01.10.2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз ва ҷавонони соли таваллуди 1996-2005 даъват мешаванд.
Гарон шудани нархи гандуми воридотӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон – 1 тонна 350 доллари ИМА яке аз сабабҳои қимат шудани нархи орд дар кишвари мо шудааст: Моҳе қабл нархи 1 тонна гандум 240 доллар буд.
Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд.
Беш аз 20 фурудгоҳҳои маҳаллии кишвар бо шумули фурудгоҳҳои ш.Исфараву Ҳамадонӣ ва Фархор ба тавозуни Вазорати мудофиаи кишвар гузаронида шуданд.
Дар Тоҷикистон боз 1 сохтори дигар дар соҳаи маориф – Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис ёфт.
