“Дурахши ахтарон” дар Узбекистон

(Репортаж)

Баъди 40-рӯзи наворбардорӣ дар ҶТ оиди филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ниҳоят, шоми 17-уми сентябри соли 2025 гурӯҳи корӣ бо чанде аз ҳунармандон соати 22:13 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷамъ шудем. Тақрибан соатҳои 23:27 ҳавопаймо ба ҳаракат даромад ва соати 00:52 аз фурудгоҳи шаҳри Тошканд берун омадем.

Мирсолеҳ ном ёрдамчии директори филм моро вохӯрд ва баъди 10-15 дақиқаи танаффус тариқи автобуси экспресс ба самти Бухорои Шариф роҳ гирифтем. Бо гузашти 10 соат, ки ҳамагиро хастагии кул фаро гирифта буд, ба Бухорои Шариф расидем. Меҳмонхонаи Гранд-ҳотели Бухоро макони зистамон қарор гирифт ва зуд наҳор хӯрдему баъдан ҷо ба ҷо шуда хобидем.

19.09.2025. Филмбардорӣ шурӯъ шуд, дар яке аз оромгоҳҳои қадимаи шаҳри Бухоро бо номи “Чор-Бакр” (манзур чор нафаре аз хонадони Абубакр онҷо хуфта). Дар 1 гӯшаи ин оромгоҳ бачаҳои узбекфилм шаҳраки декорие сохта буданд, ки дар пасманзараш биноҳои қадимаи оромгоҳ намоён буд ва ҳусни иловагии хуберо ба он зам мекард. Сабтҳо пайиҳам мерафтанд ва баъд аз 1 ҳафтаи наворбардорӣ, ниҳоят, рӯзи истироҳатӣ эълон шуд. Дар ошхона баъд аз хӯрдани субҳона устод Қурбони Собир гуфт:

– Тоҳир, шунидем, ки инҷо зиёд омадаиву ҳамаро азёд медонӣ. Аз ин хотир моро роҳбаладӣ куну равем ба тамошои шаҳри қадимаи Бухоро…

Гӯри Исмоили Сомонӣ

Қурбон Собир, Парвиз Пулодӣ, Хуршед Мустафо, Нуруллоҳ, Ризо ва ман бо роҳи тангкӯчае, ки аз дарвозаи Салоҳхона даромада мешуду худи кӯча “Арабон” ном дошт, то ба лаби ҳавзи овозадор рафтем. Баъдан, Мадрасаҳои Девонбегӣ, Кукалтош, Абдуазиз, Улуғбек, Мири Араб – растаҳои заргарон, оҳангарон, наққошон, чӯбкорон, гулдӯзон, телпакфурӯшон, Манораи калон, Масҷиди ҷомеъ, Арки Амир ин ҳама паси сар шуду ворид шудем ба Боғи Исмоили Сомонӣ, барои зиёрат ба мақбараи Ӯ.

Ҳар касе, ки бори нахуст ин мақбараро мебинад, бешубҳа, дар вуҷудаш ҳиссу эҳсоси ғайричашмдоште пайдо мешавад ва чашм аз зебоии нақшҳои мақбара наканда, беихтиёр пойҳо худ ба самташ ҳаракат мекунад ва андешаро мебарад ба умқи дуриҳои дури таърих. Зеро ягона иморати солими пойбарҷо аз замони давлатдории овозадори Сомониён танҳо ҳамин мондаву халос, боқимонда ҳама зери нафрату рашку хашму аблаҳиҳои бераҳмонаи Чингизи ғоратгару кӯчманчӣ қарор гирифтаву зеру забар шудаст. Баъд аз наздик шудан ба мақбара зани миёнасоле дар даромадгоҳ гуфт:

– Дохили қабр шудан пулакӣ аст, бо билет.

Лаҳзае сукут карда пурсидам:

– Апа, магар барои зиёрати қабр билет мефурӯшед? Ва гузашта аз ин мо ба зиёрати қаҳрамони миллии худамон омадем.

Зан мегуфт:

-Гапатонро фаҳмидаму аммо маро масъули чиптафурӯшии ин ҷо мондаанд ва бо камераи назоратӣ ҳар 1 даромадаро ҳисоб мекунанду ман очёт месупорам.

 Касе аз бачаҳо гуфт:

– Апа, мо ҳам шуморо мефаҳмем, бо пули Сомонӣ иҷозати даромадан ҳаст?

Гуфт:

– Не, танҳо бо суми ӯзбекӣ.

Мантиқи сӯҳбатро бубинед, ки аввалан зиёрати қабрро пулакӣ кардаанд ин дарди бахайр, аммо бо пули Сомонӣ ҳам ба зиёрати Исмоили Сомонӣ роҳ боз нашуд. Билохира яке аз бачаҳо чанд пули доштаи узбекияшро бароварду дод, апаи билетфурӯш – ин хело кам астуууууу (аз ноилоҷӣ) хай майлаш, даромадан гиред гуфт.

Зиёрат, тамошо, аксу наворгирӣ паси сар шуду омадем берун ва дар курсии ҳавлӣ нишастем. Ҳамаро эҳсоси нохуби вокуниши воридшавӣ фаро гирифта буд ва аз ин оҳанг сӯҳбат мерафту чанде аз бачаҳо беихтиёр гирён шуданд “ба зиёрати бобомон омадему аммо озоду роҳат даромада наметавонем” – гуфта…

Қиссаву ривоёт дар бораи гӯри Сомонӣ

Ин оҳанги нохуби ҳисамонро бобои Раҳматҷон Ғаниев бо гуфтани чанде аз қиссаҳояш оиди ин Мақбара ба самти хушӣ бурд. Бобои Раҳматҷон 73-сол доштаву хатмкардаи бахши таърих буда, солҳо боз дар назди мақбара ба китобфурӯшӣ машғул аст ва ҳамзамон чанде аз қиссаҳои шунидаву хондаашро оиди зиндагӣ, ҳукумронӣ ва сохти мақбараи Амир Исмоили Сомонӣ ба ихлосмандон нақл мекунад. Ӯ гуфт: ҳама медонем, ки Исмоили Сомонӣ ё Исмоил ибни Аҳмад яке аз бузургтарин ва машҳуртарин амирони сулолаи Сомониён буд. Ва дар таърих ӯро асосгузори ҳақиқии давлати тоҷикон меноманд. Соли таваллудаш 849, соли ҳукумронияш 874 – 907 то поёни умр. Падараш Аҳмад ибни Асади Сомонӣ ҳокими Фарғона буд. 2 фарзанд дошт Наср ибни Аҳмад ва Исмоил ибни Аҳмад (баъдан Исмоили Сомонӣ). Исмоил 14-сол дошт, ки падараш дар Фарғона аз олам даргузашт. Он замон Насри бародараш ҳокими Самарқанд буд. Наср ибни Аҳмад низоми давлатдориро 1 кам ба мустақилият дароварда, аз чанголи Аббосиён озодтар шуда, шаҳри Самарқандро пойтахти давлати Сомониён эълон намуд. Исмоил баъд аз чанд корнамоиҳо аз ҷониби бародараш ҳокими Бухоро таин гардид…

Соли 874 ӯ пурра Амири мутлақ шуду пойтахтро аз Самарқанд ба Бухоро кӯчонида, тавонист, ки тамоми хоки Мовароуннаҳр ва Хуросонро муттаҳид созад ва Бухороро ба маркази илму адаб ва фарҳанги пешрафта табдил диҳад. Тамоми донишмандонро ҷамъ оварда, бузургтарин китобхонаро бунёд сохтаву тарҷумаи китобҳои номдорро бо хати форсӣ низ ба роҳ монд. Забони форсӣ ва фарҳанги тоҷикӣ-ориёиро рушд доду дар натиҷа ба давлатдории мутамаркази ТОҶИКОН асос гузошт. Дар ин миён ба чанде аз меъморону сохтмончиёнаш супориш медиҳад, ки мақбарае барои падарам пешниҳод кунед, ки дар онҷо солиёни дароз илм борад ва баъдаш часади падари бузургворро аз Фарғона ба инҷо мекӯчонем. Меъморон ба хулосае меоянд, ки ҳама нақшҳои даруну беруни мақбараро дар шакли ҷевони КИТОБ пешниҳод кунанд ва чунин ҳам мекунанд.

 Ин бино дар Осиёи Миёна аввалине мебошад, ки бо хиштҳои пухта сохта шудааст ва дар лойи байни хиштҳо шири шутуру асалу тухм олуда кардаанд, то  хишти пухта миёни ҳам часпад. Худи Амир Исмоили Сомонӣ ҳам ҷо-ҷое ҳангоми сохтани бино омада, кумак мекардагӣ. Баъди пурра бунёд шудан, 1 набераи Амир гузашта мешавад, ки дар 1 гӯшаи он мегӯронанд ва баъди чанде қабри падараш Аҳмад ибни Асадро аз Фарғона кӯчонида меоранд ва бо ҳузури ҳама Оли Сомон дар миёнаи ин мақбара мегӯронанд. Бо гузашти чанд соле аз қаҳрамониҳою пешравиҳо ва рушдкарданҳои давлатдорӣ билохир худи Амир Исмоили Сомонии овозадор бо беморие дунёро падруд мегӯяд ва дарбор ба хулосае меояд, ки паҳлӯи падар (қисмати даҳани дар) гӯронанд ва чунин ҳам мекунанд (баъдан бо мурури замон ҳарсеро дар 1 сағона ҷой мекунанд, дар сағонаи Исмоили Сомонӣ, то дахил кушодтар шаваду мардум роҳат зиёрат карда раванд). Баъдан дигар таборашро низ дар канори мақбара гӯрондан гирифтанд, ки дар натиҷа 1 қабристони бузурге шуда монд…

…Баъди шунидани ин қиссаҳои ҷолиб, аз ҷониби бобои Раҳматҷон (агарчӣ иловаҳои бесаҳеҳ ҳам ҷой дошт) бо рӯҳия ва хотираи нек роҳ гирифтем ба самти меҳмонхона. Роҳравон боз ҳам сӯҳбати мо мерафт ба умқи таърих, шахсиятҳои таърихӣ, вожаҳои таърихӣ ва қадамҷойи аҳли қалам, ки ҳама дар ин ХОК қадам мондуву аз ин ҲАВО нафас кашидаву аз ин ҷӯйи Мулиёнаш нӯшида буданд, ки имрӯз моро ҳам насиб гашта… Мо Метавонем!

Тоҳир Назар

ш. Бухоро, махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube