Рara bellum

Si vis pacem, para bellum, масали лотинӣ, ки тарҷумааш ин аст:
…Сулҳ мехоҳӣ? Ба ҷанг тайёр шав!!!
Имрӯз миллитаризм ё идеологияи мусаллаҳшавии кулл ҷаҳонро фарогир печидааст ва он нафаре, ки фикр дорад, бо шеъру адабу фарҳангу насиҳат метавон пешрафт кард, иштибоҳ ҳам не, хиёнат ба сарзамини хеш мекунад. Чӣ амрикоӣ бошаду чӣ урусу чӣ хитоиву тоҷику укроину гурҷӣ… Зеро олам ба марҳалаи навин, марҳалаи тақсимоти марзу бумҳо, колонияҳои нав, забту сабти конҳои маъдану гозу нафт даромадааст ва ин давра шояд сабаби аз байн рафтани 1 сивилизатсия шавад: ликвидатсияи даврони тилоии одамият, ки сар аз даврони Куруши Кабир то кунун инсоният месохт. Чунки ин ҷанг метавонад бе ғолиб ва бо 1 зарбаи атомӣ хатм шавад…
…Агар бо зӯри пилу табъи шерӣ,
Макун бо оташи сӯзон далерӣ!!!
14.09.2023. Дар Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти ҶТ, дидори 5 раисиҷумҳури Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид. Вохӯрии мутаносибан судманд, ки рӯзи 15.09.2023 давом кард, бар нафъи кишварҳои ҳамсуд ва шарикони осиёист ва ба он рӯ овардани Илҳом Алиев – президенти Озарбойҷон муҳимияти ин дидорро таъкид месозад. Вале ҳамагӣ 1 рӯз баъди ин саммит, изҳороти раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Қирғизистон, собиқ ҷинояткор ва зиндонии дар ҳолати гурез қарор дошта (хатти барот ё авфаш ҳоло имзо нашудаву ин нафар расман «тюремшик» аст!!!), генерали худкома (бидуни тай кардани рутбаву низомҳои маъмулӣ якбора генерал шудааст!!!), оқои Қамчибек Ташиев садо дод. Ӯ дар 1 жожнома Тоҷикистонро таҳдид кард, ки агар аз даъвои марзӣ даст накашад, санаду ҳуҷҷате дорад, ки собит месозад, заминҳои имрӯзаи давлати мо низ шомили қирғиз будаанд ва метавонад дар сурати лозима аз қувва истифода кунад. Шояд Ташиев ягон эпоси «Манас» – ро аз ягон дуторие шунидааст дар ин бора? Шояд! Вале агар ба ҷидд бигирем, суоли риторикист, ки чаро Ташиев маҳз дар ҳамин соате, ки собиқ «ҳамкамерааш» – Президенти Қирғиз дар Душанбе буд, чунин изҳорот пахш кард?
Дуруст аст, ки ин нафар саводи сиёсӣ 1 сӯ, усулан донишу хирад ҳам надорад, вале КИМ ин бесаводро ба чунин даъвои бисёр хатарбор тела дод, суолест посухталаб. Ва ин дар ҳолест, ки изҳороти Ташиев ҳамакнун харитаҳои усулии кишварҳои ОМ-ро, ки дар солҳои 1924-1932 матраҳ шудаанд, ба дасти бод медиҳад. Яъне дилхоҳ давлат метавонад, талаби территорияи то инқилоби 1917 кунад?! Қамчибек Ташиев – генерали худхонда, ба оташи фитнаи кӣ равған мерезад, ки мегӯяд:
– “Мо имкон дорем, ки заминҳои ёфтшудаи худро, ки даҳҳо ва ҳатто садҳо сол қабл ба Тоҷикистон гузаштааст, баргардонем.”
Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси Тоҷик, нафаре, ки дар ин мавзуъ, яъне марзу ҳудудҳои дахлнопазири ОМ китоби бисёр дастурӣ ҳам навиштааст, аз ин изҳороти хоми Ташиев нигаронӣ карда менависад:
«Моҳияти масъала дар он аст, ки тақсимоти миллию ҳудудии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки солҳои 1924-1932 аз тарафи давлати Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ шудааст, дар ҳамон замон тамоми марҳилаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии худро гузашта, ҳамчун раванди сиёсию ҳуқуқию таърихӣ ба анҷом расида, дар доираи ҳамон низомҳои сиёсию ҳуқуқӣ расмияти комил ёфтааст. Ҳамаи панҷ давлати мустақили минтақа, яъне Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ки дар асоси ҳамин тақсимот ҳамчун давлатҳои имрӯза таъсис шудаанд, ин воқеиятро пазируфта, тақсимот ва марзҳои давлатии бавуҷудомадаро, ки дар он марҳилаи таърихӣ дар доираи қонунгузории ИҶШС шакли ниҳоӣ гирифта, дар шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи давраи истиқлоли онҳо низ сабт гаштаанд, пурра эътироф менамоянд. Дар кул, АСОСИ ҲУҚУҚИЮ СИЁСИИ МАВҶУДИЯТИ ДАВЛАТИИ ХУДИ ИН ПАНҶ КИШВАР НИЗ МАҲЗ ЭЪТИРОФИ КОМИЛИ ИН ТАҚСИМОТ ВА ИН САРҲАДҲО МЕБОШАД. Дар айни замон, эътироф накардани ин сарҳадҳои расмии тасдиқшуда расмияти тамоми тақсимоту ҳудудҳои дигари минтақаро низ барҳам зада, даҳҳо қарори дигарро беқурб намуда, раванди хатарнокеро дар минтақа оғоз мегузорад…
Раванди хатарзое, ки Қамчибек расонаӣ кард, барои хонандаи мо, албатта, ғайримаъмулӣ ва нав аст. Ва аммо ин раванд дар Қирғизистон солҳо идома дошт. Ин мардум на беҳуда бо қазоқҳо сари «аз ким будани Чингизхон» ва ба кадом миллат дахл доштани ин хунхор баҳсҳо доранд. Степнишинҳо, ки тули 70-соли шуравӣ аз вожаи бадавӣ ё худ кӯчманчӣ қимобӣ буданду тули 32 соли истиқлолияти давлатии худ аз ин вожа ифтихор доранд, ба таҳқиқ Чингизхонро қаҳрамони миллӣ эътироф кардаву номи ӯро зинда гардонидаанд. Беҳуда нест, ки ӯзбекҳо маҳз бар қиболи рӯ ба фарҳанги ғорату харобкорӣ овардани қирғизу қазоқ Темури Лангро зинда кардаву ба ӯ ҳайкал гузоштанд. Қазоқҳо, ки хизонаи бойтар доранд, аллакай дар бораи Чингизхон филми а ля Голливуд гирифтаву руҳу арвоҳашро шод карданд. Қирғизҳо чунин имкониятро надоранд ва зимнан қазоқҳоро барои аз худ кардани «қаҳрамону идеолашон – Чингиз» бад мебинанд. Хулласи калом, ана ҳамон сафсатаҳои сарикӯчагие, ки усулан миёни авомуннос, халқи пастфитрат, манассароён ва зиндониёни қирғиз маъруфу машҳур буд, Қамчибек Ташиеви худкомаро такон дод, то чунин изҳороти авомона кунад ва ба ҳамсояҳо таҳдид намояд, ки сарзамини садсолаҳо қаблияшонро қирғизҳо талаб мекунанд. Дуруст аст, ки Чингиз ин сарзаминҳоро замоне ба орият ғасб кардаву мардумашро қатл намуд. Вале агар ба ҳақиқати қамчибекӣ нигарем, пас қирғизу қазоқ даъвои Маскаву Сибиру Қафқозу Аврупои шарқӣ низ бояд дошта бошанд. Зеро пайи қадами номубораки муғулу татор ба ин ҷо низ расидааст…
Қамчибек дар ҳоле «изҳороти тарошаи аз бом» медиҳад, ки 20 сол муқаддамтар аз ӯ В.В.Жириновский даъво дошт, ки аксарияти халқиятҳои ОМ ҳеҷ гоҳ соҳибдавлат набуданд ва онҳоро рус соҳибдавлат кардааст. Ӯ ишора ба қирғизу қазоқҳо инро мегуфт. Ташиев оё намедонад, ки то ӯ делову дафтари Чингизи бобояшро меҷӯяд (боз дар ҳоле, ки қирғиз то Инқилоби Октябр ҳатто хатти савод надошт, ки чизеро нависаду муҳр монад!), харитаи роҳи таъсиси марзу буми Бишкекро дар Маскав метавонанд бознигарӣ кунанд? Таври маълум Владимир Волфович имрӯз кумири неополитикҳои русист. Пешгӯиҳои ӯ дар мавриди Украина, ҷанг бо ин кишвар, ғасби Қрим, Донетск ва Луганск вирди забонҳост. Сиёсатмадороне ҳастанд, ки афсӯс мехӯранд, дар ҳамон замон чаро аз рӯи пешгӯиҳои ленинии ин марди ростқавл амал ва қисмати руснишини Украинаро забт накарданд. Ба назар гиред, пешгӯиҳои Жириновский дар мавриди Туркистон ҳоло побарҷост. Ҳамин аст, ки дар таърихи 10.12.1997 аз Алма – Ато ба Целиноград кӯчонидани пойтахти Қазоқистон бо дастури хирадмандонаи Назарбоев, маҳз баъди чунин сару садоҳо дар Маскав, амалӣ гардид. 06.05.1998 аллакай номи пойтахти Қазоқ Остона баргузида шуд. Яъне симптомҳои империяхоҳии маскавӣ ҳоло поин нашудаанд ва сафсатаҳои Қамчибек метавонад кишварҳои ОМ-ро дарҳаму барҳам занад. Воқеан ҳам агар ин тасмими худи Қамчибек аст, пас вой бар миллате, ки чунин генерал дорад, вале агар бо дастури касест, войи қирғизе, ки чунин садри амният дошта бошад….
Воқеан ҳам дар ҷанги тулоние, ки ҳамакнун шуруъ шудаву поинаш номаълум аст, солдат лозим! Аллакай дар ДУМА сару садоҳо дар мавриди ба сафи Артиш даъват кардани онҳое, ки паспорти русӣ доранд, садо медиҳад. Депутат Михаил Матвеев (КПРФ) ҳатто пешниҳод намуд, ки гражданинҳои навбунёди осиёии Россия, ки аз хизмат ба ватани навашон саркашӣ мекунанд, ба ватани бобоӣ депорт шаванд (бо зану фарзандон).
Ситам? Шояд! Вале, масалан, тоҷику ӯзбеку қирғизе, ки ватанашро иваз кардааст, чаро ба Модар – Ватани нав хизмат накунад? Нафаре аз 1 Ватан мегурезад, хидмати дигариро мекунад! Намекунад? Ещё как мекунад! Ва дар марзи Афғонистону кишвари осуда на, ки дар хатти пеши ҷанг бо НАТО дар Украина.
СССР борҳо ҳушдор медод, ки паспорти наватон боиси ширкат дар ҷангҳо мегардад. Бовар накардед. Зидди мо ҳатто флешмоб -гирдиҳамоиҳо ташкил кардаву бо 2-3 хиёнаткори беватанмонда тазоҳурот намудед. Ҳол он ки мо ғами шуморо мехӯрдем, мардум! Ҳоло навбати ГРИНКОРТ аст: унҳое, ки ба Амрико меравед, донед, ки ҳатман дар ҷангҳои баъдӣ шумо низ гӯшти қассоб – пушечное мясо мешавед. Намешавед? Ещё как мешавед!
…Вале баргардем сари даъвову даъватҳои қирғизи амниятии №1. Ин ҳушдори авомона бори дигар ба мо таъйид намуд, ки бо ин ҳамсоя танҳо аз 1 мавзеъ метавон суҳбат кард – мавқеи зӯр. Ба забони дигар мо бояд мусаллаҳ шавем. Шиори болоии лотиниро медонед, бори аввал кӣ амалӣ кард? Георг Люгер – немиси австралиягӣ, конструктори Parabellum, Borchardt-Luger, дар соли 1898, вақте пистолети бисёртираашро меофарид. Ӯ нохост ин шиорро дар шаробхонае хонда, дарк кард, ки танҳо миллати зӯр ва мусаллаҳ метавонад, дар бораи Сулҳ ҳарф занад.
Мо Метавонем!
Мапурс аз дил, ки бими тарснок аст,
Ҳам аз бими худаш бими ҳалок аст.
Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,
Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ!!!

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube