ТАНКИСТ – АС (ё барору нобарориҳои Зиновий Колобанов)

Даҳаи аввали моҳи августи соли 2023 тавассути расонаҳо сабти видеоие аз корзори пархоши Россия ва Украина, аз бебокии экипаж (ҳайати идоракунандаи танкӣ, мусаммо бо «Алёша», ки ҳамлаи ҳарифони хешро, иборат аз 8 техникаи муқтадир маҳв сохт, паҳн гардид.

Экипажи «Алёша» таҳти роҳбарии лейтенанти калон Расим Баксиков дар самти Запарожйе, наздикии Новодаровка, дар нуқтаи ба ӯ боваршуда қарор дошт. Баногоҳ рӯбарӯ қатори бронетехника, иборат аз 2 танк ва 6 зиреҳпӯш пайдо шуд.

Экипаж саргум назада, бо чапғалт тирпарон ба пеш ҳаракат кард. Набард дар майдони минадор буд. «Алёша» нишонрас тир мезад. Минаҳои «худӣ» низ ёварашон гардид. Артиллерия бим дошт, ки тасодуф тирҳояшон ба экипажи «Алёша» барнахӯрад.

Дар дақиқаҳои аввали задухӯрд «Алёша» 2 танкро маҳв намуд. Дар ним соати баъди техникаҳои зиреҳпӯши хасмро як ба як нобуд карданд. Баробари адо шудани снарядҳо «Алёша» ақиб нишаста, ҷои ӯро танки дигар гирифт.

Бе ягон тарафгирӣ, дилхоҳ бинанда аз густохӣ, нотарсию диловарии танкчиёни ғаюр ба ваҷд меояд, ки 1 танк бар зидди 8 зиреҳпӯш дар набард мешавад. Чуноне пасон маълум гашт, экипажи танк – командир Расим Баксиков, Александр Леваков ва Алексей Неустроев барои қаҳрамонӣ бо медали «Ситораи тилло» сарфароз гардиданд…

Аз таъсири ин хабар набаромада будем, ки дар рӯзномаи мардумии «СССР» хабари мароқовареро хондам (№ 32, 17.8.2023, саҳ.7). Дар рубрикаи «7 рӯз дар СССР» омада: «Дар рафти ҶБВ (Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 – У.Ш.), дар наздикии деҳаи Зойсковитса тонки шуравии КВ-1 (Клемент Ворошилов) таҳти фармони Зиновий Колобанов аз камин 22 тонки немисро оташ зада, бо ин кор дар таърих чун яке аз беҳтарин лочинҳои тонкии шуравӣ дар рафти ҶБВ шинохта шуд.

Пас аз мутолиа дар пайи дарёфти маълумот дар бораи танкист-ас Зиновий Колобанов ҷадал кардам. Саҳҳофи ас – нахустин устоди компютер дар Тоҷикистон, дар соҳаи полиграфӣ Идибек Маҳмудҷонов мушкиламро осон кард.

 

ЁБУ ГИР

Зиновий Григоревич Колобанов, танкисти советӣ – ас, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – лейтенанти калон, командири ротаи танкҳои вазнин, пас аз ҷанг – подполковник.

20 августи соли 1941 ҳангоми амалиёти ҳимоявӣ дар Кингисепп – Лужск экипажи танки Колобанов бо танкҳои КВ-1 дар яке аз муҳорибаҳо, дар маҳали узели стратегии нақлиётии Войсковитса-Красногвардейск (ҳозира Гатчина) аз камин 22 танки душманро нобуд карданд. Ҷамъ ним ротаи Колобанов иборат аз 5 танки вазнини КВ-, дар якҷоягӣ бо курсантҳои омӯзишгоҳи сарҳадбонӣ ва дастаи халқии Ленинград дар ҳамон рӯз, 43 бронетехникаи немисии ба имдоди қӯшунҳои фашистии дар Ленинград буда, омадаро маҳв намуданд…

 

БАРОМАД

З. Г. Колобанов 25.12.1910 дар деҳаи Арефинои уезди Муромск, губернияи Владимир (ҳозира вилояти Нижегород) таваллуд шудааст. Дар 10-солагӣ падараш, дар Ҷанги гражданӣ ҳалок шуд. Ба ҷуз Зиновий модараш боз ду фарзанди дигарро тарбият мекард. Баъди чанде оилаи онҳо ба деҳаи Болшое Загарино кӯч баст. Дар ин ҷо ташкили колхоз сар шуда буд ва Зиновийи 19 сола дар ин ҳаракат иштироки фаъол дошт.

Пас аз хатми синфи 8-и мактаби миёна ӯ ба техникуми индустриалии Горкий дохил шуд. 16 феврали соли 1933 аз сеюмкурсӣ ба аскарӣ рафт. Моҳи майи соли 1936 омӯзишгоҳи зиреҳпӯшии танкии Орлов ба номи М.В. Фрунзеро бо рутбаи лейтенант тамом кард ва бо хоҳиши худ хизматро дар округи ҳарбии Ленинград, ҳамчун командири танки баталёни алоҳидаи 3-юми танкии бригадаи 2-юми танкӣ оғоз намуд.

Колобанов аз моҳи октябри соли 1937 то 1938 дар Курсҳои такмили ҳайати фармондеҳӣ таҳсил кард. Панҷ рӯз пеш аз оғози ҷанги СССР – Финляндия ба симати командири рота адои хизмат дошт. 25 ноябри соли 1939 командири ротаи танкии бригадаи 1-уми танкҳои сабук дар гарданаи Карелия таъин гардид.

 

ГАРДАНАИ КАРЕЛИЯ

Зиновий Колобанов иштирокчии ҷанги СССР – Финляндия буд. Вай дар корзор аз сарҳади давлатӣ то ба шаҳри Виборг расида, дар ин миён танки ӯ дар муҳорибаҳо 3 маротиба оташ гирифт. Дар ҳамон рӯзҳо журналисти рӯзномаи «Красная звезда» Аркадий Фёдорович Пинчук хабаре ба табъ расонд, ки барои рахнаи хати Маннергейм Колобанов бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (дар оғози марти 1940) бо медали «Ситораи тилло» ва ордени Ленин ва рутбаи капитан сарфароз гашт…

Аммо ба гуфтае, барои ёру бародар шудан (дасти бародарӣ додан) – и сарбозони зердасташ бо аскарони фин, баъди имзои Шартномаи сулҳи Москва аз 12 марти соли 1940 ӯро аз рутба ва мукофотҳо маҳрум карданд…

Мутаассифона маълумот – санади тасдиқкунанда дар бораи мукофотонии Колобанов ба унвони қаҳрамонӣ пайдо нагашт. Дар охир хабари журналист А. Пинчук тасдиқнагардида ҳисобида шуд. Дар делои шахсии Колобанов танҳо як маълумот сабт шуда – соли 1940 бо ордени Ситораи Сурх мукофотонда шудааст.

 

СОЛҲОИ БАЙНИҶАНГӢ

Зиновий Григоревич Колобанов 17 марти соли 1940 ёрдамчии командири ротаи 52-юми танкии эҳтиётӣ оид ба қисми ҷангӣ (бригадаи 1-уми танкҳои сабук) таъин гардида, пас аз 5 рӯз ба округи ҳарбии Киев сафарбар шуд.

6 сентябри соли 1940 бо рутбаи ҳарбии лейтенанти калон сазовор гардид. Баъдан муовини командири ротаи полки 90-уми танкӣ, адъютанти калон (сардори штаб) –и баталёни 97-уми полки танкӣ ва аз 9 майи соли 1941 командири ротаи баталёни танкҳои вазнини полки 97-уми танкӣ буд…

 

ҶБВ

Колобанов дар армияи амалкунанда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 3 июли соли 1941. Ӯ дар ин маврид командири ротаи танкҳои вазнини КВ-1, полки 1-уми танкии дивизияи 1-уми танкии фронти Шимолӣ буд.

Аз моҳи августи соли 1941 Колобанов дар ҳайати дивизияи 1-уми танкӣ, дар қарибиҳои Псков, Кингисепп ва Луга бо гитлерчиён дар разм шуданд.

Аз рӯи ёддоштҳо командири ротаи 3-юми танкӣ лейтенанти калон З. Колобановро командири дивизияи 1-уми танкӣ генерал В.И. Баранов ба наздаш хонда, шахсан супориш медиҳад, ки ӯ се роҳи ба ҷониби Красногвардейск (ҳозира шаҳри Гатчина) равандаро аз сӯи Луга, Волосово ва Кингисепп (тавассути шоссеи Таллин)-ро муҳофизат кунад. Дар интиҳо генерал Баранов сахт таъкид кард: «Перекрыть их и стоять насмерт!».

Ҳамон рӯз ротаи Колобанов иборат аз 5 танки КВ-1 ба муқобили душмани баҳуҷумгузашта қомат афрошт. Барои иҷрои фармон дар ин амалиёт онҳо дар ҳар як танк ду баробар лавозимоти ҷангӣ – снарядҳои зиреҳшикан гирифтанд.

Ҳини набард дар танкҳои оташгирифтаи немисҳо снарядҳо таркидан гирифтанд. Дар манораи танки Колобанов 114 снаряд бархӯрд, аммо қомати зиреҳи манораи КВ – 1 хам нахурд. Дар бадали як соати задухурд экипажи Колобанов 22 танки душманро аз камин нобуд кард. Дар натиҷаи ҳарбу зарб, ротаи Колобанов ҳамагӣ 43 танки душманро маҳв намуд…

 

ШИГИФТ

Моҳи сентябри соли 1941 барои матонату диловарӣ дар ин набард командири полки 1-уми танкиии дивизияи 1-уми танкӣ, узви КМ ПК Белоруссия Д.Д. Погодин (танкчии якумин бо медали «Ситораи тилло» (№26) сазоворгашта), ҳамаи экипажи Колобановро барои гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод намуд. Командири дивизия Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ генерал В.И. Баранов низ ба варақаҳои мукофотонӣ имзо гузошт…

Аммо дар штаби округи ҳарбии Ленинград аз чӣ бошад мукофоти Колобанов аз ҷониби шахси номаълум паст карда шуда, бо ордени Байрақи Сурх ва командири тӯп сержанти калон Усов бо ордени Ленин поин фуроварда шуд. Варақаи пешниҳод ба мукофотонии унвони ҚИС бо (асл) қалами сурх ислоҳ (хатзада) шуда, айни ҳол дар Бойгонии Марказии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия маҳфуз аст…

15 сентябри соли 1941 Колобанов сахт захм бардошт. Шабона дар гӯристони шаҳри Пушкин, ки дар он ҷо танкҳоро бо сӯзишворӣ ва лавозимоти ҷангӣ пур мекарданд, баногоҳ дар назди танки Колобанов снаряди душман таркид. Зиновий аз тиккаи тир ба сар ва сутунмуҳра захм бардошт. Ҳамчунон аз мағзи сар ва сутунмуҳра контузия гирифт. Ӯро ба Институти травматологии Ленинград интиқол доданд. Баъдан ӯ то 15 марти соли 1945 дар Свердловск, дар госпиталҳои эвакуатсионии рақамҳои 3870 ва 4007 табобат гирифт.

 

БОЗГАШТ БА САФ

Қатъи назар аз ҷароҳати вазнин ва контузия, Колобанов пас аз гирифтани табобат хоҳиши ба саф баргаштанро кард. Иҷозат гирифта ӯ карйера (маснад)-и касбиашро идома бахшид. 10 июли соли 1945 ӯро муовини командири баталёни 69-уми танкӣ…, округи ҳарбии Барановичи таъин карданд.

10 декабри соли 1951 ба Гурӯҳи қӯшунҳои советӣ дар Германия гузашта, то соли 1955 адои хизмат намуд. 10 июли соли 1952 Колобанов бо рутбаи подполковник ва 30 апрели соли 1954 бо ордени Байрақи Сурх сазовор гардид. Солҳои 1956-1958 дар ҳудуди РСС Белоруссия, дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намуд.

5 июли соли 1958 Колобановро ба эҳтиёт рухсат доданд. Дар заводи мошинсозии Минск аввал ҳамчун усто баъд нозири ОТК буд. Сарбози матинро 1.8.1986 бо ордени Ҷанги Ватании дараҷаи 1 мукофотонданд.

З.Г. Колобанов 8.8.1994 дар шаҳри Минск фавтида, дар гӯристони Чижовск мадфун гашт. Ҳамин минвол сарбози ҷонфидо дар зиндагӣ унвони олиро нагирифт. Ҳол он кӣ ӯ воқеан ҳам ҷанговари қаҳрамон маҳсуб меёфт.

 

АЗ НОУМЕДИҲО БАСО УМЕД АСТ…

Баъди пойдор шудани вазъият дар Войсковитс командири баталёни 1-уми танкӣ Иосиф Борисович Шпиллер ба макони набарди экипажи Зиновий Колобанов бо танкҳои оташзадаи немисӣ кинооператори фронтиро овард, ки ӯ панорамаи муҳориба – қатори танкҳои оташгирифтаи душманро сабт намояд. Аммо боз ҳам «Кинохроникаи фронтӣ», ки дар он танкҳои фашистии маҳвнамудаи Колобанов сабт гашта буданд, куҷое ғайб заданд.

Экипажи танкии Колобанов аз ҷониби командири полк Погодин барои гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод гардида буд, аммо бенатиҷа…

Пас аз ғалаба, бо гузашти солҳо масъалаи бо унвони олии Росия – Қаҳрамони Федератсияи Россия қадр намудани матонату диловарии З.Г. Колобанов баҳри ҳимояи Ватан ба миён омад. Ташаббускори ин амали нек Василий Монич низ бенатиҷа монд. Ҳамчунон масъалаи мазкур аз тарафи созмонҳои гуногуни собиқадорони ҷанг борҳо бардошта шуд, аммо боз ҳам он ҳалли худро наёфт.

Бори дигар соли 2011, дар моҳи июн бо чунин дархост Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург баромад. Рафиқ В.П. Горемикин, сардори сарраёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи (генерал-полковник) ФР пешниҳоди мазкурро дар бораи ба З.Г. Колобанов додани унвони Қаҳрамони Федератсияи Россия бефойда (?) ҳисобид. Дар ин хусус 15 июли соли 2011 посух гардонд…

 

ХУЛОСА

Дар рафти Ҷанги Бузург Ватании солҳои 1941-1945 бо сабабҳои гуногун пешниҳодҳо барои гирифтани унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ бенатиҷа монданд. Қисме аз ин пешниҳодҳо дар роҳ то ба шаҳри Москва гум шуданд. Поезд ё самолёт дар роҳ нобуд шуда, ё аз ҷониби масъули ба эътибор гирифта нашуда…

Дар зарфи чанд соли охир Ҳукумати Россия чанд тан аз сарбозони ҷонфидои он ҷангро (пас аз марг) бо унвони Қаҳрамони Россия қадрдонӣ карданд, ки ин амал шоистаи таҳсин аст.

Ба таъбири халқ, аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст. Он рӯз дур нест, ки ҷонбозиҳои лейтенант, танкисти ас Зиновий Григоревич Колобанов дар корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо унвони олии қаҳрамонӣ (пас аз марг) аз ҷониби ватандорон қадр мешавад. Чун Колобанов воқеан ҳам чандин маротиба дар корзор бар душман ғолиб омада. Баъдан танк сӯзан нест, ки гум шавад. Афсарон, командирони сатҳи баланд, пешниҳодгарон низ аз нафарони одӣ набуданд ва дар арсаи набард аз уҳдаи баршумурдани 30-40 танки оташгирифтаи душман ба хубӣ мебаромаданд…

Вассалом!

 

Умари ШЕРХОН  

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube