ДАШНОМПАРАСТОН

Ҳама шаб дар ин ғусса то бомдод,

Сақат гуфту нафрину душном дод

 (Саъдӣ)

Дашном, душном, дар лаҳҷаҳо душмон, наздикӣ ба вожаи душман дорад. Савтиёт аст дигар. Вале ин ки дар деҳу қасабаву қишлоқу музофот ҳар лаҳза душмон меғнавем, проблемаи миллӣ нест. Мушкил он аст, ки дар кӯчаву хиёбону маркази пойтахту дигар шаҳрҳои бузургамон низ гӯшҳоямон ба ҳақорат одат кардааст. Фарҳанги дашномпарастӣ тамомии фарҳанги 7000-солаи моро маҳв сохтааст. Дигар, фарзи мисол, муллоҳо, барои даҳони Абдуқодири Зардуштро бастан, аз ояту ҳадис на, ки аз ҳақорату тавҳину таҳқир кор мегиранд!

«Ин ҳам гӯр-ба!»-гуфти Ортиқи Қодир. Дашному ҳақорат душмону таҳқир аз фарҳанги гуфтугӯӣ бар навиштор асар кардааст. Шеъру тарона пур аз ҳақорат. Навиштор пур аз таҳқир! Ва ин ҳамаро шоирону удабои баркамол бар ҳамдигарӣ раво мебинанд. Ҳақорат дар ашъори клоссиконамон низ буд. Вале чӣ душмоне, пероста бар симу зарри санъатҳои бадеӣ. Фарзи мисол, Ҳозиқ мегуфт:

Гар туро ман қозии ҳоҷот хонам, месазад:

Хонаи ту гашта ҳоҷатхонаи аҳли замон!!!

Ё Ғолиб сахттарин душмонро дар баробари визавӣ корбаст кардааст:

Ҳамчу ту ноқобиле дар сулби одам дида буд,

Зин сабаб шайтони малъун саҷда бар Одам накард!

Фирдавсӣ ҳам дашном додааст:

Зи нопокзода мадоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед!…

Бедил фузунтар рафтааст:

Идбори марду занро нагзошт ном иқбол,

То пушт барнатобад бар зан яқин кӣ дорад?

Фонӣ шоҳи давр – Зафарро мазаммате кардааст, ки арми қатлашро баровард. Вале душномро бинед чӣ зебост:

Гӯ: Зафархон об шав, имшаб, ки Фонӣ ин ғазал,

Дар Аллаҳобод пеши қадрдоне кардааст!!!

Ва танҳо маломатгӯён, ҷараёни тасаввуфия дар шеър сахттарак мегуфтанд. Мисли Сино, ки ба дод омадаву ҷамъиятро дашном мекард:

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харист,

Ҳар, к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд!

Хайём умқан фаротар меравад:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Вардоштаме ман ин фалакро зи миён!!!

Бинед чӣ зебост! Вале ба ном «шоирони муосири мо» ҳамту ҳақорат мекунанд. Душноми сахт, мисли беваҳои сарикӯчагӣ ба ҳамдигар медиҳанд…

Журналистика-ку тамоман дашномхона гардидааст. Ва мутаассуф, ба ҳақорату душмон онҳое сар кардаанд, ки пиранд, солдидаанд, дар синни бознишастагӣ ва нафақаанд. Ҳатто мӯсафеду кампираконе, ки бояд насиҳат кунанд, бо алфози қабеҳтарин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дашном медиҳанд ва худро фаъоли ҷамъияти шаҳрвандӣ мехонанд ва шабу рӯзашонро дар семинару вебинарҳои хориҷиён мегузаронанд. Агар ин хориҷиён Тоҷикиро медонистанду навиштори ин солдидаҳои журналистикаи моро мехонданд, 200% бовар дорам, аз ишон куллан рӯ метофтанд! Принсип доранд онҳо!!!

Вале мо, аъзои ИЖТ ин ҳамаро мебинему мехонему медонем ва боз дар ҳар ҷамъият ба ҳарфи инҳо гӯш медиҳем ва тасаввур мекунем, ки чизе нашудааст. Чунки аз ҳақорату душмони баъдияшон андеша мекунем. Яъне чӣ? Яъне дашному таҳқир аллакай ба экстремизму терроризми равонӣ бадал шудаанд. Зимнан БОЯД коре кард дар ин самт, садди чиноӣ бубояд гузошт ба ин пиракиҳо, ки ин мараз, «старческий маразм», аз ишон бар ҷавонон асар накунад!!!

300% гарав мебандам ин солдидаҳо чӣ зану чӣ мард, сари мастӣ ин ҳамаро менигоранд. Мешинанд, мезананд 150-200 гр ва шери майдони ФБ мешаванд. Эҳтиромона аз ҳама ҳамкасбон хоҳиш дорам, «маст сари компутер нашинед!». О, худатон медонед, ки ман рост мегӯям ва шумо ҳамингунаед. Намегӯям, намозу рӯза доред, ки синнатон ҷое расида. Просто мегӯям, маст чизе нанависед. Зеро то ҳушёр шудаву ин ҳамаро ислоҳ мекунед, ки…боз бегоҳ маст мешаведу боз ҳамон аҳмади порина. Ягон нафар гунаҳкор нест, ки шумо дар пирӣ тани танҳо мондаеду бе ватану бе муттакое. Гиребони худ бӯй кунед ва тавбаву истиғфор намоед. Шояд Худо шуморо бубахшад. Зеро Ватан ва касаба (мебахшед, ки ин ҳақиқатро менависам!) дигар шуморо нахоҳанд бахшид. Ӯ лакбахш аст. Инҳо на…

Бозгашти DON

04.03.2024. Соат ба вақти Душанбе 19:00 дақиқа. Ин шаб дар толори Маркази Оши шаҳри Душанбе 1 маъракаи ғайриоддие баргузор гардид, ки сабаби навиштори ҳамин матлаб шуд. Ончунон бо ҳамтоётни худ Тоҳир Назару Афсонаву Орзу Исо алам кашидем, ки қариб мегиристем. Зеро тантанае, ки санъаткорон баргузор карданд, моро умқан ба андеша водор намуд, ки чаро мо-журналистон чунин нестем? Хуб чӣ шуд ин шабу чӣ гузашт?

…Баъди 20 соли зиндону муҳоҷирату маризии тӯлонӣ, нафаре бо исми Бахтиёр ва тахаллуси DON ба саҳна баргашт. Ин нафар замоне устоди кори хеш буда, вале тақдир аз ӯ рӯ тобиду ба моҷароҳо печид. Вале бо ин ҳама, баъди 2 даҳсола бо триумф, суруди нав, клипи беҳамто, оҳангу банду басти мусиқавӣ ва шукӯҳу шаҳомате, ки шояд дар Осиёи Марказӣ назираш набудӣ, ба саҳна баргашт. Ва вақте ӯ баъди 3 соати интизорӣ ва гуфтугузорҳо дар борааш, ба саҳна баромад… 84 санъаткоре, ки дар толор даъватӣ буд, нагузоштанд ӯ 1 суруд хонад. Ҳама, таъкидан, ҲАМА бо ашки шодӣ ба толор тохтанд ва новобаста аз садгузории ровиён ва муҳофизон, саҳнаро забт карданду Бахтиёри бозгаштаашонро, амсоли Яъқуб, ки Юсуфи гумкардаашро, бар оғӯш гирифтанд. Консерт дигар бо ҳамин тамом шуд! Зеро дигар ягон суруд, тарона, чангу чағона наметавонист ҷои ин самимияту муҳаббати санъаткоронро ба ҳампешаи 20 сол гумкардаашон гирад. Бозгашт, ҳамин гуна унвон дошт, ин маъърака, беҳтарин БОЗГАШТи ҳунарманд пеши ҳамтоён шуд…

…Ва ана акнун тасаввур кун, хонанда, ҳампеша, ки кадом журналисти 10-20-30 сол пеш рафтаамон баргардад, ҳамтоён ӯро чунин пешвоз мегиранду оғӯш мекушоянд? Пешвоз 1 сӯ. Кадом собиқ журналисти солдидаву пиру фартути қазоқиву аврупоиву амрикоии мо аслан ба чашми ҳамкасбонаш, ки 10, 20, 30 сол онҳоро дашном кардааст, метавонад нигоҳ кунад??? Суоли матраҳ аст, албатта…

Журналистони маҳаллӣ чӣ? Оё барои 1 тикка нон, 1 пули пучак, ки 1 раисаке 1 сарватмандаке додаву моро ба ҳам амри ФАС медиҳад, сояи якдигарро аз девор наметарошем? Кормандони расонаҳои хориҷӣ ва грантхӯракони хориҷӣ чӣ?

Нафурӯшед зи ночорӣ яке виждонро,
Умри кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад!!!

Иди касбӣ ва Рӯзи Матубот муборак, журналист!!!

Мо Метавонем!

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube