Ба озмунҳои гуногуни эълоншуда ҳеҷ сарфаҳм намеравам. 1 иштирокчии озмун рӯйхати ҳамаи он чизҳои хондаашро ба озмун пешниҳод менамояд ва доварон аз руи ҳамин феҳрист савол медиҳанду иштирокчӣ посух мегӯяд. Охир озмун бояд саволу ҷавоб бошад, не? Иштирокчӣ набояд рӯйхат пешниҳод намояд. Ин маънои онро дорад, ки иштирокчии озмун кайҳо ба саволҳои доварон ҷавоб тайëр намудааст ва саволҳо набояд аз рӯи руйхати иштирокчӣ бошанд. Саводнокии иштирокчии озмунро бояд ҳаматарафа санҷид, на ин ки аз руи “шпаргалка” амал кард. Ё ин ки дар озмунҳои фанҳои физика, астрономия, алгебра, геометрия билет тартиб додаанд, гуë, ки иштирокчӣ имтиҳон месупорида бошад…
Ғуломалӣ Асоев