Ману теппаи аҷинаҳову супоришам
08.08.2024. Соат бо вақти Бохтар 09:30 дақиқа. Ин навбат ҳам тибқи супоришоти редаксионӣ, ки дидан намудан аз мавзеи Аҷинатеппаи номдору машҳур буд, роҳ пеш гирифтем сӯи ноҳия Вахш. Қабл аз рафтан ба ин макон дар дил ҳаросе пайдо гашт, ки аҷинае ёрам нашавад? Дар овони мактабхонӣ ин овозаҳо зиёд буданд. Вале шарри аҷина ба фикрам аз қаҳри сардабир каму асту беш на, зимнан миёнро бастаму рафтам ба диёри Аҷинаҳо…
08.08.2024. Соат ба вақти Бохтар 10:15 дақиқа. Ногуфта намонад, ки масофаи роҳ то Дайри буддоии Аҷинатеппа аз маркази ноҳияи Вахш 11 км буда, маҷмааи таърихӣ дар ҷамоати шаҳраки Киров воқеъ шуда, харобаи ёдгориҳои дини буддоии нимаи асри 7 ва ибтидои асри 8 мебошад.
Баъди расидан ба Аҷинатеппа мо онро дар шакли харобаҳои замони гузашта пайдо кардем. Деворҳои маъбад, ки аз хишти гилӣ дар замони худ бунёд шудаанд, имрӯз бар асари боду борон газанд ёфта, саҳни онро алафу хорҳои гуногун печонидаанд. Мавзеи таърихиро чорпоёни сокинони таҳҷоӣ ба худ чарогоҳ ихтиёр кардаанд. Ногуфта намонад, ки 1 қисм масоҳати муайяни ин макон ҳарчанд маҳкам бошад ҳам, аммо ҳолати ҳузнангез дорад.

Аз мост, ки бар мост…
Агар ба феҳрасти мероси ҷаҳонии Юнеско руй оварем, мушоҳида мекунем, ки дар он номи ин дайри қадима оварда шудааст. Яъне он дар рӯйхати маконҳои қадимаи таърихию фарҳангии миллати мо сабти ном мебошад. Зимнан мо бояд ин мавзеъҳоеро, ки таъриху тамаддуни қавму миллати моро муаррифгаранд, набояд чунин хор созем. Баракс, барои боз ҳам муаррифӣ гаштану ба макони аслии таърихӣ баргаштани он талош намоем. Номи ҳар макон дар ин рӯйхат шомил шуда наметавонад. Барои сабти ном гаштани 1 мавзеъи сайёҳӣ ё худ таърихию фарҳангӣ чи кӯшишҳое, ки намешавад, то номаш дар ин феҳрист дохил гардад.
Ташвишовараш ин ки, сол ба сол, бар асари шӯршавии мазраъҳои гирду атроф ва таъсири боду боронҳо ёдгории Аҷинатеппа тадриҷан ба нобудӣ меравад. Ростӣ зимни сафар чун аз китобҳои таърихӣ хонда ва аксашро дида будам, имрӯз ман дар ин дайри буддоӣ қадима бо чашмони беҳарос (чун дар аввал тарс доштам) қадам мезанаму аз ба чунин мусибат рӯ ба рӯ гаштани ин теппаи таърихӣ дилам месӯзад. Зеро он бешак метавонад ҷойи хубу дидание барои ҷаҳонгардон, ба вежа ҷопониву куриёиву хитоиҳои буддоӣ бошад.
Бо вуҷуди чунин шарту шароите, ки ин макони таърихӣ дорад боз ҳастанд таърихдӯстдороне, ки мехоҳанд бо гузаштаи ин макон ошноӣ дошта бошанду таҳқиқ намояд. Ва баъди иваз намудани макони буддои хуфтаи 12,92 метра ва интиқоли он осорхонаи марказии кишвар, ҳоло ҳам меҳмонҳо меоянд. Ин буддо бо бузургии худ дар фарҳанги ҷаҳон мавқеи махсусро касб кардааст.
Чаро Аҷинатеппа?
Чаро ин макон маҳз Аҷинатеппа номгузорӣ шудааст? Биёед рӯй биёрем ба таърихи гузаштаи ин мавзеъ. Бино ба гуфтаи бостоншиносон, Аҷинатеппа, тахмин дар асри VIII, ҳангоми истилои арабҳо тадриҷан хароб гардидааст. Он боқимондаи ёдгории меъмории дини буддоӣ буда, дар нимаи дуюми асри VII ва ибтидои асри VIII фаъолият доштааст. Номи ин ёдгорӣ, аслан, Аҷинатеппа нест. Ин унвон солҳои 40-уми асри ХХ пайдо шуд. Вақте дар натиҷаи боронҳо 1 ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохие ба вуҷуд меояд, нафаре аз маҳаллиён вориди он шуда, бути якпаҳлӯ хобидаро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд сокинони маҳаллӣ онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли афсонавӣ) пиндошта, Аҷинатеппа ном гузоштаанд….
Ҳавои тафсон ва сайёҳати мо
Чун тобистон ҳукм меронад ва ҳарорати ҳаво гарм аст, дар ин макони таърихӣ ғайри мо касе набуд. Аз девораҳои фурӯрафтаву хиштҳои шикаста ва ғорҳои кофтаи ҳайвонот дар аввал касро воҳима пахш мекунад. Аммо мо диламонро боқувват гирифта, ба пеш ҳаракат карда, ин мавзеъро қисман дидан намуда, аз иҷрои супориши редаксионӣ ба хонанда рапорт медиҳем.
Зимни нишасти матбуоти раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфзода иттилоъ дод, ки Аҷинатеппа бо дастгирии Ҳукумати кишвар, МИҲД–и вилоят ва мақомоти маҳаллӣ ва дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд навсозӣ мегардад. Барои ин корҳо 400.000 доллари амрикоӣ ҷудо шудааст! Аммо кадом моҳу кадом рӯзу кадом моҳ, корҳои созандагӣ шуруъ мешаванд, аниқ нест!
Бовар кунед, рӯзе ин теппаи таърихӣ ба хок яксон мешаваду танҳо номаш дар забонҳо боқӣ мемонад! Ҳатто Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава ҳам ҷиҳати таъмир ва ба пойгоҳи сайёҳӣ табдил додани ин макон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштааст, ки метавон дар натиҷаи корбарии хуб лоиҳаҳоро дар ин самт низ татбиқ намуд. Аммо таъмиру тармими ин макон мақоли халқии “Бузак- бузак, намур баҳор меояд”- ро ба хотир меорад.
Буддоро ба Аҷинатеппа баргардонед!
Дар раванди дидан намудан аз ин мавзеи таърихӣ ман ҳамеша макони муҷассамаи буддои якпаҳлухобида (нирвана)-ро меҷустам, ки онро аз кадом самт пайдо ва кашф карда бошанд? Чун бозёфти буддои хобида ва тандисҳои хурди буддоҳои дар ҳолати нишастаи ин дайр аз ёдгориҳои беназири кеши буддоӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи оламиёнро ҷалб кардаанд. Буддои хуфтаи бо дарозии 12, 92 метраи падидаи бузургест, ки он ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Чун вай яке аз бузургтарин муҷассамаҳо дар Осиёи Марказӣ буд, диққати марказҳои бостоншиносии ҷаҳонро ҷалб кард. Маҳз бузургии он ва аз гил омода шуданаш имкон надод, ки дар солҳои шуравӣ онро аз Тоҷикистон берун баранд. Имрӯз муҷассамаи бузурги Буддои хобида зеби Осорхонаи бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гаштааст. Вале хуб мебуд, ки масъулон барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар хатсайри ёдгории бостонии Аҷинатеппа, қабл аз ҳама, ҳифзу нигаҳдории он, камари ҳиммат банданд ва Буддо дар ҳолати нирванаро ба ватани аслии хеш-Аҷинатеппа баргардонанд. Танҳо дар ин сурат сайёҳон сӯи Хатлон майл мекунанд. Мо Метавонем!
Ёдгории пурра таҳқиқшуда
Мардуми маҳаллӣ то солҳои 1950 – ум ақидае доштанд, ки Аҷинатеппа теппаи ҷину париҳост. Ва дар он ғорҳо танҳо ин махлуқот зист доранду гоҳҳо шабҳо ба ҷилва меоянд. Дар вақти боронгарӣ сару рӯйи яке аз онҳо намудор шуда, боиси тарсу ваҳми мардум мегашт. Шабҳо дар он ғорҳои бешумор гургону шағолон ҷой гирифта, уллос кашида, мисли хандаи одамӣ садоҳо мебароварданд. Ва мардуми атроф нро овози ҷинҳо мепиндошт. Хайрийят! Зеро маҳз ана ҳамин атрсу ҳарос Буддоро аз тахриби пурра ҳифз кард, чунки одамон ба ин ғор намедаромаданд! Оқибат, олимони бостоншиноси Академияи илмҳо ба ҷустуҷӯ оғоз карданд. Маълум гашт, ки ин теппаҳои пурасрор, дарвоқеъ пур аз ҷинҳо будаанд. Вале на дар шакли ҷисми зинда, балки ҳайкалҳои аз сангу гаҷу гил офарида.

Теппаи Қӯрғон низ таҷдид мешавад
Худи ҳамон рӯз боз аз мавзеи дигари маъруфи теппаи номдори Қурғон, ки дар маркази вилоят шаҳри Бохтар қомат афрохта, бо сабаби ҳолати садамавӣ доштан чанд сол аст дарашро ба рӯйи тамошобинон бастааст, дидан намудем. Мо дар бораи таърихи ин теппаи машҳур ва зеби Бохтаршаҳр чизе намегӯем. Зеро бо ташаббусу пешниҳоди газетаи мардумии СССР ва бо дастгирию маблағгузории МИҲД вилояти Хатлон он бозсозӣ мегардад, ки ба ҳама дустдорони таърихи кӯҳан муборак бошад! Тавре ба хабарнигори мардумии рӯзномаи СССР аз Раёсати сохтмони асосии вилоят иттилоъ доданд, барои бозсозии иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети вилоят 4,9 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Танҳо ба акси ин теппа дар ояндаи наздик нигареду ҳаловат баред. Мо Метавонем!!!
Нуриддин Қосимзода,
махсус барои Ихвон- ал -СССР
