РЕЗААХБОР

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сифат ва нархи интернетро нокифоя хонда, аз масъулин талаб кард, ки онро боз ҳам ҷоннок намоянд: номаълум, ки акнун суръат баланд мешавад ва ё нархи интернет?

– Раводид байни Тоҷикистону Эрон  бекор ва тибқи ин тавофуқнома минбаъд шаҳрвандони 2 кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни виза ба кишвари ҳамдигарӣ сафар кунанд.

– Ҳарчанд нақшаи андоз дар 9 моҳ беш аз 106% иҷро гардид, вале аз ҳисоби ширкатҳои «Алюминийи Тоҷик”, “Тоҷиктелеком”, “Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой”, “Ширкати металлургии “Анзоб” ва “Талко Голд” қарзи андоз 166 млн сомонӣ афзуд.

– Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар 5 моҳи ахир наздик ба 100 ҳазор қонуншикании муҳоҷиронро ошкор намуда, 15 ҳазор нафарро хориҷ карданд.

– Тоҷикистон ва Қирғизистон боз 17,98 километр сарҳади давлатиро мувофиқа намуданд: соли 2023 беш аз 75 км марзабандӣ шуд.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube