РЕЗААХБОР

21.09.2023. Соат ба вақти Душанбе 19:00 дақиқа. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дидори Равшани Кӯлоб бо Марви Туркманистон дар доираи Ҷоми АФК – КФО баргузор мегардад, ки ба он раҳбарияти клуби Равшан тамоми мухлисони худро даъват кардааст.

 16.09.2023. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистонро дар робита ба изҳороти Қамчибек Ташиев, ки 15.09.2023 дар хабаргузориҳо нашр гардид, даъват намуд. 

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба тоҷикони Россия ҳушдор дод, ки ҳар касе  бо Дилшод Саидмуродов, яке аз гумонбарони дуздиву куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, ки дар ин кишвар фирорист, ҳамкорӣ намояд, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

15-25.09.2023 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови ш.Душанбе (маъруф ба роҳи Мясокомбинат) қатъ шуда, ҳаракати хатсайрҳои автобусии №№ 6, 43 ва микроавтобуси №11 тавассути к. С.Шерозӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.

 Аз 24 то 29-ми октябр дар ш.Душанбе Ҷашнвораи 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” баргузор мешавад, ки дар он театрҳои касбии лӯхтак аз кишварҳои ИДМ-СНГ ва хориҷаи дур иштирок мекунанд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube