Бозгашти афсонаҳои Маҳабҳарота ё сернуфузтарин давлати дунё Ҳиндустон ба асли хеш бармегардад

Қаҳрамонони достонҳои “Махабхарата” ё худ “Шоҳнома” Ҳиндӣ нахустин китоби башарият афсонаҳои набарди қадимтарин мардуми Сайёра “Бҳарат”-истон (Ҳиндустони ҳозира) барои озодӣ ва истиқлолият ба Ҳинудстон бармегарданд. Ҳиндустон ният дорад, ки номи расмии давлатро ба “Бҳарат” иваз кунад.Ин истилоҳ дар Сарқонуни Ҳиндустон дар баробари “Ҳиндустон” номи бостонии якумин кишвари сернуфузи дунё ва 7 умин давлат аз нигоҳи ҳудуд ва аввалин давлате, ки берун аз кишвар 300 миллион муҳоҷир дорад, сабт шудааст. Нияти мардуми Ҳиндустонро оид ба бозгашт ба сли хеш расман Нарендра Моддӣ дар даъвати меҳмонони нишасти G20, ки рӯзҳои 9-10 сентябр дар Деҳлӣ баргузор шуд, зикр намуд. Номи “Бҳарат” аз достонҳои “Махабхарата” (“Бҳаратияда бузург”, инчунин “Афсонаи бузурги насли Бҳарота”), ба забони санскрит, гирифта шудааст. “Махабхарата” яке аз бузургтарин осори адабии ҷаҳон аст. Аз ҳаждаҳ китоб (парвас) иборат буда, зиёда аз 75000 байт (слока) дорад, ки аз достонҳои «Илиада» ва «Одиссея» чанд маротиба зиёдтар аст. (Конститутсияи Ҳиндустон ин номро ба забони ҳиндӣ, забони расмии кишвар – Бҳарат (ҳиндӣ भारत) муқаррар кардааст, ки аз номи санскритии шоҳи қадимии Ҳиндустон гирифта шудааст. Империяи Муғул номи Ҳиндустонро васеъ истифода мекард, аммо он мақоми расмӣ надорад)
Дастоварди асосии Ҳиндустон ин ягонагии ормони мардум ва нияти Ҳукумат аст. Ба хусус дар замон роҳбариии Нарендра Моди Ҳиндустон “ҷаҳиш” и бузурги Хитойро ба қафо партофт. Имрӯз Ҳиндстон дар 17 намуди иқтисод, иҷтимоиёт ва инкишоф дар мақоми аввал аст.
Нимҷазираи Ҳинд аз макони тамаддуни қадимаи Ҳинд ба ба пойтахти навгонӣ ва технологии дунё табдил ёфт. Дар тӯли аксари таърихи худ Ҳиндустон маркази роҳҳои муҳими тиҷоратӣ буд ва бо сарват ва фарҳанги баланди худ машҳур буд. Динҳо аз қабили ҳиндуизм, буддизм, сикҳизм ва ҷайнизм дар Ҳиндустон пайдо шудаанд. Дар ҳазораи якуми милодӣ насронӣ ва ислом низ ба нимҷазираи Ҳинд омада, ба рушди фарҳанги мухталифи ин минтақа таъсири назаррас расониданд. Дар 18-нимаи аввали асри 19 Хиндустон тадричан аз тарафи империяи Британия мустамлика карда шуд. Соли 1947 баъди муборизаи бисёрсола мамлакат истиклолият ба даст овард. Дар охири асри 20 Ҳиндустон дар тараққиёти иқтисодиёт ва харбй муваффақиятхои калон ба даст овард, иктисодиёти мамлакат ба яке аз иктисодиёти бо суръати тез тараккикунанда дар чахон табдил ёфт. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди аҳолӣ дар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд..
Ҳиндустон дар сабқаи кашф ва истифода кайхон аз ҷои 46 умин ба мақоми сеюм баромада,ҳатто дар баъзе бахшҳо аз Россия, ИМА ва Чин пеш гузаштааст. Яроқи ядроии Ҳиндустон сад фисад дастранҷи худи ҳиндуҳо мебошад. Дар созмонҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, G20, СҶТ, Ассотсиатсияи Осиёи Ҷанубӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин БРИКС ва СҲШ мавқеи устувор дошта, хати қавии рушди серҷониабаро пайгирӣ мекунад.
Имрӯз чаҳор шаҳри Ҳиндустон ба 100 кластерҳои беҳтарини илм ва технология дар ҷаҳон дохил шуда, панҷмин кашфиёти технологӣ ба муссисаҳо ва ширкатҳои илмӣ,истеҳсолии шаҳрҳои Бангалор, Деҳлӣ, Мумбай ва Ченнай рост меояд.
Тағйири ном дар Шри Ланка, Бирма, Камбоджа, мисли иваз кардани ҷои ҷамаъшавнадҳо ҳосил бетағйир монда буд. Аммо ивази ном юарои Ҳинудстон инқлоби маънавӣ, иҷтимоиро ба вуҷуд меоврад. Якум Ҳинудсотон аз равони рамзм мустамликавии дунё ки номашро сохтаанд, раҳо меёбад. Дуюм мардуми Ҳиндустон аксаран ба дини индуизм эътиқод доранд ва ормонҳои Бҳарат дар ҳамосаҳои “Махабхарата” тасвир ёфтааанд. Сеюм ҳамзамон дар Осиё аз префикси “Истон” комилан халос мешавад. “Истон” ҳамсояҳо барои ин мардум бегона аст. Шри-Ланка, ҳамсояи Ҳиндустон, низ аз ярлики мустамликадорони португалӣ “Сейлон” соли 1972 халосшуда буд. Бозгашт ба номи бостонӣ ин васли гузашта ва имрузи ин кишвари абарқудрат аст. Ин кишвар сад бор низ тағйири ном кунад, дар башарпарварӣ ,қаҳрамонӣ ва инсондустӣ ва меҳнатқаринӣ мавқею ормони хешро иваз нахоҳад кард.

Таҳияи Наҷмиддин Шоинбодов
ва
Критика Пант

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube