Ҳамасола бо фарорасии 8-уми март рӯзноманигорон дар андеша меғутанд, ки ин маротиб чи бинависанд. Аз кадом гӯша ва ё паҳлуи обнарасидаи мавзуи бонувон сари кор бигиранд. Чунин ҳам рух медиҳад, ки навиштаи имсола ба нигоштаи соли гузашта монанд ва ё такрори парерсола аст. Ин раванд ногузир мемонад.
Мо ин дафъа, ба назар, ба паҳлуи камнавишти мавзуи таҳти назар дар зарфи 30 даҳсолаи охир – аз бонувони коммунист, инқилобчиёни оғози асри XX хоҳем ёд овард. 8 бонуи қавииродае, ки дар Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, соли 1917 таҳти сарварии доҳии пролетариати ҷаҳон Владмир Илич Ленин рухдода, ширкати фаъолона доштанд. Он заноне, ки аз ҷавонӣ дар ҳаракатҳои коммунистии охири асри XIX ва асри XX, дар баробари мардон ба сӯи қуллаи мурод гоми устувор ниҳодаанд. Бонувон – инқилобчиёне, ки воқеан дар Ғалабаи Инқилоби Октябр ва барқарорсозии Ҳукумати Советӣ, дар оғози садаи 20-ум хизмати арзанда ба сомон расондаанд. Расидагӣ ба мавзуи ирмӯзаро боис Иди 8-уми март – Иди бонувон ва кунун Иди Модарон аст. Боқӣ ҳич!…
1.Крупская Надежда Константиновна (1869-1939), иштирокчии Револютсияи Октябр дар Петроград, ходими давлатӣ ва партиявии советӣ; ёрдамчии наздиктарин ва ҳамсари В.И.Ленин. аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1898. Аъзои «Иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар»-и Петербург.
Моҳи августи соли 1896 ҳабс ва ба муддати 3 сол бадарға шуд. Бадарғаро дар деҳаи Шушенски Сибир ҳамроҳи Ленин гузаронд. Баъди бадарға ба хориҷа рафт ва котиби газетаи «Искра» («Шарора»), «Вперёд» («Ба пеш») ва дигар газетаҳои болшевикӣ буд.
Иштирокчии Револютсияи 1905-1907. Апрели соли 1917 ҳамроҳи Ленин ба Россия баргашт. Вакили Конференсияи 7-уми (апрелии) умумироссиягӣ ва Съезди РСДРП (б) (1917), аъзои Комитети партиявии ноҳияи Виборги Петроград.
Крупская супоришҳои Ленинро, ки баъди Рӯзҳои июлӣ дар вазъияти ғайрилегалӣ буд, иҷро намуда, ӯро аз рафти воқеаҳои сиёсӣ хабардор мекард. Вай дар ташкили Иттифоқи сотсиалистии коргарҷавонон иштирок дошт. Дар рӯзҳои тайёр кардан ва гузарондани Шӯриши мусаллаҳи Октябр дар Комитети ноҳияи виборгии РСДРП (б) кор карда, барои мактубҳои роҳбарикунандаи Ленинро ба КМ ва Комитети петербургии РСДРП(б) расондан, шахси бовариноки ӯ ҳисоб мешуд.
Баъди Револютсияи Октябр аъзои коллегияи Комиссариати маорифи халқи РСФСР. Аз соли 1920 Раиси Сарраёсати маорифи сиёсии назди Комиссариати маорифи халқ, аз соли 1929 муовини комиссари маорифи халқи РСФСР.
Аз соли 1924 аъзои Комиссияи Марказии Назорат, аз соли 1927 аъзои Комитети Марказии ВКП(б). Аъзои КИМУ ва КИМ-и СССР, депутат ва аъзои Президиуми Совети Олии СССР буд.
- Елизарова – Улянова Анна Илинична (1864-1935), иштирокчии Револютсияи Октябр дар Петроград, публитсист. Хоҳар ва ёрдамчии В.И. Ленин. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1898.
Иштирокчии Револютсияи 1905-1907. Аз соли 1913 дар газетаи «Правда» кор мекард, котиби маҷаллаи «Просвещение» («Маориф») ва аъзои идораи маҷаллаи «Работница» («Коргарзан»), муҳаррири маҷаллаи «Ткач» («Бофанда») буд.
Баъди Револютсияи Октябр дар Комиссариати халқии таъминоти иҷтимоӣ ва Комиссариати халқии маориф кор кард. Аз ҷумлаи ташкилкунандагони Истпарт ва Институти В.И. Ленин, котиб ва аъзои Идораи маҷаллаи «Пролетарская револютсия» («Револютсияи пролетарӣ») буд.
- Коллонтай Александра Михайловна (1872-1952), ходими ҳаракати револютсионии байналхалқӣ ва Россия, дипломати советӣ. Дар ҳаркати револютсионӣ аз солҳои 90-уми асри XIX иштирок дошт. Иштирокчии Револютсияи 1905-1907. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1915.
Солҳои 1908-1917 дар муҳоҷират, вакили конгрессҳои сотсиалистии байналхалқӣ дар Штутгарт (1907), Копенгаген (1910), Базел (1912).
Аз марти соли 1917 аъзои Комиҷроияи Совети Петроград. Вакили конференсияи 7-уми (апрелии) РСДРП(б) Съезди 1-уми Советҳо, ки дар он аъзои КИМУ интихоб гардид.
Июли соли 1917 аз тарафи Ҳукумати муваққатӣ ба ҳабс гирифта шуд. Дар Съезди VI партия яке аз раисони фахрӣ (ғоибона) ва аъзои КМ РСДРП(б) интихоб шуд. Дар байни аскарон ва маллоҳҳо тарғибот мебурд. Иштирокчии маҷлиси КМ РСДРП(б) 10 (23) октябр, ки он дар хусуси шӯриши мусаллаҳ қарор бароварда буд. Дар тайёр намудан ва гузарондани Шӯриши мусаллаҳи Октябр дар Петроград иштирок дошт.
Вакил ва аъзои Президиуми Съезди 2-юми Советҳо, аъзои КИМУ интихоб шуд. Дар аввалин ҳайати Ҳукумати Советӣ (СКХ) комиссари халқии таъминоти иҷтимоӣ (он вақт-Комиссариати давлатии баҳимоягирӣ).
Соли 1918 дар мавкеи «коммунистони чап» буд. Соли 1920 иштирокчии «оппозитсияи коргарӣ». Солҳои 1921-1922 котиби Котиботи байналхалқии занон дар назди Интернатсионали коммунистӣ.
Аз соли 1923 машғули корҳои дипломатӣ. Коллонтай дар ҷаҳон аввалин зан – сафир (Норвегия, Мексика, Шветсия) буд.
- Гопнер Серафима Илинична (1880-1966), иштирокчии барпокунии Ҳокимияти Советӣ дар Украина, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1903.
Баъди Револютсияи Феврал аъзои Комитети екатеринославии РСДРП(б) ва депутати Совет, вакили Конференсияи 7-уми (апрелии) РСДРП (б).
Солҳои 1918-1919 котиби КМ ПК(б) Украина, 1918-1922 аъзои КИМУ, 1922-1929 аъзои КИМ-и СССР. Солҳои 1927-1938 аъзои КМ ПК(б) Украина.
Вакили ҳамаи конгрессҳои Коминтерн, солҳои 1929-1938 мудири шуъбаи тарғибу ташвиқи Комитети Иҷроияи Интернатсионали коммунистӣ. Солҳои минбаъда машғули корҳои илмӣ буд.
- Арманд (духтари Стеффен), Инесса (Елизавета) Фёдоровна (1874 – 1920) арбоби ҳаракати байналмилалии коммунистӣ ва ҳаракати байналмилалии занон. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1904.
Иштирокчии Револютсияи 1905-1907 дар Россия. Соли 1911 яке аз ташкилкунандагон ва омӯзгорони Мактаби партиявӣ дар Лонжюмо (Фаронса) буд. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳон (1914-1918), дар Конференсияи болшевикон (Берн) иштирок кард. Дар конференсияҳои байналмилалии занон ва ҷавонон, конференсияҳои интернатсионалистон дар Симмервалд ва Киптал намояндаи партияи болшевикон буд.
Баъди Револютсияи Феврал ба Россия баргашт. Вакили Конференсияи 7-уми (апрелии) ва Съезди VI РСДРП (б). Аъзои бюрои Комитети москвагии партия, аъзои Думаи шаҳрии Москва. Дар тайёр намудани Шӯриши мусаллаҳ иштирок дошт. Баъди Револютсияи Октябр – аъзои бюрои Комитети губернияи москвагии РСДРП(б), Комитети иҷроия ва раиси Совети хоҷагии халқи губерниягӣ, аъзои КИМУ.
Аз соли 1918 садори шуъбаи коргарзанони КМ РКП(б). Соли 1920 вакили Конгресси 2-юми Коминтерн буд, ба кори Конференсияи 1-уми байналмилалии занони коммунист роҳбарӣ кард.
Агаджанова (Агаджанова – Шутко) Нина (Нуне) Фердинандовна (1889-1974), иштирокчии Револютсияи Октябр дар Петроград Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1907.
Баъди Револютсияи Феврал аъзои комитетҳои петербургӣ ва виборгчии РСДРП (б), депутати Совети Петербург аз ноҳияи Виборг. Солҳои 1918-1919 дар ақибгоҳи қӯшунҳои гвардиячиёни сафед (Новороссийск ва Ростови лаби Дон) ба пинҳонкорӣ машғул буд.
Соли 1920 котиби масъули КҲР-и Белоруссия. Минбаъд ба корҳои дипломатӣ машғул буд. Муаллифи сенарияи филми «Киштии зиреҳпӯши «Потёмкин» аст.
- КИМ (баъди хонадоршавӣ Ким – Станкевич), Александра Петровна (1885-1918), иштирокчии мубориза барои Ҳокимияти Советӣ дар Шарқи Дур, аввалин коммунистзани кореягӣ (аз соли 1917).
Солҳои 1914-1917 дар байни мардикорони ба Урал омада кори револютсионӣ бурд. Октябри соли 1917 вакили Конференсияи 2-юми РСДРП(б)-и кишвари Шарқи Дур, моҳи декабр вакили Съезди 3-юми Советҳои Шарқи Дур, аъзои Комиҷроияи Совет.
Яке аз ташкилкунандагони Иттифоқи сотсиалистони кореягӣ. Аз аввали соли 1918 комиссар оид ба корҳои хориҷии Совети Хабаровск. Аз тарафи гвардиячиёни сафед парронда шуд.
- Алиева Фотима Галиевна (1903-1973), яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна, иштирокчии Револютсияи Халқии Советии Бухоро. Аъзои ВКП(б) аз соли 1926.
Дар кӯдакӣ ятим монда, ба бойҳо хизмат кард. Шоҳиди Шӯриши мусаллаҳи Октябр дар Петроград. Соли 1918 ба баталиони 1-уми Полки 1-уми тирандозони тотор ҳамшираи тиббӣ шуд. Дар муҳорибаҳои аз чехҳои сафед озод кардани Қазон, зидди казакҳои сафед, дар назди Оренбург, муқобили босмачиён дар вилояти Тошканд, Фарғона ва даштҳои Туркманистон иштирок намуд.
Дар Револютсияи Халқии Советии Бухоро ба маҷруҳон ёрии таъҷилӣ мерасонд. Соли 1932 мувофиқи супориши Бюрои осиёимиёнагии КМ ВКП(б) ба Тоҷикистон омада, то соли 1953 дар мақомоти ҳизбии советии ҷумҳурӣ кор кард.
Бо ордени Ситораи Сурх, медал ва Грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонда шудааст.
Умари ШЕРХОН
