Расо 10 сол пеш, дар ҳамин шабу рӯзҳо газетаи мардумии СССР дар маҳаллаи селзадаи Кӯлобшаҳр, нахустин стадиони замонавии футболу волейбол ва машқу турнику давро кушод, ки дар таърихи матбуоти Тоҷик бесобиқа буд. То ин замон ва баъди он низ, ягон расона ба чунин иқдоми бузурги хайрия даст назадааст. Вале мо задем. Зеро Мо Метавонем!
Зимнан ҳамон гузориш бори дигар пешкашат мегардад, хонанда. Тибқи шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» мо аз дӯстони дастбахайри хеш ёд мекунем, ки дар ин амри хайр паҳлӯи мо буданд!
Мо Метавонем!!!
Ростӣ, пас аз иҷрои кори хубу назаррас, ки дар баробари 100-ҳо азобу уқубати рӯҳиву ҷисмониву пуливу молӣ насиб мегардад, одам воқеан ҳам дами осуда мекашидааст. Инро аз таҷрубаи хеш мегӯем. Зеро баъди ба истифода додани варзишгоҳи замонавии посухгӯ ба тамомии меъёрҳои аврупоӣ ва ҷаҳонӣ мо нафаси осуда кашидем ва гуфтем:
Мо Метавонем!

Идеяи варзишгоҳ…
Он аз куҷо пайдо шуд? Редаксияҳо сирри барзиёд доранд, ки ҳамакнун 1-тои онро фош мекунем. Баъди оне, ки моҳи майи соли 2010 дар Кӯлоб сели одамкуш омадаву садҳо нафарро бе хонаву дар сохта, ҷони даҳҳо нафари дигарро рабуд ва ҳазорон касро маҷрӯҳи равонӣ кард, бо амри Президенти кишвар барои ин мардум хона сохтанд, ки бо исми «Қитъа»-ҳо маъруфанд. Ба ҳама хонаҳои замонавӣ доданд, аммо аз бунёди марказҳои дилхушӣ-фароғатӣ бо шумули стадиону майдонҳои варзишӣ фаромӯш карданд. Он замон СССР навишт, ки ҳокимони маҳаллӣ, ки психологияи қишлоқӣ доранд, шаҳракҳои зиёд сохта, ҳатто 1 варзишгоҳ, ҷои дамгирии мӯсафедон, чойхона, майдони тармиму машқи атфолу наврасонро фаромӯш кардаанд. Ҷои ислоҳи вазъ, масъулин газетаи моро ба…суд доданд!

Браво Раҳмонов!
Бо гузашти 2 сол, чун дидем, ки вазъ ислоҳ намешавад, ба раиси нави ҳукумати ш.Кӯлоб, Абдулғаффор Раҳмонов муроҷеъ шудем, ки ба мо 1 пора аз қитъачаи селрасидаро диҳанд, то редаксияи мардумӣ варзишгоҳи мардумӣ созад. Ростӣ, муроҷиати мо танҳо шифоҳӣ буд ва ҳайрати моро канора набуд, ки ҳамагӣ 10 рӯз ба баъд фармони раиси шаҳр барои ҷудо кардани ин қитъа аз маҳаллаи селзада ба дасти мо расид. Браво, Раҳмонов! Дигар ҷои номус буд ва мо миёнро маҳкам бастем…Мо Метавонем!
Пештоз бояд гуфт, ки ҳамагуна ибтикори сохторҳои хусусиро ин нафар сахт пуштибонӣ мекунад ва ҳар касе мехоҳад дар Кӯлоб корхона ё варзишгоҳе бунёд созад, аслан ягон монеъа нахоҳад дид. Биёед ва бо чашми сар бинед, ки ба шумо чӣ қадар шароит дар Кӯлоб муҳайё хоҳанд кард.
Раиси ш.Кӯлоб дар тӯли ин солу моҳҳо ҳар ҳафта сари мавзеъи кор омада, бо рафти бунёдкорӣ ошно мешуданд ва шахсан белу каланд гирифта, дар бунёди ин стадиони мардумӣ саҳм мегузошт, ки ҳалолаш бод!

Брависсимо, Убайдуллоев
Барои кӯмак дар ин амри хайр мо ба чанд ниҳод муроҷиат кардем, ки бархе, бо шумули собиқ Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, муҳтарам Гул Шералӣ ва раиси вақти Ширкати Барқи Тоҷик, муҳтарам Абдулло Ёров шадидан бо мо ҳамкорӣ кардан нахостанд!
Аммо дар ин байн сафи афроде, ки ба мо дасти кӯмаку ҳамкорӣ дароз карданд, зиёдтар буд. Минҷумла, Сарвазири ҶТ, ки он замон раиси вилояти Суғд буд, Қоҳир Расулзода аз нахустинҳо шуда бо мо ҳамкор шуд. Сипас Давлаталӣ Саидов-муовини сарвазир, ки он замон раиси Кумитаи давлатии амвол буд, низ оҷилан паҳлӯи мо саф зад. Ба ҳамин тартиб, Валиев Сироҷиддин-раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, Тоҷиддин Пиров-раиси Тоҷиксодиротбонк, Маҳмадамин Маҳмадаминов-собиқ вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ (ҳоло сафири Тоҷикистон дар Амрико), Гулнора Ҳасанова-собиқ раисаи Амонатбонк, ҳоло садри Кумитаи омори ҶТ, Алишер Солиев-раиси собиқи Агроинвестбонк, ҳоло раиси дастгоҳи БМТ бари мо рост шуданд, ки аз меҳанпарастии ишон гувоҳӣ медиҳад.
Аммо хизмати назаррасро дар ин самт шаҳрдори Душанбе-Маҳмадсаид Убайдуллоев карданд, ки бо сабзаи сунъии замонавӣ (искуственный газон) майдони футболро рӯкаш намуда, тасмим доранд, ки майдони давро низ бо резинаи замонавӣ пӯшонанд. Мо аз дӯстон изҳори сипос мекунем: Мо Метавонем!

Офарин Кабиров!
Хизмати назаррасро дар бунёди ин варзишгоҳ директори тиҷоратии КВД ТалКо, Шералӣ Кабиров карданд, ки қабл аз ҳама дӯстон сари мавзеъи селзада ҳозир шуда, шахсан худашон супориш доданд, то атрофи стадион бо деворҳои бетонӣ ва панҷараҳои муосири баландсифат маҳкам гарданд. Шералӣ Олимович ҳатто бригадаи махсуси сохтмони заводи Алюминийро бо сарварии Табаров Бобоалӣ (ҳоло раиси н.Турсунзода) ба Кӯлоб оварданд. Йигитҳои Табаров дар тӯли 2 моҳи тобистони гармтарин шабу рӯз меҳнат карда, атрофи варзишгоҳро панҷарабандӣ намуда, курсиҳои бетонӣ кашиданд…
Воқеан ҳам, хонанда, агар аҳамият дода бошӣ, онҳое, ки бо газетаи мардумӣ сару кор гирифтанд, вазифа ҳам гирифтаанд, ки Худо ин ҳамаро мебинад. Вале Гулу Ёров, ки аз ҳамкорӣ бо мардум сар печиданд…ботантана дами пирӣ дар ҳолати нафақа меронанд. Мо Метавонем!

Белиссимо Сурайё ва Файзалӣ
Бо ин ҳама тантанаи мо комил намебуд, агар дар рӯзи ифтитоҳи Варзишгоҳи СССР, 20.03.2014. устодони санъат ва ҳунармандони халқии РСС Тоҷикистон Сурайё Қосимова ва Файзалӣ Ҳасанов дар он ҳунарнамоӣ намекарданд. Мо аз устодон сипосгузорем. Файзалӣ Ҳасанов агар дар ин рӯз аз пойтахт оҷилан омадаву базме ороставу сӯи Наврӯзгоҳҳои Душанбе баргашта бошанд, пас Сурайё дар ин шабу рӯз қаҳрамонӣ мекард. Хонум Қосимова 1 рӯз қабл 2 консерт дод: субҳ дар хонаи пиронсолону барҷомондагон ва касалиҳои рӯҳӣ дар н. Восеъ ва шом дар хонаи кӯдакони маъюб ва беморони рӯҳии ш. Кӯлоб. Дигар, кӣ дар Тоҷикистон ин корро карда метавонад? Танҳо Сурайё! Белиссимо, Сурайёбону Қосимова!!! Офарин ва ҳалолат бод!
Аксҳои гӯё
Ва дар охир бар тибқи масали «Мушк он аст, ки худ бибӯяд!» чанд аксро ба хонанда пешкаш мекунем, ки бо чашми сар дидаву ба мо баҳои воқеӣ-реалӣ диҳад. Хотиррас мешавем, ки ҳама аъзои Ихвон ал СССР низ дар ин амри хайр саҳмдоранд ва ин хайри ҷория то соате, ки боқисту дар он атфолу наврасон футбол мезанаду тармиму тамрини бадан мекунанд, дуои некашон ба 7 пушти шумо ҳам хоҳад расид. Инро мо мегӯем, редаксияи СССР. Ва медонед чаро? Оре, Мо Метавонем!
