Дар мактаб журналистика хонанд

Дуруди беадад ба СССР!  Чаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо фаннҳои суруд ва мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва меҳнат ба нақшаи таълимӣ дохиланду фанни муҳимтарини ҷомеа – рӯзноманигорӣ дохил карда нашудааст? Шояд гӯянд, ки фанни адабиёт ҳаст – ку? Дуруст, лекин ҳар фану касб нозукиҳои худро дорад. Агар ба барномаи таълимӣ фанҳое ба монанди «Санъати сухан», «Матбуот ва ҷомеа»-ро дохил мекарданд, гумон мекунам ба фоидаи кор буд. Ин фанҳоро бояд рӯзноманигорони варзида дарс гӯянд.

Наврасону ҷавонони зиёде ҳастанд, ки шеър, ҳикоя ва амсоли инро навишта, дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп мекунанд, ҳатто китобҳои худро доранд, лекин аз жанрҳои рӯзноманигорию дигар касбҳо бохабар нестанд. Хуб мешуд, журналистика ба барномаи таълимӣ дохил карда мешуд. Ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба воситаи газетаи СССР ин идеяро пешниҳод мекунам.

Ҳ. Нуралӣ, н. Фархор

Аз СССР: Воқеан ҳам дар тамомии мактабҳои миёнаи Амрико ва Аврупо фанни журанлистика ба таври ҳатмӣ, дар синфҳои болоии 10- 11,  дарс дода мешавад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube