ЧОРБОҒ: ОБ НЕСТ!

Зуҳалҷон Туйчизода, сокини деҳаи Чорбоғ, ҷамоати деҳоти Чорбоғи н.Варзоб бо идора тамос гирифта (тел: 918722472), гуфт, ки ҳар тобистон сокинони ин деҳа аз норасоии оби ошомидани танқисӣ мекашанд.

– 3-4 соли ахир ҳар тобистон мо мушкили об дорем – об нест ё хеле кам аст.  Масъули таъмини об дар деҳаи мо идораи «Тоҷикобдеҳот» аст ва моҳе барои об 30 сомонӣ аз ҳар оила ҷамъ мекунад. Ҳатто дар фасли тобистон ҳам вақте мо об надорем. «Тоҷикобдеҳот» маблағро ку ҷамъ мекунад, вале чаро мардумро бо об сари вақт таъмин наменамояд?

Бовар дорем, СССР дарди моро ба гӯши раиси ноҳия, ки шахси пурмасъул аст, расонад, мушкил ҳатман ҳаллу фасл мегардад. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube