КОТИБИ ДУВУМИ КМ ПК ТОҶИКИСТОН ТОҶИДДИН ИСОЕВ ТОҶИК БУД Ё ?

Ҳамчун хоманигор дар бораи рӯзгор ва фаъолияти як иддаи аркони арсаи сиёсии садаи 20-и тоҷик фаҳм мебарам. Инак, чандест, ки аз кору фаъолияти котибони якуми КМ ПК Тоҷикистон, сар аз котиби якуми якум Гусейнов Мирзо Довуд Боғир уғли (1930-1933) то Абдуллоев Мироҷ Санонович (раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз апрели соли 2017) ағлаб ба нашр расидаву қисми дигар дар навбати чопанд…

Дар бойгонӣ боз чанд маводи хонданӣ дар хусуси элита-баргузидаҳои арсаи сиёсии тоҷик дар навбати батабърасианд…

Чанде қабл собиқ корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар Шоҳзафар Ризқизода арзи дил кард, ки дар яке аз шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ бародарзодаи модараш Тоҷиддин Исоев, котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон (20.3.1941-17.1.1945)-ро нафаре ғайритоҷик унвон гирифт…

Гуфт, ки дар бораи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик, абармарди сиёсӣ маводе бинависед. Гуфтам, ки соле қабл дар ин бора журналист Ҷ. Темурзода матлаби ҷолибе чоп карда буд…

Гуфт: – Кам аст, шумо бинависед бо тарзу услуби худ, бузурги  хонадони мо ва тоҷиконро ёд оваред…

АҶИБ

Аз соли аввали донишҷӯӣ (он тарафаш ба ҳисоб нест), сар аз соли 1980 то ба имрӯз, дар зарфи 44 сол пайваста рӯзнома мутолиа мекунам, аммо чӣ хеле ки дар бораи сиёсатмадори тоҷик Тоҷиддин Исоев, бо нигоштаи журналист ва ё муҳаққиқе, маводеро надидаву чизе нахондаам. Танҳо дар чор-панҷ соли охир аз мавҷудияти чунин сиёсатмадор дарак ёфтам.

Соли 2018 китоби журналисти номошно Шариф Ҳамдампур «Тоҷикон, дар суҳбати Ғафуров бо Сталин» (Душанбе, «Мега – принт») ба чоп расид ва дар ҳамин китоб муаллиф порае чанд аз стенограммаи Съезди VII ПК Тоҷикистонро меорад (23.12.1948). Дар он мубоҳисаҳои вакилон, аз ҷумла Тоҷиддин Исоев ёд мешавад. Пас аз ҳамин анҷуман ба гуфтаи пирони кӯҳистон пайи ӯ (Т. Исоев – У.Ш.) то ба 11 сол (1948-1959) аз Тоҷикистон канда мешавад…

РАФТАМ БА ҶУСТУҶӮЯШ

Чун дархости ошнои дерин Шоҳзафар Ризқизода буду ҳам амри сардабир, рафтам ба ҷустуҷӯи ин марди номвар – Тоҷиддин Исоеви таърихӣ.

Аз рӯи қоидаи маъмулӣ сараввал ба «Энсиклопедияи миллии тоҷик», (ҷилди 8, Душанбе, 2019, саҳ.559-560) дида дӯхтам. Дар бахши ҳарфи «И» се нафар Исоев: Исоев Воҳидҷон, Исоев Сироҷиддин ва Исоев Шайдуллоро ёфтам. Аммо аз Исоев Тоҷиддин барге маълумот набуд…

Аз рӯи талаботи ондавраинаву индавраина дар энсиклопедияҳо  оид ба рӯзгори чунин шахсияти намоёни давлатии тоҷик 15-20 сатр (ақаллан) матлаб чоп мешуд. Зеро Тоҷиддин Исоев шахсияти маъруфи садаи 20-уми тоҷик, депутати Совети Олии СССР ва Совети Олии РСС Тоҷикистон, вазир, котиби 3 ва 2-юми КМ ПК Тоҷикистон, хизматчии баобрӯву ордендор буданд…

Бо умед ба қомуси ПК Тоҷикистон муроҷиат намудам. Хушбахтона, дар саҳфаҳои 170-171 шарҳи ҳоли ошноро дарёфтам. Қомуси мазкур ба забони русӣ чоп шудаву «Они были первыми» унвон дорад. Он ҷо вобаста ба талаботи энсиклопедия сатре чанд таҳти унвони «Исаев Таджитдин» маълумот зикр ёфта…

Маъхази савум, китоби доктори илмҳои география Холназар Муҳаббатов “Минтақаи Рашт: назаре ба таърих ва имкониятҳои рушди иқтисодӣ» (Душанбе, «Дониш», 2022) мебошад. Дар ин маҷмуа муаллиф дар бораи Тоҷиддин Исоев чанд лаҳзаеро зинда гардондааст.

Чаҳорум, мақолаи донишманди номвар устоди гиромӣ Муҳтарам Ҳотам ва чанд стенограмма пленумҳои КМ ПК Тоҷикистон аст, ки аз зиндагиномаи Тоҷиддин Исоев ёдовар гаштаанд…

Аз ҳама охир ба қомуси озод рӯ овардем. Аз се манбаъ, дар алоҳидагӣ, ба гуфтаи журналистон чор коғаз пайдо намуда, он ҳамаро мавриди таҳлилу баррасӣ ва қиёс қарор додем. Ва бо ҳамин, дар ҳамин марҳала қаноат карда, муаррифиномаи зерро ба риштаи тасвир кашидем.

 ИСОЕВ ТОҶИДДИН

Аз он сабаб, ки шарҳи ҳоли Тоҷиддин Исоев дар маъхазҳои ёфтшуда ба ҳар навъ аст, пас аз таҳқиқу омӯзиш рӯзгори ин шахси арсаи сиёсии тоҷикро баҳри хонандаи гиромӣ пешкаш менамоем. Зиндагиномаи он ҷонибро ба фаҳми хеш, ба шаш бахш (қисм) ҷудо кардам.

Тоҷиддин Исоев 7.11.1904 дар деҳаи Домуллоабдоли ноҳияи Ғарм (ҳозира ноҳияи Рашт)-и Тоҷикистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Узви ВКП (б) аз апрели соли 1931 (номзад ба узвият аз марти соли 1930).

Шунавандаи мактаби олии коммунистии хоҷагии қишлоқи Сталинобод (1934-1936). Фориғуттаҳсили Мактаби олии партиявии назди ВКП (б), Москва (1945-1948)…

БАХШИ ЯКУМ

Тоҷиддин Исоев аз наврасӣ ба корҳои вазнин даст задааст. Аз 16-солагӣ, майи соли 1920 – октябри соли 1922 ҳаммол (борбардор)-и заводи пахтаи №54-и стансияи роҳи оҳани Каунчии Тошканд буд.

– Октябри 1922- апрели 1923 – ҳаммоли Идораи стансияи роҳи оҳани Урсатевск.

– апрел-октябри 1923 – устои хишткори мардикори бойҳо дар Голодной степи.

– ноябри 1923 – июли 1924-заминкан дар сохтмони роҳи (шоссе)-и Тирмиз-Душанбе.

– июли 1924-апрели 1925 – заминкани Идораи сохтмони шуъбаи хоҷагии коммуналии шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе).

– апрели 1925-январи 1926 – каландзани мардикори бойи қишлоқи Мортеппаи Болои вилояти Ҳисор.

– январи 1926 – майи 1927 – ҳаммоли заводи пахтаи Сталинобод.

 БАХШИ ДУВУМ

– Майи 1927 – декабри 1929 – раиси совети қишлоқи Қизил Мазори ноҳияи Ғарми РАСС Тоҷикистон.

– декабри 1929-октябри 1930 – раиси селхозкредитсоюзи кумитаи округии Ғарм.

– октябри 1930-декабри 1931 – ёрдамчии прораб (сардори бинокорон)-и раёсати сохтмони роҳи (шоссе)-и Ғарм – Оби Гарм.

– декабри 1931-сентябри 1932 – раиси Иттиҳодияи колхозҳои кумитаи округи Ғарм.

– сентябри 1932 – январи 1934 – раиси Комиҷроияи ноҳияи Ғарм.

 БАХШИ САВУМ

– Январи 1934 – январи 1935 – шунавандаи шуъбаи тайёрии Комвузи Ленинград.

– январи 1935 – июли 1936 – шунавандаи Мактаби олии тоҷикии коммунистии хоҷагии қишлоқи Сталинобод.

– август – октябри 1936 – мудири шуъбаи мактабҳои Комитети партиявии шаҳри Сталинободи ПК (б) Тоҷикистон.

– октябри 1936-октябри 1937 – котиби якуми Комитети Партияи коммунистии ноҳияи Даштиҷум.

 БАХШИ ЧОРУМ

Октябри 1937 – июни 1938 – Комиссари (вазири) халқии саноати хӯроквории РСС Тоҷикистон

– июни 1938-марти 1940 – котиби сеюми ПК (б) Тоҷикистон.

– июни 1939-марти 1940 – шунавандаи Мактаби олии ташкилотчиёни партиявии назди КМ ВКП (б), ш. Москва.

– марти 1940-марти 1941 – котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатсия.

– марти 1941-феврали 1945 котиби 2-юми КМ ПК (б) Тоҷикистон.

– феврали 1945 – октябри 1946 – шунавандаи ВШПО –и назди КМ ВКП (б),  шаҳри Москва.

– октябри 1946 – августи 1948 – шунавандаи Мактаби олии партиявии назди КМ ВКП (б), шаҳри Москва.

– октябр-декабри 1948 – котиби якуми комитети партиявии вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ПК (б) Тоҷикистон.

– декабри 1948 – марти 1949 – резерви (захираи) КМ ВКП (б).

БАХШИ ПАНҶУМ

Марти 1949-декабри 1954 – ташкилотчии масъули шуъбаи мақомоти партиявӣ, иттифоқҳои касаба ва комсомоли КМ ПК Қазоқистон.

– декабри 1954-октябри 1955 /феврали 1956 – котиби якуми комитети партиявии ноҳияи Кирови ПК вилояти Қазоқистони ҷанубӣ.

– феврал-марти 1956 – мудири шуъбаи умумии комиҷроияи вилоятии Қазоқистони ҷанубӣ.

– марти 1956 – июни 1959 – мудири шуъбаи таъминоти иҷтимоии комиҷроияи вилояти Қазоқистони ҷанубӣ.

БАХШИ ШАШУМ

Июл – сентябри 1959 – дар нафақа, шаҳри Душанбе, РСС Тоҷикистон.

– сентябри 1959 – апрели 1963 – инструктори шуъбаи ташкилотҳои партиявии КМ ПК Тоҷикистон.

– Аз апрели 1963-нафақахӯри шахсӣ, узви комиссияи партиявии КМ ПК Тоҷикис-
тон, дар асоси ҷамъиятӣ…

– Бо орденҳои Ленин (17.10.1939), Байрақи Сурхи Меҳат (5.1.1944), медалҳои «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, «Барои азхудкунии заминҳои навкорам» ва ифтихорномаҳо қадр шудааст.

Тоҷиддин Исоев  2.4.1971 дар 67-солагӣ фавтида, дар гӯристони Сари Осиёии шаҳри Душанбе мадфун гашт.

Ҳар ҷо, ҳар ҷо…

Падари Тоҷиддин Исоев – Исо Каромов тоҷик, модараш Розия тоҷик мебошанд. Ҳарду зодагони деҳаи Муллобадали ноҳияи Ғарм.

Тоҷиддин таълими ибтидоиро дар зодбум гирифтааст. То соли 1917 дар назди муллоҳои деҳа хонда, алифбои арабиро азхуд кард…

Аввали соли 1918 Исо Каромов, падари Т. Исоев пас аз се моҳи беморӣ дунёро пад-руд мегӯяд…

Ҳамон рӯзҳо дар деҳа Файзӣ ном ғоратгаре пайдо мешавад. Муллои деҳа номи якчанд ҷавонро ба ӯ мегӯяд ки масҷид намеоянд, дар сарашон чи хаёлҳое доранд. Тоҷиддинро низ дар қатори дигарон кашола карда, назди Файзӣ мебаранд. Тоҷиддини 14-соларо навбати сухан надода, шаттакаш мекунанд. Ҷавони нимҷонро бардошта, ба хонаи амакаш мебаранд…

Охири соли 1918 Тоҷиддин бо модар ва хоҳараш хайру хуш карда, бо ду-се рафиқаш сӯйи Тошканд рахти сафар мебанданд…

Тоҷиддин дар Тошканд, дар заводи пахтаи Янгиюл ҳамчун коргари одӣ (боркаш) ба заҳмат мепардозад. Ӯ дар Янгиюл то соли 1923 – панҷ сол кор мекунад. Дар ин давра забонҳои ӯзбекӣ, қазоқӣ, русиро азхуд намуда, озодона гап мезад ва дар баъзе мавридҳо тарҷума ҳам мекард. Хондану навиштани хатти арабиасос ва каму беш алифбои русиро омӯхт. Соли 1924 ба сафи Иттифоқи касаба дохил шуд.

Соли 1923 пас аз ба охир расидани корҳои мавсимӣ дар заводи пахтаи Янгиюл, барои кор ба стансияи Роҳи оҳани (Урсатевский) Хавос ҳамчун коргари боркаш ба кор даромад ва то соли 1924 дар ин коргоҳ заҳмат кашид. Дар муддати 6 сол ягон бор ба деҳаашон нарафт, аммо соле ду маротиба ба модару хоҳар ва амакаш пулу моли рӯзгор мефиристод.

Солҳои 1924-1926 дар сохтмони роҳи шоссеи            Тирмиз-Душанбе ҳамчун заминкан кор кард. Дар бунёди ин роҳ зиёда аз 3000 нафар коргарон кор мекарданд. Роҳ ба се қитъа тақсим шуда буд. Қитъаи якум: Тирмиз-Регар (150 км), ки сохтмонаш то охири соли 1926 бояд ба охир мерасид, қитъаи дуюм: Регар-Душанбе (70 км) бояд соли 1927-1929 анҷом меёфт. Қитъаи сеюми роҳ: Душанбе-Янгибозор (36 км) бояд соли 1930 ба охир мерасид…

Пас аз ба охир расидани сохтмони роҳ Тоҷиддин 6 моҳ дар заводи пахтаи Душанбе кор кард. Соли 1928 ӯ барои модару  хоҳараш, фарзандони амакаш туҳфа харида, роҳи Ғармро пеш гирифт. Пас аз ду рӯз ба ҳавлии падар расид. Модараш Розия, хоҳараш Ҳуринисо бо шавҳараш ва амакаш Бадриддин ӯро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.

Пас аз 10 – соли ҷудоӣ (1918-1928) дидор бо пайвандон хотирмон буд…

Соли 1929 дастаҳои босмачиён бо сардории Фузайл, Кӯри Шермат, Аъзам Ҳодиев ва Сартиқ ба Ғарм ҳамла оварданд. Тоҷиддин аз ҷавонони деҳаҳои гирду атроф отряди «фидоиёни озод» ташкил дода, ба Ғарм омада, се шабонарӯз ҷангиданд. Ва ниҳоят босмачиёни шикастхӯрда ба Афғонистон фирор карданд. Ин ҷасорати қаҳрамононаи дастаи фидоиёни Тоҷиддин аз назари роҳбарон дур намонд. Соли 1930 ӯро ба узвияти ПК қабул карданд…

Котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон Турсунбой Ашӯров соли 1937 дар яке аз ҷаласаҳои Бюрои КМ Тоҷиддин Исоевро ба корҳои баланди давлатӣ тавсия кард.

Т. Исоев соли 1937 Комиссари халқии саноати хӯроквории РСС Тоҷикистон таъин шуд. Соли 1938 дар Съезди IV ПК Тоҷикистон ӯро аъзои Комитети Марказии ПК(б) Тоҷикистон интихоб карданд. Солҳои 1938-1940 котиби сеюми КМ ПК(б) Тоҷикистон, 1940-1941 котиби КМ ПК(и) Тоҷикистон оид ба пропоганда, 1941-1945 котиби дувуми КМ ПК(б) Тоҷикистон буд…

Соли 1942 Т. Исоев бо Раиси Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев аввалин маротиба 151 вагонро бо туҳфаҳои ҷамъовардаи меҳнаткашони Тоҷикистон ба Москва роҳбаладӣ намуданд…

АНДЕШАИ КОТИБ

«С выращиванием кадров советской интеллигенции из таджиков у нас очень плохо обстоит. Здесь об этом говорили. Наркомат, который призван заниматься с выращиванием кадров. Тов. Садыков говорил много и красиво о народном образовании нашей республики, но работа по просвещению в республике хромает на обе ноги.

Я ответственно заявляю, что Народный Комиссар просвещения тов. Садыков не справляется с этой работой. Пока тов. Садыков работает Наркомом просвещения и тов. Князев Зав. Школьным отделом ЦК, трудно нам будет выполнить указание ЦК ВКП (б). Если спросить, сколько школьников получат аттестаты зрелости, то на Наркомпрос, ни Школьный отдел ЦК несмогут ответить.

Недавно из Сталинабадского пединститута было выпущено 80 педагогов с высшим образованием, из 80 педагогов был только один таджик. Так идёт подготовка местных кадров? Мединститут выпустил 120 врачей, из них один таджик и две немки…».

(Аз суханронии Тоҷиддин Исоев дар пленуми XV КМ ПК (б) Тоҷикистон, 15-17 январи соли 1945)…

Дар он давру замон пас аз чунин суханронӣ дилхоҳ нафар, қатъи назар аз вазифа, қадру манзалат, хоҳ-нохоҳ ба номеҳрубонӣ (опала) ба қаҳру ғазаби давлатдорон гирифтор мегашт. Ва ҳамин хел ҳам шуд. Тоҷиддин Исоев, котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистонро моҳи феврали соли 1945 ба «хондан», ба ВШПО-и назди КМ ВКП (б)-и шаҳри Москва гуселонданд. Бо ҳамин тартиб (усул) давлатдорон пеши роҳи як давлатмарди ташаббускорро ғав (садд)-и миёншикан заданд…

Сару бар шудан ба ин мавзуъ сарбастагиҳои зиёд дорад. Ҳамаи онро баякборагӣ наметавон зикр кард. Барои аввал бо ҳамин гуфтаҳо иктифо мекунем. Маводи таҳти назарро хонандаи азиз ҳамчун як шиносномаи рӯзгори шахси таърихӣ, ходими намояни сиёсӣ ва ҳизбии Тоҷикистони советӣ, тоҷики тозаи кӯҳистони баланди баланд Тоҷиддин Исоев қабул фармояд, беҳ мебуд…

ХОНАВОДА

Тоҷиддин Исоев соли 1929 бо Мавҷия Шокирова (с. тав. 1910), духтари Абдушокир, аз деҳаи Самсолиқ хонадор шуд. Миллаташ тоҷик. Мавҷия соли 2003 дар 93-солагӣ, дар шаҳри Москва фавтид.

Ду духтари калонӣ – Исоева Елена (Аслия) Тоҷиддиновна ва Исоева Зулфия Тоҷиддиновна – номзади илми тиб буда, алҳол дар шаҳри Москва сукунат доранд.

Духтари сеюмаш Исоева Биҳанифа Тоҷиддиновна соҳиби маълумоти олӣ ва ду фарзанд буда, ҳоло дар ҷумҳурии Полша умр ба сар мебарад. Духтари хурдӣ Исоева Собира Тоҷиддиновна низ дар Русия соҳиби маълумоти олӣ шуда, алҳол дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон мебошад.

Т. Исоев узви КМ ПК (б) Тоҷикистон (1937), узви Бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон (1938-1945), вакили Шурои Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 1-2), вакили Шурои Олии СССР (даъватҳои 1-2) интихоб гардидааст…

  1. Моҳи октябри соли равон ба зодрӯзи абармарди арсаи сиёсии Тоҷикистон Тоҷиддин Исоев 120 – сол пур мешавад. Месазад, ки бо ёдкарди ин шахсияти таърихӣ, дар шаҳри Душанбе кӯчаеро ба номи ӯ гузорем.

 

У. АЛӢ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube