РЕЗААХБОР

   05.03.2024. Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбии муҳлати хизматро адокарда ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расонид, ки тибқи он хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, аз сафи Артиш ба эҳтиёт рухсат дода шуда, шаҳрвандони соли таваллудашон 1997-2007, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат даъват карда мешаванд.

   Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ ҳамчунин барои пардохти ҷарима дар ҳаҷми 76 ҳазору 800 сомонӣ муваззаф гардидааст.

  Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамзамон ба Рустам Абдуқодир бо моддаи 189 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 солу 6 моҳ таъин кардааст.

   Ширкати «Барқи тоҷик» ваъда дод, ки дар моҳи Рамазон ба муддати 8 соат: аз соати 04:00 то 8:00-и субҳ ва аз 17:00 то 21:00-шом минтақаҳоро бо барқ таъмин хоҳад кард.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube