Саидислом Сафаров, духтур, корманди Маркази саломатии №2-и ш.Кӯлоб бо редаксия тамос гирифта (тел: 987338900), гуфт, ки ба ширкати «Барқи тоҷик» 1 пешниҳод дорад.
– Тавассути газетаи СССР ба роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» муроҷиат намуда, пешниҳод дорам, ки ин ширкат дар рӯзҳои сарду пурбарф ба воситаи ТВ ва сомонаҳои хабарӣ акси обанборҳои яхзадаи кишварро намоиш диҳад. Мардум инро дида, каме бошад ҳам дарк мекунанду ором мешаванд. Вагарна ин гуна бехабарӣ боиси пайдо шудану бухсу кина, қаҳру ғазаб ва нобоварӣ ба ҳукумати марказӣ шуда истодааст. Ҷавононро бо хомӯшӣ гумроҳ насозед, агар мушкил ҷо дорад, намоиш диҳед. Мо насли калонсол мефаҳмем, вале ҷавонон не…
