РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: БА ДЕҲАИ МАТРУК РАВ!

29.02.2024. Соат ба вақти Бохтар 11:31 дақиқа. Баъди шикоятҳои пайдарпайи сокинони деҳаҳои Дӯстӣ ва Шодиободи шаҳраки Бохтариёни н.Кӯшониён, ки мехостанд ҳайати эҷодӣ аз ҳолу аҳволи ва зисту зиндагонии онҳо дар фасли сармо огаҳ бошанду ба дардашон расидагӣ намоянд, мо роҳ гирифтем ба самти ин деҳаҳо. Боду ҳаво хело номусоид ва барф шиддат дошт, аммо чун супориши редаксионӣ буд, ба барфу борон нигоҳ накарда, рафтем.

Ҳарчанд бовари сокинони ин деҳаҳо ба тамом кайҳо мондаасту дигар ба касеву чизе умед намебанданд, лек ночор бо 100 азоби алим зиндагиро дар ин деҳаҳои бидуни шароит ихтиёр кардаанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама нобасомониҳо онҳоро инҷо чизе нигаҳ медорад. Он чист?! Дар идома хоҳӣ фаҳмид хонандаи азиз! Мо метавонем!

Деҳае, ки фаромӯш шуд?

29.02.2024. Соат ба вақти Бохтар 12:20 дақиқа. Аз совхози ба номи Файзалӣ Саид роҳбаладе бо исми Хайридин Садиров моро ҳамроҳӣ намуд, ки сокини ҳамон деҳ аст. Ҳарчанд акои Хайриддин борҳо таъкидамон кард, ки роҳ хело мушкил, мо исрор намудем, ки вақте омадем, бояд ҳатман бо муҳити деҳа ошноӣ пайдо кунем. Ногуфта намонад, ки мо то ба ин деҳа даромадан анқариб 1,5 км роҳро пиёда рафтем. Чун роҳҳои ноҳамвору пур аз лою гил буд, мошинамон дар лой ғутид ва мо маҷбур шудем роҳро пиёда давом диҳем. Барфҳои калон – калон ба сару рӯямро борида, моро мисли Санта Клаус карда буд. Бовар кун хонанда!

Раҳораҳ суолҳои бешуморе оромам намегузошт, ки наход дар 32 соли ободгароию бунёдкорӣ боз будааст, ҷойе, ки аз мадди назари мақомоти маҳал берун мондааст? Сукути мансабдорон барои чист?

Холаи Санавбар, 1 сокини ин деҳа мегӯяд, соли 1999 дар натиҷаи баланд шудани оби дарёи Вахш чанд манзили истиқоматӣ ва масҷиди деҳаи ҳамон вақтаи Дустӣ зери об монд:

Барои 5 оила 2 км дуртар аз деҳа замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуданд, ки яке аз он оилаҳо мо ҳастем. Ҳамон вақт раисони давр ваъда доданд, ки барои зиндагонии ин сокинон ҳамаи шароити заруриро муҳайё мекунанд. Аммо то ҳол касеву чизе ин шароитро бароямон беҳтар насохт, ки неъ. Танҳо охирин умедамон рӯзномаи мардумии СССР аст, – мегӯяд холаи Санавбар.

Дастури Оқил Оқилов ё ҳаволаи тақдир

Холаи Санавбар 22 сол аст, ки сокини ҳамин деҳа мебошад. Тавре дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи мардумии СССР афзуд:

   – Дар хонаамон 1 халта мактубу аризаву дархост дорем. Аммо ҳамааш бефоида. Ба куҷое, ки наравем «ҳал мекунеммегӯянду баъди муддате боз сокит мешаванд. Мушкилоти асосии мо надоштани барқ, оби нӯшокӣ, набуди роҳ ва аз таълиму тадрис дур шудани фарзандон мебошад, ки боиси дилсардии хонаводаҳо гаштааст. Рӯзҳои сардӣ фарзандонамон аз ба мактаб рафтан метарсанд. Чунки то расидан ба мактаб либосҳояшон пур аз лой мешаваду имкони дарсхонӣ аз даст меравад, –  гуфт холаи Санавбар.

Ҳамзамон ҳамсӯҳбатамон бо таассуф иброз дошт, ки бо супориши собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов раиси собиқи вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов вазифадор гардида буд, ки ин 5 оиларо дар наздикии деҳа бо замин таъмин намояд. Аммо супориш бо сабабҳои норавшан амалӣ нашуд.

Тобистони бебарқӣ ва батареяҳои офтобӣ

– Соли 2016 бо супориши муовини Сарвазири вақти мамлакат Азим Иброҳим, раиси собиқи ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор низ вазифадор гардид, ки дар кӯтоҳтарин фурсат моро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин созад. Мутаассифона, раиси ноҳия низ ба ваъдааш наистод. Рузҳои қабули раиси ноҳия борҳо рафта, аз мушкилоти чандинсолаамон гӯшрас кардаем. Аммо боз ҳам ваъда асту амал не!

Набудани барқ, ҳамасола зимистон мушкилоти рақами 1 асту дар тобистон шукр сокинони дигари кишвар онро фаровонӣ мебинанд, вале мо тобистон ҳанӯз ҳам шабро бидуни барқ сипарӣ мекунем, – таъкид дошт холаи Санавбар.

Барои исботи гуфтаҳояш мо ба батареяҳои офтобии болои боми хонаҳояшон, ки худсохт аст, нигариста, боварӣ ҳосил намудем. Ин батареяҳо қувваи офтобро ҷамъ намуда, барои лампаҳои каммасрафи дохили хона кифоягӣ мекунаду бас.

 

23 соли бесаводӣ

Дигар ҳамсӯҳбатамон Гулнигор Худойдодова буд.

– Аз сабаби дур будани роҳ ва сардиву гармиҳо 2 фарзанди аз таҳсил дур монда, савод нагирифтаро, ба шавҳар додам. Пеши фарзандон худро қарздор меҳисобам. Роҳ, ки дур аст, мошинҳои сабукрав то ба хонаҳои мо омада наметавонанд. Бозорӣ карда, онро бо азобҳои зиёде то хона меорем. Барои кирокашҳо маҷбурем то 30- 40 сомонӣ пардохт намоему зораву тавалло кунем, ки борро то хона оранд. Ронандаҳо мегӯянд: “Мошинам то хонаи Шумо вайрон мешаваду харҷаш аз роҳпулии Шумо гарон меафтад!»-бо ҳасрат мегӯяд Гулнигор.

Бачагиям бо хушачиниҳо гузашт

Бо Муҳаммад Садиров, наврасе, ки барои харид аз мағоза 1,5 км роҳро дар ҳамон боду борон тай карда буду ба ҳолаш раҳми кас меомад, вохӯрдем. Аввал чизе гуфтан нахост, аммо чун фаҳмид барои давои дардашон омадаем, лаб кушод:

– Аз тамошои телевизор маҳрумем. На барқу на роҳ ва на кӯдакиву наврасии ҳақиқӣ. Мо намедонем боғчаи кӯдакона чист, арғунчаку бодпарак ва дигар машғулиятҳоро орзу мекунем, ки кай мо ҳам ободӣ равем – афзуд ӯ.

Шуғли дӯстдошта ва дастраси ин кӯдакон бо қуттиҳои холии нӯшокиҳо бозӣ кардан аст. Кӯдакони деҳа мегӯянд, мо то ба мактаб даромадан ба пойҳоямон пойафзолҳои резинӣ пӯшида меравем. Дигар пойпӯшамонро дар дастамон мебарем. Сокинон гиламанд аз онанд, ки ҳангоми касаливу беморӣ наметавонанд саривақт ба ёрии тиббӣ такя кунанд. Чун то нақлиёт меёбанду ӯро розӣ менамоянд, ҷони бемор дар хатар мемонад.

Пешниҳоди сокинони деҳ

Дар он мавзеъ, ки ба ин 5 оила замин ҷудо гардидааст, имкони ба дигар оилаҳо ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ вуҷуд дорад. Агар ба 15-20 ­оилаи дигар замин ҷудо гардад, дар якҷоягӣ онҳо метавонанд мушкилоти мавҷударо худашон бартараф намоянд. Агар ин кор амалӣ гардад, деҳаи нав бунёд ва марҳила ба марҳила дигар камбудиҳо низ аз қабили набуди мактабу бунгоҳи тиббӣ, бунёди роҳ бартараф хоҳад шуд. Зеро сокинон ин деҳаро беҳтар аз Тахти Сулаймон медонанду дар хокаш мадфун шуданро авлотару болотар аз ҳама ганҷҳо мешуморанд.  Мо пайгири мавзуъ мемонем. Мо метавонем!!!

 

Нуриддин Қосимзода,

 СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube