Салом СССР! Ман ба унвони директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори 5-ум аст, ки ариза навишта, аз кори нодурусти масъулини Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд шикоят мекунам. Мутаассуф, аризаи ман ҳар вақт ба Прокуратураи вилояти Суғд баргашта, посух якхела аст.
Дархости ман он аст, ки кормандони ин Агентӣ дар вилояти Суғд ва хосса ш.Исфара нафақаи давраи солҳои 1999-2000-и маро бозбинӣ ва аз сари нав ҳисоб кунанд, зеро маҳз ин соли корӣ ба нафақа ворид карда нашудааст. Вале чаро ин корро намекунанд, намефаҳмам, лоақал посухи аниқу мушаххас нест. Дар ин бора ба Прокуратураи вилояти Суғд низ муроҷиат кардам, ки чаро ба аризаи ман расидагӣ намекунанд, вале ҳеҷ посухи қонеъкунанда намегирам. Чаро?
Рафибой Эркаев,
К.Ф.Аттор, №116,
ш.Исфара
