Маршали ояндаи Иттиҳоди Шуравӣ, Клим Ефремович Ворошилов бо ҳамсараш Голда Давидовна Горбмани яҳудӣ, ки соли 1906 барои фаъолияти инқилобӣ бадарға шуда буд, дар лагери вилояти Архангелск шинос шуд. Ба он нигоҳ накарда, ки Голда дар оилаи камбағал ба дунё омада буд, бо кӯшишу ғайрат, ҷасорату иродаи қавии шахсӣ хондану навиштанро мустақилона омӯхт, ки ин ҳама бесабаб набуд. Баъдан дилу гурдаи ин фақирдухтари деҳотиро бинед, ки ба ш. Одесса барои кор пайдо кардан ва ба суроғи ҳаёти нав рафт. Аллакай дар 17 – солагӣ ба ғояҳои сотсиал-демократҳо рағбат пайдо кардаю бо онҳо пайваст.
Ишқи зиндонӣ
Голда духтари хеле ҷасуру оташин буду ҳамеша дар баҳсу ҷанҷолҳо фаъол. Аммо бо тақозои вазъият дурандешона худдорӣ кардан аз ҷамъомадҳоро ҳам омӯхт. Нахуст бо Авел Енукидзе, ки низ муҳлати ҷазо адо мекард, муносибати маҳрамона пайдо кард. Муҳаббати аввал, орзуҳо, армонҳо дар бораи ояндаи дурахшон… Рӯзе ӯ бо хурсандӣ ба дӯстдоштааш хабар дод, ки интизори кӯдак аст. Бо ҳамин достони ишқи онҳо дар 1 мижжа задан хотима ёфт ва Голда маҷбур шуд, ки ба беморхонаи зиндон равад ва исқоти ҳамл кунад, яъне фарзанди батнашро гирад. Бо ҳамин дигар соҳиби фарзанд нагардид, зеро ин корро бояд намекард.
Соли 1909 вай бо инқилобчии ҷавон Клим Ворошилов дар зиндон шинос шуд. Ҳатто баъди гузаштани муҳлати ҷазо ва озод шудан, Голда дубора ба зиндон ба назди дӯстдоштааш баргашт, то ки бо ӯ бошад.
Клим ҳама чизро дар бораи саргузашти Голда ва соҳиби фарзанд нашуданашро ҳам хуб медонист, вале аҳамият намедод. Аммо азбаски озод шуда буд ва зани каси дигар ҳисоб меёфт, наметавонист, ки ин ҷо бимонад. Ниҳоят илоҷашро ёфт. Дини масеҳиро қабул ва номашро ба Екатерина иваз намуд. Аз ин тасмими ӯ ва баргузории тӯй хабар ёфта, хешовандони яҳудӣ аз духтарашон рӯй гардонданду унвонаш лаънатҳо фиристонданд. Ба ибораи дигар оқаш карданд ва маросими тӯйи ӯро маросими дафни ӯ эълон карданд.
Ишқи 1х1
Бо ҳамин, дигар ғайр аз Клим ӯ дигар дар ҷаҳон шахси наздике надошт. Клим дар соли 1918 ятимписареро бо номи Петя ба фарзандӣ қабул кард ва баъди марги Михаил Фрунзе фарзандони ӯ – Темур ва Таняро низ ба фарзандӣ пазируфт. Шавҳараш барои Екатерина Давидовна шахсияти аз ҳама боло буд ва ниҳоят арҷаш мегузошту парастишаш мекард ва ақидаҳои сиёсии ӯро ҳам сад дарсад ҷонибдор буд.
Соли 1928 Екатерина сахт бемор шуд ва ҷарроҳӣ гардид, хушбахтона, ба зудӣ шифо ёфт. Фақат якбора фарбеҳ шуда рафт, то ҳадде, ки дигар аз баромадан ба байни мардум шарм мекард. Бо ҳамин ҳаёти худро пурра ба шавҳар ва фарзандонаш бахшид. Климро аз ҳад зиёд фарбеҳу ғафс шудани занаш ҳам заррае безобита накардаю ӯро девонавор дӯст медошту рашк мебурд.
Пас аз инқилоб, болоравӣ дар зинаҳои мансаб барои Ворошилов рост омад. Акнун Екатерина ҳамчун ёвари шавҳар дар сафарҳои хориҷӣ ӯро ҳамроҳӣ мекард. Андешаҳое ҳам буданд, ки Ворошиловро занаш ба зинаҳои баланд бурда расондааст. Екатеринаи оқилаю донишманд шавҳарашро ба омӯхтан маҷбуру ҳидоят мекард. Дипломатияро ба ӯ меомӯзонд. Бо кӣ, дар куҷо, чӣ тавр рафтор карданро меомӯзонд.
Дӯстони Сталин
Ҳамин тариқ, мақому манзалати Ворошилов дар назди Сталин хеле баланд ва яке аз дӯстони беҳтарини Сталин гардид. Оилаи онҳо ҳам аз дӯстони наздик гардида, бо ҳам дар омаду рафт буданд. Екатерина Давидовна зуд – зуд чун дугонаҳои қарин бо Надежда Аллилуева – зани Сталин дар нишасту суҳбат буданд. Ин то вақте давом кард, ки дар оилаи Сталин чӣ нофаҳмие рӯй доду Надежда Аллилуева фирор карду баъди чанде ӯро мурда пайдо карданд. Ин ҳодиса соли 1932 ба вуқӯъ пайваст.
Иосиф Виссарионович ба истиснои Екатерина Давидовна дигар ба ҳамаи бонуҳои тимаш бо назари шубҳа менигарист. Бахусус, баъди марги завҷааш ин бадбинӣ хуруҷ кард, ки шояд шубҳаи доҳӣ ба огоҳии онҳо аз ягон сирри оилавиаш, ки хеле талх, махсусан барои бонуи хонадон анҷом ёфт, алоқаманд бошад?
Репрессия
Соли 1937. Соли сиёҳи таҳлукаю ваҳм. Қапоқапу зиндону қатлкунӣ. Кормандони ОГПУ НКВД ба хонаи Ворошиловҳо ворид шуданд. Дар дасти сардори гуруҳ фармони ҳабси Екатерина Давидовна бо ҷурми “эссер”, яъне душмани Сталин буд. Ворошилов хуб дарк мекард, ки чунин боздоштҳо танҳо ва танҳо бо имзо ва розигии бевоситаи Сталин сурат мегиранд ва итоат накардан ба он баробари марг ҳисоб меёфт. Бо вуҷуд ин, нагузошт, ки занашро пеши чашмаш кашол бубаранд. Дар он солу замон ва шароит ин 1 амали хеле хунсардона ва ҷавонмардонаю ҷасоратмандона буд. Ворошилов ҳам дигар хел рафтор карда наметавонист. Бо ҳамин милисаҳо рафтанд ва ба Сталин буду шуди корро қисса карданд. Сталин ҳам даст афшонда гуфт, ки “Бало ба пасашон! Дигар ба ҳоли худашон монеду кордорашон нашавед. 1 бор тарсондан буд, тарсондем!”.
Чунин толеъ дар муқоиса бо вазъи он замон на ба ҳама ҳизбиён насиб мегашт, ки он ҳам бо шарофати нотарсии Ворошилов сурат гирифт. Баъдтар Екатерина ба шавҳараш гуфт, ки ҳоҷат ба ҷони худатро дар хатар мондан набуд. Мебурданду пурсупос мекарданду ҷавоб медоданд.
-Ба рафтан ку мерафтӣ, вале на танҳо омаданат, балки зинда монданатро ҳам дигар Худо медонист! – ҷавоб дод шавҳараш ба ӯ.
Мирзо Рустамзода,
махсус барои СССР
