ДАР ЯК САТР

– Аз 01.01.2024 дар Тоҷикистон нархи барқ 16% афзоиш ёфта, аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат ба 30,75 дирам баробар шуд.

– Аз 01.01.2024 нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 144 сомонӣ муқаррар гардид.

– Арабистони Саудӣ барои сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2024 беш аз 7 ҳазор квота ҷудо кард.

 – Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Россия муҳоҷирони кории тоҷикро огоҳ кард, ки дар робита ба фаъолияти худ ҳатман ВКД-и Россияро огоҳ кунанд: дар сурати акс аз Русия ихроҷ мешаванд.

– Барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳудуди 27 млн 401 ҳазору 380 сомонӣ ҷудо гардид, ки назар ба соли гузашта 212 ҳазору 540 сомонӣ бештар аст.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube