Инқилоби Октябр, ҳодисаҳои сиёсии 24-27 октябри соли 1917 (6-9 ноябр ) дар Россия, ки дар натиҷаи он Ҳукумати муваққатӣ сарнагун шуда, болшевикон ба сари қудрат омаданд. Баъд аз Инқилоби феврали соли 1917 ва таназзули мутлақияти шоҳӣ дар Россия низоми дуҳокимиятӣ созмон ёфт. Дар кишвар фаъолияти ҳамзамони Ҳукумати муваққатӣ ва Шӯрои намояндагони коргарон, афсарон ва деҳқонон (март-июли соли 1917) оғоз шуд.
1-уми марти соли 1917 Кумитаи муваққатӣ намояндагони Думаи давлатӣ (Мақомоти давлатии олии фавқулода) ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Шӯрои Петроград дар бораи таъсиси Ҳукумати муваққатӣ созишнома ба имзо расонданд. Тибқи созишнома Кумитаи иҷроия ҳуқуқ дошт, ки фаъолияти Ҳукумати муваққатиро назорат кунад. Шӯрои Петроград ва сипас Кумитаи иҷроияи марказии умумироссиягӣ (КИМУ) салоҳияти васеи ҳокимиятро соҳиб шуданд, ки роҳбарони ин Мақомот аксаран меншевикон ва эсерҳо буданд. Ҳукумати муваққатиро кадетҳо (аксарият), либералҳои муътадил, октябристон ва сотсиалистон (А.Ф. Керенский) идора мекарданд…
БОЗГАШТИ В.И. ЛЕНИН
Баъди бозгашт аз муҳоҷират Владимир Илич Ленин талаб кард, ки болшевикон аз пуштибонӣ кардани Ҳукумати муваққатӣ даст кашанд (17 феврал) ва барои гузариши ҳокимият ба ихтиёри Шӯрои намояндагони коргарон, афсарон ва деҳқонон кӯшиш намоянд…
Дар Конференсияи 7-уми умумироссиягӣ (7-12 май) болшевикон коргаронро ба мусаллаҳшавӣ даъват карда, Гвардияи сурхро ташкил доданд. Ҳамзамон, болшевикон аз меншевикон ҷудо шуда, Ҳизби сотсиал – демократии коргарии болшевикони Россия (ҲСДКБР)-ро ташкил карданд.
ИХТИЛОФ
Баҳору тобистони соли 1917 меншевикон ва эсерҳо дар Россия мавқеи устувор доштанд. Онҳо бар ин бовар буданд, ки барқарор кардани сулҳ ва иқтисодиёти кишвар дар заминаи ризоиёти шаҳрвандон, иттиҳоди пролетариату буржуазия ва созиши ҳизбҳои сотсиалистӣ бо либералҳо имконпазир аст, аммо В. И. Ленин 17 июн дар Съезди 1-уми Шуроҳои намояндагони коргарон ва афсарон иброз намуд, ки болшевикон омодаанд тамоми ҳокимиятро ба ихтиёри худ гиранд ва ба ёрии ҳизбҳои дигар ниёз надоранд.
15 июл буҳрони ҳокимият шиддат ёфт: кадетҳо дар муқобили мухторияти васеи Украина эътироз намуда, ҳукуматро тарк карданд. 16 июл баъзе аз болшевикон ба исёни ҳарбӣ даст заданд. Ленин ин исёнро бармаҳал донист. Баъди нашр шудани изҳороти вазири адлия П.Н. Переверзев аз 18 июл, дар бобати ҳамкории болшевикон бо Штаби генералии Олмон фишору таъқиби болшевикон оғоз гардид. Ленин ва Г.Е. Зиновев ба Финляндия фирор карданд. Кӯшишҳои Тротский, Мартов ва дигарон барои исбот кардани бегуноҳии болшевикон натиҷа надод…
«ҲУКУМАТИ ВОҚЕИИ ИНҚИЛОБӢ»
25 сентябр ҳайати Президиуми Шӯрои Петроград иваз шуд. Бори аввал 4 болшевик ба он роҳ ёфтанд. Шӯрои Петроград худи ҳамон рӯз дар бораи пуштибонӣ накардани Иттиҳоди савуми Ҳукумати муваққатӣ қарор қабул кард. Ба қавли роҳбари ПШП Тротский, Съезди 2-юми умумироссиягии Шӯроҳо «ҳукумати воқеии инқилобӣ»-ро ташкил медиҳад.
26 сентябр Бюрои КИМУ доир ба даъвати съезди Шӯроҳо қарор қабул кард. 23 октябр дар маҷлиси КМ ҲСД КБР оид ба ногузир будани шӯриш қарор ба тасвиб расид (Каменов ва Зиновев ба он муқобил баромаданд)…
ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР
24 октябр В.И. Ленин аъзои Кумитаи ҳарбӣ – инқилобиро ба ишғоли Қасри зимистона ва сарнагун кардани ҳукумат даъват намуд. Субҳи 25 октябр Гвардияи сурх иншооти муҳими пойтахтро ишғол карданд. Соати 10 пагоҳии 7 ноябр муроҷиатномаи Ленин – «Ба шаҳрвандони Россия» (оид ба сарнагун шудани Ҳукумати муваққатӣ ва ба ихтиёри КҲИ гузаштани ҳокимият) шунавонда шуд. Гвардияи сурх пас аз ишғоли Қасри зимистона вазирони Ҳукумати муваққатиро ба ҳабс гирифт.
25 ноябр соати 22 40 Съезди 2-юми умумироссиягии Шӯроҳо оғоз шуд, ки аксари онҳо болшевикон ва эсерҳо буданд. Вакилони съезд Декрети сулҳ, Декрети замин ва Ҳукумати муваққатии коргарону деҳқонон-Шӯрои комиссарони халқ (ШКХ)-и Ҷумҳурии Россияро (бо роҳбарии В.И. Ленин) тасдиқ карданд. Аксари аъзои ҳукумати нав болшевикон ва эсерони чап (то марти соли 1918) буданд.
ДЕКРЕТИ МАТБУОТ
Роҳбарони нахустини КИМУ болшевикон Л.Б. Каменев ва Я.М. Свердлов буданд. Нахустин санади қабулнамудаи ШКХ Декрети матбуот (9 ноябр) буд. 2 ноябр КИМУ Эъломияи ҳуқуқи халқҳои Россияро қабул кард…
Дар натиҷаи сарнагун шудани Ҳукумати муваққатӣ дар Россия бар зидди болшевикон чанд исён сар зад. 13 ноябр исёни Керенский – Краснов, моҳҳои ноябри соли 1917 – феврали соли 1918 исёни А.И. Дутов дар ҷануби Украина ва атаман А.М. Каледин дар Дон саркӯб шуданд…
ИТТИҲОД
То моҳи январи соли 1918 Ҳукумати Советӣ дар тамоми ҳудуди Россия барқарор шуд. Дар Закавказие солҳои 1921-1922 ҳукумат ба ихтиёри шӯроҳо гузашт. Моҳи декабр бо иттиҳоди олмонӣ созишномаи сулҳ ба имзо расид. 5.1.1918 дар Петроград ҳолати фавқулода эълон карда шуд. 16.1.1918 Эъломияи ҳуқуқи мардуми заҳматкаш ва мазлум қабул гардид, ки мувофиқи он, Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Федеративии Россия (ҶШСФР, аз июли соли 1918) ташкил ёфт. Пас аз Сулҳи Брест (3 марти соли 1918) эсерҳои чап, ки хоҳиши идома додани инқилоби рус ва инқилоби байналмилалиро доштанд, аз болшевикон ҷудо шуда, исёни эсерони чапро (6 июли соли 1918) барпо намуданд.
ОСИЁИ МИЁНА
Дар Осиёи Миёна зери таъсири Инқилоби февралӣ ҳаракатҳои инқилобӣ равнақ ёфтанд. Дар ҳудуди Генерал-губернатории Туркистон Шӯроҳои намояндагони Тошканд нисбат ба дигар созмонҳои инқилобӣ пешсаф буданд. Онҳо 28 май бар зидди сарватмандону заминдорон шӯриш хезонданд.
Баҳору тобистони соли 1917 дар Туркистон гурӯҳ ва созмонҳои сотсиал-демократӣ пайдо шуданд, ки мехостанд инқилоби буржуазӣ –демократиро ба инқилоби сотсиалистӣ табдил диҳанд…
28 октябр дар Тошканд шӯриш оғоз гардид. 1 ноябри соли 1917 дар Тошканд болшевикон ғалаба карда, то 15 ноябр дар қисми зиёди минтақаҳои Туркистон ҳокимият ба ихтиёри Шуроҳо гузашт. Дар Съезди 5-уми Шуроҳои кишвари Туркистон (15-12 ноябри соли 1918) оид ба ташкил шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон қарор қабул гардид.
Роҳбари ШКХ дар Туркистон болшевик Ф.И. Колесов интихоб шуд. 15 октябр дар Съезди 6-уми фавқулодаи Шӯроҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон қабул гардид…
ТОҶИКИСТОН
Раванди барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба воқеаҳои сиёсии Туркистон ва Аморати Бухоро бастагӣ дошт. Дар Шӯроҳои уезди Хуҷанд (дар ҳайати вилояти Самарқанди Туркистон қарор дошт) эсерҳо, меншевикон ва аъзои «Шӯрои исломия», «Шӯрои уламо», нисбат ба болшевикон нуфузи бештар доштанд.
11 ноябр ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳои Хуҷанд (роҳбараш Т. Тараненко) гузашт. То моҳи ноябр дар аксари воллостҳои Хуҷанд ва то декабри соли 1918 дар мулкҳои болооби Зарафшон (Панҷакент, Фалғар, Масчо, Моғиён, Фароб, Офтобрӯ ва Киштуд) низоми шуравӣ ьарпо гардид…
Умари ШЕРХОН
