Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич матлаби сокини ноҳияи мазкур Ҷумъабой Яҳёевро вобасба ба набудани мактаб дар деҳаи Қалъаи ҳоҷӣ, ки дар газетаи СССР 16.11.2023 таҳти №45 нашр шуда буд, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Лозим ба таъкид аст, ки дар н.Деваштич имрӯз 68 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, 40 757 нафар хонандагон таҳсили илм мекунанд. Табиист, ки шумораи хонандагон сол то сол зиёд шуда, сохтмони синфхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ пай дар пай амалӣ гашта истодааст. Дар он минтақае, ки муаллиф зиндагӣ мекунад, яъне деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ, соли 2015 аз ҳисоби фонди МИҲД вилояти Суғд ба маблағи 2 миллион сомонӣ 8 синфхонаи иловагӣ бо бинои замонавӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ин муассисаи таълимb 747 нафар хонандагон дар 2 баст таълим мегиранд. Аз инҳо 20 фоизи хонандагон онҳое мебошанд, ки аз маҳаллаи навбунёд ба муассисаи таълимӣ меоянд. Қайд бояд кард, ки муассисаи таълимӣ дар саргаҳи деҳа ҷойгир шуда, яке аз сабабҳои дур ҳисобида шудани он барои сокинони маҳаллаи навбунёд ба ҳисоб меравад. Зеро баробари ба деҳа ворид шудан муассисаи таълимии замонавиро дидан мумкин аст.
Баъдан хонаҳои истиқоматӣ дар масофаи зиёда аз 2 км тӯл кашидаанд. Барои мутахассисони соҳа масъалаи равшан аст, ки як ноҳияи субвенсионӣ наметавонад дар як деҳа дар давоми 8 сол ду маротиба сохтмони мактаб ё синфхонаҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Масъалаи бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани оилаҳои нав як тарафи масъала бошад, онҳоро бо объектҳои муҳим таъмин намудан албатта масъалаи дигари зарурӣ аст, ки дар ин бобат муаллиф ақидаи дуруст дорад. Аммо, 46 га замини захиравӣ (дар мавод 50 га оварда шудааст), ки онҳо заминҳои таъиноти кишоварзӣ буда, заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд. Мутобиқи моддаи 29-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қитъаҳои замин аз заминҳои таъиноти махсуси кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзb танҳо аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Бо вуҷуди ин роҳбарияти ноҳия бо ҷалби ташкилотҳои дахлдор ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ин масъаларо пайгирӣ намуда, мувофиқи нақша сохтмони муассисаи таълимии ибтидоиро дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ амалӣ менамояд.
Ашӯралӣ Ҷалилзода,
раиси н.Деваштич
