Теъдоди мошинҳо меафзояд,  вале…

Дар СССР моли аз ҳама гаронбаҳои бозор автомобил ба ҳисоб рафта, хариду фурӯши он маҳдуд буду фақат бар пешқадамони хоҷагии халқ ҳамчун мукофот дода мешуд. Агар бо чунин ченак сатҳи зиндагонии имрӯзаамонро муқоиса намоем, хеле бой гаштаем. Зеро ҳар кадом оила соҳиби камаш 1-2 мошин аз қабили «Опел»-у Мерс мебошад. Дар кишвари мо мошиндор будан гӯё амри ҳатмӣ гардидааст. Барои ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, ченаки асосии дарёфт аз Русия маҳз соҳиби мошин гаштан аст. Ҳалоли заҳматашон. Лек набояд фаромӯш кард, ки дар навбати аввал обод намудани манзили зист, фароҳам овардани шароити таҳсилу донишомӯзии фарзандон, беҳбудии рӯзгор бояд истад.

Зимнан аксари воситаҳои нақлиёте, ки ба бозори кишвар ворид карда мешаванд, техникаи куҳнаву фарсуда буда, муҳлати истифодаашон кайҳо гузоштааст. Дар мамлакатҳои мутараққӣ онро ба нуқтаҳои қабул ҳамчун оҳанпора месупоранду навашро мегиранд. Ин гуна техникаи утилшударо ширкатҳои хориҷӣ бо ранг додану азнавсозии зоҳирӣ танҳо ба харидорони мо мефурухтанд. Барои мошинсаворони мо бигзор куҳна бошад, аммо дар намуд нав, мошиндор ном баранд, шуд. Тоҷикистон бошад ба партовгоҳи мошинҳои куҳна табдил ёфт.

Мувофиқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилӣ сабаби ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо маҳз куҳнаву фарсуда будани воситаҳои нақлиёт мебошанд. Таҳлилҳои ҳолати муҳити зист нишон медиҳад, ки қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво, асосан аз ҳисоби истифодаи нақлиёти автомобили куҳна будааст. Вобаста ба ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар бораи манъ намудани воридоти нақлиёти автомобилии соли бароришашон то 2014 қабул гардид. Қарор ба ҳуқуқи соҳиби воситаи нақлиёт будани шаҳрвандон хилоф нест, балки баръакс барои дастрасии кулли қишрҳои ҷомеа ба воситаҳои шахсии нақлиёти наву замонавӣ заминаи қонунӣ фароҳам меоварад. Алалхусус бартарият барои ворид намудани электромобил дода мешавад, ки ба фикри мо илоҷи раҳоӣ аз вартаи садамаҳо ва ифлосшавии муҳити зист, маҳз ҳамин аст!

Т. Элмуродов,

собиқадори матбуот, ноҳияи Деваштич

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube