МОРО ФАРОМӮШ НАКАРДАНД!

Салом СССР! Дар арафаи соли нави мелодии 2024 раиси Иттифоқи касабаи илм ва маорифи н.Вахш Азизулло Неъматзода, сарвари ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и н.Вахш Гулов Абдуҷаббор, раиси иашкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи ҳамин муассиса Намозалӣ Муҳтоҷев хона ба хона гашта, омӯзгоронеро, ки 45-50 сол дар таълиму тарбияи насли наврас заҳмат кашида, мӯйи сар сафед карда, ба нафақа баромадаву ҳоло давлати пирӣ меронанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд. Муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Муқаддас Ҳайдарова, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муаллимаи фанни таърих ва ҳуқуқ Сайбӣ Эрназарова, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муаллимаи фанни математика Рӯзигул Шаиманова, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муаллими фанни математика Собир Қирғизбоев, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон –  муаллимаи фанни химия ва биология Почохон Туйчиева, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муаллимаи фанни физика Каромат Муҳаммадиева, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муаллимаи фанни олмонӣ Тоҷинисо Хусанова, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Робия Бозорова, муаллимаи фанни биология – Назурбӣ Зуҳурова бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд карда шуданд.

Ба ҳама масъулин миннатдорӣ баён мекунем, ки мо омӯзгорони аз ҳамин муассиса ба нафақа баромадаро дар соли нав фаромӯш накарданд.

Ҳазратқул Бобохонов,

муаллими синфҳои ибтидоии мактаби №6,

н. Вахш

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube