11 март – Рӯзи матбуоти Тоҷик
Баъзе доираҳои сиёсӣ ва баъзе давлатҳои абарқудрат, тавре ҷаллодони таърих дар замони худ бо номи мубораки дини ислом ба кишварҳои дигар лашкар кашида, мулкҳоро ғорат ва мардуми онро қир мекарданд, бо баҳонаи таблиғи гӯё демократия кишварҳоро ноорому ҷангзада менамоянд. Муборизаи онҳо дигар хел аст. Акнун ин мубориза бештар иттилоотист ва аксар вақт аз қувваҳои зеҳнӣ истифода бурда, давлатҳоро ноором ва аз дарун фалаҷ кардан мехоҳанд.
Мо магар маҷбурем, ки ин “демократия”-ро дар он шакле онҳо мехоҳанд, қабул намоем? Мо магар маҷбурем, ки ҳар чизеро дар ғарб ва Амрико мақбул ва анъана мегардад, аз қабили тағйири ҷинс, никоҳи ҳамҷинсгароёна ва дигар зуҳроти барои милати мо бегона ва нанговарро қабул намоем. Агар не, пас чаро онҳо таблиғ мешаванд?
Пайдо шудани баъзе маводи ҳангомаангез бо забони тоҷикӣ дар ҳамин доираанд. Дар тасвири ман онҳо чун пучак (бо таъбири тиббӣ – фурункул) мебошанд, ки дар вуҷуди кишвари мо баъзан пайдо мешаванд. Пучакҳо гоҳо худ ба худ мекафанду шифо меёбанд. Аммо пучакҳои хирае низ ҳастанд, ки то онҳоро ҷарроҳӣ накунӣ, табобат намешаванд. Маводи Радиои “Озодӣ” – “120 бор ва 22 дақиқа кафкӯбӣ барои президент. Ташбеҳи Тоҷикистон ба Кореяи Шимолӣ», аз 29 декабри соли 2023 аз ҳамин қабил пучакҳост...
Паёми имсолаи Пешво, бешубҳа, аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво беҳтарин ва самимитарин каломе буд, ки пешкаши мардуми мо шуд. Дар арафаи Соли нави мелодӣ он гӯши одамонро навозиш кард, дар дилҳо эътимоду бовариро афзунтар намуд, ҳар сокини кишварро ба Сарвари давлат боз ҳам наздик сохт ва ҳиссиёти гуворои миннатпазириву шукронаро аз давлату давлатдории имрӯза тақвияти тоза бахшид.
Дар он толоре, ки мо Паёмро дастаҷамъона тамошо мекардем, ин хуб эҳсос мешуд. Ман медидам, ки одамон мешукуфанд. На танҳо он ҷое, ки Паём бо каломи Пешво бевосита ироа мешуд, балки дар толори мо низ, ки онро тавассути телевизион тамошо доштем, мардум аз ҷо мехестанд, самимона чапак мезаданд ва ҳар сухани Сарвари давлатро бо хушнудӣ қабул ва дар замири дил ҷо мекарданд. Мардум ба маъниву муҳтавои суханони Сарвари давлати худ диққат медод, ҳаловат мебурд, на чун баъзе азтагинохунчирккобон барои ҳангома ангехтан шумораи чапакзаниҳоро мешумурданд. Ин азтагинохунчирккобон, ба мазмуни Паём, ба таҳлили дастовардҳои давлати мо кор надоранд, пешрафти зиндагии моро таҳлилу қабул кардан намехоҳанд – ба сониясанҷ менигаранд, ки одамон чанд сония чапак заданд, дар калкулятор ҳисоб мекунанд, ки чанд бор аз ҷо мехезанд. Онҳоро вазифа дигар аст, барои он маош мегиранд, ки дар Ватани мо ҳадафҳои геополитикии кишвари бегонаро амалӣ намоянд. Барои ин ба ҳама кор омодаанд! Кӯшиши паст задани моро менамоянд то ба дастури хоҷагони хориҷии худ мувофиқ амал намоянд. Бо таъкиди худ, гуё тарафдори плюрализму гуногунандешиянд, вале дар амал як андеша доранд: паст задани давлат! Онҳо комёбиҳоро намебинанд ё дидан намехоҳанд. Ман ба танқид зид нестам, вале ин таҳқир аст.
Тамоми ҷумла ва ибораҳои Пешвои миллат дар бобати эҳтироми падару модар, бузургии зан, табиати биҳиштосои кишвари азизи мо, неруи ҷавонон, омӯзиши илму ҳунар, дастгирии ятимону камбағалон, нангу номус, ватандӯстӣ самимона ва пур аз ҳикмат буданд! Шунавандаро ба андеша намудан водор месохтанд, тарбия менамуданд.
Ибораҳои «Ҳар нафаре, ки нисбати падару модар ноҳурматӣ мекунад, дуои некашонро намегирад, умри бобаракат намебинад!», «То вақте, ки ҷон дорем, бояд ғамхори падару модар бошем», «Фикри фарзандонамонро кунем, шароит муҳайё намоем, дониш диҳем, зеро бесаводии миллат ин бадбахтии давлат аст», «Шахси тасодуфӣ ҳуқуқи маънавии дар соҳаи тиб кор карданро надорад!», «Мо бояд тарбия кунем, фақат қаламу қоғаз надиҳем ақлу дониш диҳем!», «Чӣ қадар маблағе, ки лозим бошад ба соҳаи илм равона мекунем», «Дар куҷое, ки набошед, ба Тоҷикистони азизи худ хиёнат накунед!» ва ба инҳо монанд, дар қатори таҳлили амиқи зинаҳои пешрафт, шарҳи ошкорои душвориву камбудиҳои ҷомеа, суханоне буданд, ки ширин чу қанд, бо ҳиссиёти дилсӯзонаву самимият изҳор мешуданд ва мавқеи амиқи Сарвари давлати моро ифода менамуданд.
Ман андешаҳоямро дар бораи ин Паём бафурсаттар ва муфассалтар хоҳам навишт. Ин ҷо мехоҳам дигар чизро ташреҳ диҳам, аниқтараш ба чанд суоли худ ҷавоб ёфтан мехоҳам: Бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ», ки дар он ҳам ҳаммиллатони мо кор карда истодаанд, чаро Сарвари давлати худро, ки барои ин сулҳу оромӣ, аз вартаи нестӣ раҳо ёфтани давлати мо чун охирин нишонаи кучак аз қаламрави Хуросони бузург арзи вуҷуд дорад, ин қадар заҳмат кашидааст, бад мекунад!? Чӣ мехоҳанд онҳо, супориши киро иҷро менамоянд? Ин амалҳо супоришӣ бошанд ё андешаронии озоди муаллиф? Чаро мо бо дасти худ якдигарро буғӣ мекунем? Чаро дар ин гуна маводи радиои «Озодӣ» номи муаллиф навишта намешавад? Ин маводро тамоми кормандон дастҷамъона менависанд ё муаллифаш аз сабти номаш метарсад!?
Ба ёд биёред, ки Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд: «Ман дидам чӣ гуна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷон ба кафи даст, зери тиру туп ба Афғонистон омад. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Бояд атрофи ӯ муттаҳид шуд ва манзалаташро гиромӣ дошт…».
Генерал Сайдамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, одаме, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баобрӯст ва аз тамоми воқеаҳо ва муноқишаҳои Тоҷикистон огоҳ, гуфтааст: “Агар Эмомалӣ Раҳмон намебуд, Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн мерафт, онро тақсим мекарданд, пора-пора мешуд, миллати тоҷик дар Осиёи Марказӣ несту нобуд мегашт. Президент давлат сохт, миллат сохт. Тоҷикони боақл бояд атрофи ӯ муттаҳид шаванд, кишварашонро ба касе бовар накунанд”. Муаллифони маводи радиои «Озодӣ», ки ин якум бор нест, гирди номи Пешвои мо иғво андохтан мехоҳанд, ин гуфтаҳоро шунида бошанд!?
Зиёда аз ин, Доналд Туск, собиқ роҳбари Шӯрои Аврупо, марде, ки чанд навбат сарвазири Полша буд ва ҳоло ҳам дар байни сиёсатмадорони аврупоӣ шахсияти хеле баобрӯст ва боз моҳи декабри соли 2023 аз нав сарвазири Полша таъин гардид, вақте моҳи июни соли 2014 ба сифати сарвари Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон омада, то кули Сарез рафта, бо одамон во хӯрда, вазъияти кишвари моро аз наздик дида буд, ба Брюссел баргашта, дар хулосаи видеоияш чунин гуфта буд: «Дар ҳақиқат, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи чунин сарваранд».
Вале кист он «яке аз корбарон дар саҳифаи радиои Озодӣ дар Фейсбук», ки Тоҷикистонро ба Кореяи Шимолӣ ташбеҳ медодааст? Номи он «яке аз корбарон дар саҳифаи радиои Озодӣ дар Фейсбук»-ро ман дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳарчанд кофтам, наёфтам. Ин ҳам шояд бофтаи хаёли муаллифи беноми маводи радиои «Озодӣ» ба хотири ҳангома ангехтан ва ҷомеаро ба роҳгумӣ бурдан бошад?
Зиёда аз ин, дар маводи дигари худ радиои «Озодӣ» – “Ба самимӣ буданаш шак дорам” (Радиои «Озодӣ», 28 декабри соли 2023) дар бораи Паёми Президент боз ҳамон принсипи плюрализму гуногунандеширо сарфи назар намуда, андешаи ду саркардаи мухолифи давлатро, ки пешакӣ маълум аст онҳо чӣ мегӯянд, оварда, кӯшиши иғвоангезӣ намудааст.
Дар ҳақиқат ҳам, чаро ҳамқаламони мо дурӯғ мегӯянд? Дар ҷавоби онҳое, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ онҳоро маҳкум менамоянд (Барои мисол – Раънои Зоирдухт: «Миллиард бор қарсаки мамнуният ба Сарвари давлату халқи азизи қадршиносам!», Каримзода Ҳақназар Изатулло: «Кормандони ин шайтонрадиои ҳиллагар амалашон фақат иғво андохтан аст!”, Муҳаммадҷон Каримзода: «Барои Пешвое, ки бо нархи ҷон барои мо сулҳу салоҳ ва амнияту суботро таъмин сохту ватанамонро ба гулистон табдил дод, карсак онтараф истад. сари таъзим фуруд меорем.”, Нуралӣ Хоркашев: “Дар гаҳвораи демократия – Парлумони Амрико чанд сол пеш Порошенко ва имсол Зеленский ҳамагӣ даҳ дақиқагӣ баромад карданд. Барои аввалӣ 55 маротиба ва барои дуввумӣ 22 маротиба сенаторҳо ба пой хеставу қарсак заданд. Бародарони “Радиои Озодӣ” чаро аз ин наменависед?», Саъдӣ Маҳдӣ: “Озодӣ, 120 маротиба кафкубии моро мебинеду беш аз 5 ҳазор кӯдаки кушташудаи Фаластинро намебинед? Ҳар рӯз беш аз 115 кӯдак дар Фаластин кушта мешаванд. Шумо дар фикри маошед, ки мабодо хоҷагонатон онро қатъ накунад. Ана журнализм!”, Хуршед Зиёӣ: “Аз Ватан гӯяд сухан мо бар Ватан қарсак занем”, шеъри олии Абдулло Раҳнамо ва боз ҳазорҳо ибрози андешаҳо) чӣ мегуфта бошанд?! Агар рӯ ба рӯ оянд, ба чашми ин мардум, ки аз давлату Сарвари давлати худ ифтихор доранд, чӣ хел менигаранд?
Ин гуна маводи радиои “Озодӣ” тарафдор надорад. Ман дидам, ки дар поёни ин маводи радиои «Озодӣ» касе шарҳе нанавишта, онро тарафдорӣ накардааст, касе онро иқтибос намуда, ба дигаре нафиристодааст. Яъне, касе онро қабул насохт…
Ман доктринаи радиои “Озодӣ”-ро медонам, медонам, ки он аз тарафи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад, 1 воситаи паҳн кардани таблиғоти Амрико ва умуман манфиатҳои ИМА мебошад ва аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле боқудрат аст. Вале гумон намекунам, ки соҳибони радиои “Озодӣ” аз хабарнигоронашон маҳз ахбори дурӯғ ва ҳангомаангезро талаб мекарда бошанд. Бо суханони пучу андешаҳои бемантиқ иғво афкандан нишони маҳорати журналистӣ ва профессионализм нест. Наход коргарони бахши тоҷикии ин радио, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон, вазифадор бошанд, ки кишвари худро дар ҳар фурсати ба онҳо қулай бо сабабе ё баҳонае бояд паст зананд? Дар зери таъсири Амрико ва Ғарб, магар мо бояд аз вижагиҳои миллии худ, масалан эҳтироми сарварон ва калонсолон, даст кашида, бо навои дигарон рақс кунем?! Кӣ кафолат медиҳад, ки рӯзе соҳибони ин радио моро маҷбур намекунанд, ё худ, ба ибораи худи онҳо гӯем – “тавсия намедиҳанд”, ки никоҳи ҳамҷинсонро ба роҳ монем ё иҷозат диҳем, ки одамон ҷинси худро тағйир диҳанд? Воқеан, аввалин нишонаҳои он пайдо шуда истодаанд. Вақте дар бораи дар Юнон аз тарафи парлумони ин давлат ба никоҳи ҳамҷинсгароёна иҷозат додан хабар ҷо шуд (Ман ҳам намефаҳмам бо кадом мақсад ин дар саҳифаи тоҷикии радиои “Озодӣ” ҷой шуда бошад?), шахсе бо номи Абдуллоҳ Қодирӣ шадидан изҳор намуд, ки “Ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ҳамҷинсгароӣ тавассути Радиои “Озодӣ” – ро шадидан маҳкум менамоям!”. Нафарони зиёде ба ӯ изҳори ҳамфикрӣ карданд. Даҳҳо ин гуна мисолҳоро овардан мумкин аст.
Тавре гуфтем, ин радио, ки аз тарафи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад, таблиғгари “дастовардҳо”-и демократии ин абарқудрат аст! Дастандаркорони он аз ҳисоби ҳаммиллатони мо алаккай мебинем, ки “ба ҷои салла, калла меоранд”.
Аз дигар тараф, ягон бор ягон кас хондааст, ки ин радио дар бораи дастоварде, ташаббусе, ободкорие дар Тоҷикистон чизе навишта бошад? Ба гумонам, ки не! Баръакс, онҳо моро бо Кореяи Шимолӣ монанд карданӣ мешаванд!? 1 исботи дуруғ будани ин андешаи охири онҳо ҳатто дар Тоҷикистон амал намудани ҳамин шуъбаи тоҷикистонии ин радиост. Магар дар Кореяи Шимолӣ шуъбаи ин радио метавонад вуҷуд дошта бошад ва дар бораи ин давлат чунин ахбори сохтаву бофтаро паҳн намояд?! То ҷое ман огоҳам, онҳо аз Сеул истода, дар бораи Пхенян ахбори худро паҳн менамоянд.
Ман аз дигар чиз ҳарос дорам, касе ин оромиву осоиш, касе ин бунёдкориву шукуфоиро намебинад ё дидан намехоҳад, мабодо кӯр нашавад?! Касе, ки дидаву дониста ба давлати худ, ба ҷомеае, ки дар он зиндагӣ дорад, ба чӣ хотире набошад, зарар меорад, оқибат радди маърака мешавад. Худо нигоҳ дорад… Баъд, боз дили мо месӯзад. Мо, ба ғайр аз худи мо, дигар ба касе даркор нестем. Шираву шарбатамонро меҷабанду баъд вақте чун лимуи афшурда нодаркор шудем, аз баҳрамон мегузаранд.
Тавре дар муқаддима гуфтам, дар вуҷуди зинда, ҳарчанд он тозаву тамиз ҳам бошад, баъзан пучак, ба истилоҳи тиббӣ фурункул, пайдо мешавад. Онро аввал маҳлулу малҳам мемоланд, ба ибораи халқӣ, гармикорӣ менамоянд. Сиҳат нашуд, мебуранд, ҷарроҳӣ менамоянд, ҳарчанд, ки буридан хеле дардовар аст… Худо шоҳид, ки ман низ ин ҳамаро навиштан намехостам. Вале ин аввалин маводи таҳқиромез ба хотири ҳангома ангехтан нест, ки дар саҳифаи радиои «Озодӣ» мехонам. Маро он хотираҳои пур аз даҳшат ва ҳузне, ки аз давраи нооромиҳои Ватанам дар дил дорам, он ҷангу хунрезиҳову беҳуқуқиҳое, ки шоҳид будам, раванди хеле душвори барқарорсозии сулҳу салоҳ, ташкил ва таҳкими давлатдории навин, ҳиссиёти миннатдориву шукр аз имрӯзи ором ва зинаҳои рушди Ватан водор намуд, ки андешаҳоямро нависам. Чанд бор аз нав рӯнавис намуда, камаш 10 бор хондаву таҳлил намудам, ба чанд ҳамқалам фиристодам, то хонанду андешаҳояшонро иброз доранд. Мақсад: ба иззати нафси касе нарасида бошам, касеро таҳқир накарда бошам…
Вале вақте мебинӣ, ки муаллифи радиои «Озодӣ» ба иззати нафси миллионҳо одамон, алалхусус онҳое, ки Президенти Ҷумҳури Тоҷикистонро интихоб намудаанд ва бо Пешвои худ ифтихор доранд, расидааст ва дар ин қатор ман низ ҳастам, магар метавон хомуш буд?!
Ман Ватани худро дӯст медорам, ба қадри ҳар нафаси зиндагии ором мерасам, хидматҳои Пешвои миллатро самимона қадр менамоям ва барои ҳамин хомуш нишаста наметавонам. Виҷдонам намемонад, ки моро таҳқир намоянд!
Нозирҷон Ёдгорӣ,
узви Иттифоқи Журналистони СССР, узви Иттифоқи журналистони РСС Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони ҶТ
