ДАР ЯК САТР

 – 11.03.2024. Моҳи шарифи Рамазон оғоз шуда, мусалмонон то 9-уми апрел рӯза хоҳанд дошт.

 – 01.03.2024 дар Тоҷикистон давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2024 оғоз гардид:

-арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунандагони синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ (соли 2023 – 300 сомонӣ буд) ва барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунандагони синфи 9) бошад, 230 сомонӣ (соли 2023 – 210 сомонӣ буд) муқаррар шудааст.

– Дар соли 2024 ба 110 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон 600 сомонигӣ, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчун кумаки якдафъаина ҷудо шуда, ҳаҷми умумии он 6 млн доллар ё беш аз 60 млн сомонист.

– Моҳи марти соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо (Рӯзи модар ва ҷашни Наврӯз) 15 рӯз истироҳат мекунанд: дар ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат 21, 22, 23 ва 24 март муқаррар шуда, чун рӯзҳои 23 ва 24 март ба шанбе ва якшанбе рост меоянд, сокинони Тоҷикистон пайиҳам боз рӯзҳои 25-26 март низ истироҳат хоҳанд кард. Ба ин тариқ, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо барои сокинони ҷумҳурӣ дар моҳи март рӯзҳои зерин истироҳат аст: 2,3, 8,9,10, 16,17, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 30 ва 31.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube