ЧАРО ТАЛОҚ ШОҲИД НАДОРАД?

Соли 1986 маро аҳли деҳаи Қалъаи –Пушқоқ ба вазифаи бе пули ҷамъиятӣ, яъне раиси маҳалла интихоб карданд. Дар давоми 5 соли фаъолият бо 9 ҳодисаи талоқ бархурдам, 7 оиларо оштӣ дарондем, 2 оила бо сабаби бефарзандӣ бе ҷангу ҷанҷол ва дар шоҳидии ҳамсоягон ҷудо шуданд.

Қаблан агар ҷавон аз занаш ҷудо мешуд, ӯро аҳли деҳа, носолим (девона) ҳукм мекарданд. Агар ин ҷавон бе гуноҳ, бе далел аз ҳамсараш ҷудо мешуд, ҳатто бригадири пешқадам бошад ҳам, аз партия озод ва дар ягон маъракае роҳ намедоданд. Никоҳ бо шоҳид, талоқ низ дар он солҳо бо шоҳид буд. Имрӯзҳо чӣ?  Ҷавони эрка, хоҳ деҳотӣ бошад, хоҳ шаҳрӣ, 2 тангаро ёфта, ҳатто бе хабар аз падару модар ва хешу табори духтар, ба воситаи мактубу телефон номи талоқро мегирад, намедонад ин калима даҳшати зиндагӣ ҳам барои худаш ва ҳам барои ин духтарак асту доғи сиёҳ меорад.

Зайнулло Раҷабалиев,

аъзои ИЖТ,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube