09.08.2024. Соат бо вақти Бохтар 08:00 дақиқа. Дар толори калони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вилояти Хатлон нишасти матбуотии Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон баргузор гашт. Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш аз пешрафту дастовардҳои соҳаҳои мухталифи вилоят ва сатмҳои асосии рушд сухан карда, ба натиҷаҳои рушд дар нимсолаи якуми соли 2024 дар вилоят баҳои баланд дод.
Ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР низ дар ин нишаст, ки бо ширкати беш аз 50 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор карда шуд, иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки дар оғоз раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба хабарнигорон барои ҳамкории самарабахш бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 изҳори сипос намуд.
100% – нақшаи даромади буҷет иҷро шуд
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар 6 моҳи соли 2024 ба 15,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 банди фоизӣ афзоиш ёфт. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 100% таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 643 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Тавре ки раиси вилоят зикр намуд, дар вилояти Хатлон нимаи якуми сол 5 миллиону 930 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4 миллиону 126 ҳазор доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 44,2 миллион доллар кам мебошад.
Содирот: нахи пахта, семент ва нуриҳои минералӣ
Дар идомаи суҳбат Давлаталӣ Саид афзуд, ки гардиши савдои хориҷӣ дар нимаи якуми соли 2024 ба 225 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 миллион доллар (52,3%)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 миллион доллар (51,1%) зиёд мебошад. Дар ин давра дар сохтори содирот 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 миллион доллари амрикоӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 бо маблағи 39,5 миллион доллар зиёд мебошад.
Аз ҷумла, 30,8 ҳазор тонна нахи пахта бо маблағи 56,2 миллион доллар, 5104 тонна калобаи ресандагӣ бо маблағи 12,9 миллион доллар ва 163,2 ҳазор тонна семент бо маблағи 8,3 миллион доллар содирот шуд. Инчунин, аз ҳудуди вилоят 626 тонна нуриҳои минералии истеҳсоли корхонаи ватании “Азот” ба маблағи 170 ҳазор доллари ИМА ба Афғонистон содирот шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 27086 тоннаро ташкил дод. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон 6217 тонна, Афғонистон 966 тонна, Қазоқистон 3000 тонна, Россия 2864 тонна, Ӯзбекистон 640 тонна ва Белорусия 76 тонна содирот шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна (47%) зиёд ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
3090 иншооти ҷашнӣ тайёр!
Дар робита ба суоли журналистон дар бораи саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди соҳаи саноат Давлаталӣ Саид аз соҳибкорони хатлонӣ ситоиш карда, гуфт, ки бо ҷалби онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нимаи якуми сол 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойи корӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
– Дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 6260 адад иншооти нақшавӣ 3090 иншоот ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур 685 адад иншоот, аз он ҷумла 50 иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ, 22 иншооти варзишӣ, 55 иншооти соҳаи кишоварзӣ сохта, 171 иншооти хизматрасонӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин раванд 6539 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Ҷиҳати зиёд намудани шумораи иншоотҳои ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар умум 739 иншоот иловатан ба нақшаи чорабиниҳо ворид карда шуда, корҳо дар ин самт ба тадриҷ амалӣ мешаванд, – таъкид дошт раиси вилояти Хатлон.
Нақши шарикони рушд назаррас нест…
Дар посух ба суоли хабарнигори газетаи СССР дар мавриди таҷдид ва эҳёи корхонаҳои азими саноатӣ дар вилояти Хатлон, аз он ҷумла заводи равғанбарорӣ ва корхонаи «Трансформатор», ки имрӯз ниёзи гузариш ба системаи муосири истеҳсолӣ доранд, Давлаталӣ Саид афзуд, ки дар ин самт якчанд проблемаҳо ҳаст, ки монеи пешрафт мешаванд.
– Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки сатҳи дониши бархе аз соҳибкорони маҳаллӣ ба корбарии имрӯза мутобиқ нест, ё дониши пурра надоранд ва ё омӯхтан ҳам намехоҳанд. Ба кишварҳои дигар сафар намекунанд, аз талаботи муосир ва бозор огоҳии хуб надоранд, донишу малакаи худро сайқал додан намехоҳанд. Дигар ин ки нақши шарикони рушд, ки бояд саҳми худро дар амалиёбии лоиҳаҳои гуногун гузоранд, назар дар дигар вилоятҳо дар вилояти Хатлон назаррас нест. Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби шарикони рушд имрӯз пиёда мешаванд, хеле кам буда, моро қонеъ намекунанд, – иброз дошт раиси вилояти Хатлон.
Сипос ба хабарнигорон
Дар идомаи нишаст аз ҷониби хабарнигорон вобаста ба саҳми соҳибкорони ватанӣ дар таъмиру тармими роҳҳо, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бозсозии теппаи таърихии Қӯрғон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди сайёҳӣ, музаффарияти хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, гиромидошти хотираи шахсиятҳои мондагор ва дигар масъалаҳо саволҳо дода шуда, ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт гардиданд.
– Заҳмати шабонарӯзии шумо – кормандони муҳтарами воситаҳои ахбори омма ва аҳли эҷоди Хатлонзамин дар вазъи кунунии таҳавулоти геосиёсӣ ва бо суръати баланд тағйир ёфтани фазои иттилоотии ҷаҳонӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят баланд қадрдонӣ карда мешавад ва мо манфиатдори боз ҳам тавсеа ёфтани ҳамкориҳои созанда бо шумо ҳастем, – таъкид намуд раиси вилоят Хатлон Давлаталӣ Саид дар фарҷоми нишасти матбуотӣ.
Сайёфи Мизроб,
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
А.Собир, суратгир – оператор
