ДАР ЯК САТР

    Бино ба иттилоъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар кишвар 179 рӯзнома, аз инҳо 126 давлатӣ ва 53 мустақил, 154 маҷалла, аз инҳо 129 давлатӣ ва 25 мустақил, 110 матбаа, аз инҳо 21 давлатӣ, 89 мустақил, 27 нуқтаи фурӯши китоб, аз ин 1 давлатӣ, 26 мустақил, 12 нашриёт, аз инҳо 6 давлатӣ ва 6 мустақил, 6 агентии иттиллоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 5 мустақил ба қайд гирифта шудааст. 

  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз камчин шудани гази моеъ нигарон набошанд – интиқоли гази моеъ аз давлатҳои содироткунандаи гази моеъ ба ҷумҳурӣ маҳдуд нагардидааст.

 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 340 хоҷагӣ дар 435 деҳаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои вилояти Суғд пешниҳод додааст, ки ба ҷойҳои бехавф бикӯчанд.

 Сар аз 22 июл дар назди Раёсати Вазорати коҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ ба фаъолият оғоз кард. 

 КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъкид медорад, ки то соли 2032 аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо, ҷамоатҳо, кӯчаҳои мамлакат бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube