду гули зард,

Надорам андар ин олам раҳовард.

Омиронаи Сайёф,

махсус барои СССР аз шаҳраки «Шифобахш»

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube