МАХСУМИ САНГИ КУЛӮЛА, ИВАН КОВАЛ ВА «ВЕЛИКИЙ ДАВЛАТ»

Ахтари рахшони олами исломи асри ХХ тоҷик Махсуми Санги Кулӯла – Махдуми Пирмуҳаммади Домулло Қурбон 23-юми марти соли 1884 (рӯзи савуми иди Наврӯз-ба гуфтаи зиндаёд Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода*) дар деҳкадаи Санги Кулӯлаи мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, 9-уми январи соли 1968 дар деҳаи Сомончии мавзеи Олимтой фавтида, дар ҳамон макон мадфун гашт.

Бобояш Шайх Мулло Пирмуҳаммад, фарзанди мулло Муҳаммад Қурбони Баландпарвоз, он ҷаноб писари Абдуллохоҷа, он ҷаноб писари Нақибхоҷа (мулаққаб бо Саид Халифа), он ҷаноб писари Муҳаммад Айюбхоҷа, он ҷаноб писари Муҳаммадхоҷаи Даҳбедӣ (р.а.) мебошанд.

Махдуми Пирмуҳаммад баъди фаро гирифтани таҳсили ибтидоӣ дар зодгоҳ  дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд такмили илм менамояд. Дар бозгашт ба нияти мусофаҳа (дастфишорӣ) бо шариконаш – охунди Мулло Шарифи Ҳисорӣ (падари муфтии Тоҷикистон зиндаёд Фатҳулло Шарифзода), Мулло Шоҳмуроди Дараи Зоғхонаи Сариосиёгӣ ва дигарон ба назди фарзанди эшони Валихонтӯраи Ургут – Муҳиддинхонтӯра, ки он замон пири тариқаи олияи нақшбандия маҳсуб меёфт, омадаанд. Пас аз 7  сол Махдум ба зодбум баргашт.

 

МУБОРИЗ

Махдуми Пирмуҳаммад солҳои 30-юми асри XX ба муқобили босмачиҳо мубориза бурда, барои маҳви дастаи босмачиёни  Ҷобир Буққа ва Шамсиддин бо ҳамроҳии Бобоҷон Саидбеков, Сайдалӣ Сафаров ва раис Афзал (Саидов Афзал) барои муҳофизати муаллимон дар  қаламрави Сари Хосору Балҷувон хизмати шоиста анҷом додаанд.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Махдуми Пирмуҳаммад яке аз фаъолони  сохти колхозӣ буданд. Он ҷониб бо раис Афзал (падари ходими давлатии тоҷик Ғайбулло Афзалов) барои ҷамъоварии озуқа, фиристодани сарулибос ба фронт хизматҳои арзанда  кардаанд.

 

КАНГУРТ

Хонаводаи Махдуми Пирмуҳаммад баъди ҳиҷрат аз зодбум 5 сол (1954-1958) дар деҳаи Арпабулоқи ҷамоати Кангурти ноҳияи Данғара умр ба сар бурдаанд. Бо мурури замон, бо сабаби маълум аҳли хонавода ба ноҳияи Восеъ кӯч баста ниҳоят дар рустои Сомончии мавзеи Олимтой (он замон ҳудуди ноҳияи Данғара) сукунат ихтиёр намуданд.

Махдум соҳибкаромот ва кимёназар будаанд. Аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ мардумон барои таълими тариқа, беморони гуногун баҳри табобат  меомаданд. Мавсуф пас аз адои намози бомдод дар ҳалқаи авроди фатҳия нишаста, дуо мефармуданд ё “Далоилхайрот” – ро поён бурда, муноҷот ва дуо металабиданд.

 

ҲАБС

Солҳои 40-уми асри ХХ Ҳукумати давр Махдуми Пирмуҳаммадро бо ҷурми мулло ва писари домулло будан 3 сол ҳабс карданд. Баъди рухсат шудан аз ҳама ӯ ба касби тарбияи мардум, омӯзондани дониши динӣ, табобати беморон, ёрӣ ба ниёзмандон мепардозад. Махдум девонаҳоро сиҳат мекард, бефарзандонро соҳиби фарзанд ва беморонро шифо мебахшид.  Махсуми Санги Кулӯла зиёда аз 30 сол ба мардум нафъ расонд.

Рӯзи дафни бузургвор 9-уми январи соли 1968 мардумоне зиёде аз гӯшаву канори кишвар ва хориҷ аз он ба ҷаноза омаданд. Аз даргузашти орифи намоёни садаи ХХ тоҷик радиоҳои мамолики ҳамсоя низ хабар пахш намуда, изҳори тасаллият карданд.

Рӯзи маросими ба хок супурдан, дар раҳи бозгашт аз шаҳри Кӯлоб котиби дуюми ПК Тоҷикистон Иван Григоревич Ковал издиҳоми зиёди одамонро дида, ба гуфте ҳуш аз сараш парид. Бо расидан ба шаҳри Душанбе ғавғои маҳшар бардошт ва аз ин бора ба Москва хабар мерасонад. Бо ибтикори Ковал бархе аз кормандони ҳизбӣ ва давлатии собиқ вилояти Қӯлоб барои иштирок дар маросими мотами домулло аз вазифа ва ҳизб сабукдӯш шуданд…

 

ҶАНОЗА

9-уми январи соли 1968. Котиби якуми кумитаи Ҳизби Коммунисти ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб Лақай Қармишев субҳи барвақт ба кор ҳозир шуд. Сари бод хабар ёфт, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи Хатлонзамин Махсуми Санги Кулӯла (Махдуми Пирмуҳаммади Сарихосорӣ, 1884 – 1968) дунёи фониро падруд гуфта.

Котиб бузургворро нағз мешинохт, эҳтиромашро қоил буд. Гоҳо, ҳини бозгашт аз шаҳри Душанбе ё булукоти Кангурт, сари роҳ домуллоро хабар ва дуои хайрашонро мегирифт. Ба худ андешид: «Махсум аз нафарони маъруфу маҳбуби олами исломи кишвар асту хоҳ нохоҳ пуштаву ҳомуни мавзеи Олимтой моломоли ҷанозаҳақӣ мешавад. Мардум аз гӯшаҳои дурдасти мамлакат хоҳанд омад. Роҳбарони гуногуни ҳизбиву давлатии ба мусалмонӣ қариб, раисони идораву корхона ва хоҷагиҳои зиёд ба маросими видоъ мешитобанд. Чунин муносибати хайрхоҳона аз ҷониби онҳо ба роҳбарони воломақоми ҳизбии вақт рост намеояд, зеро эшон муллоҳоро туфайлихӯр ва халалрасони ҷомеа меҳисобанд».

Лақай Қармишев, раҳбари собиқадор тахмин зад, ки маросими дафни махсумро мақомоти дахлдор таҳти назорат хоҳанд гирифт. Чорае бояд ҷуст то роҳбарону масъулони ноҳия аз хатар эмин бимонанд. Ба ёвараш амр дод, ки ҷаласаи васеи Кумитаи ҳизбии ноҳияро даъват намоянд. Котиб хулоса бурд, фасли сармо, рӯзҳо кӯтоҳ, ана мана нагуфта, рӯз бегоҳ мешавад…

Ҷаласа ба дарозо рафт. Аҳли толор, раисону роҳбарони гуногунпоя, саркорон, фаъолон – зодагони кӯҳистон бетоқатона, болои курсӣ мечархиданд. Ниҳоят ба пичир-пичир гузаштанд. Бо овози паст аз беэътиноии котиби райком изҳори норозигӣ мекарданд, аз ҷанозаи бузургвор мондем, хуб нашуд, мардум чӣ мегӯяд?…

Аммо, котиби ҷиддисимо чун кӯҳ собит буд. Хиёле, он ҳамаро намефаҳмиду намешунид, гӯё аз даргузашти чунин як бузургворе бехабар бошад. Ба дил мегуфт, ҳоло чӣ хеле, ки мехоҳед, накуҳиш додан гиред, натиҷаашро баъд хоҳед фаҳмид.

Рӯзи дигар, 10-уми январи соли 1968 қисме аз масъулон кебида – кебида назди котиб омада, рӯширинӣ мекарданд. Аён гашт, бо ташаббуси котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Иван Григоревич Ковал, аллакай, тозакунии сафҳои ҳизб аз «унсурҳои бегона» оғоз шудааст. Аксари кулли коммунистон, котибони ҳизбӣ, раисон ва мансабдороне, ки дар ҷаноза буданд аз вазифа ва ҳам аз билети ҳизбӣ маҳрум монданд.

Бо василаи ҷаласаи «дурмадароз»-и онрӯза роҳбарону масъулони давлатии ноҳияи Фархор, ба гуфтаи пирони кӯҳистон, аз чечаки хорон раҳиданд. Аз он ба баъд роҳбарони фархорӣ дар симои Лақай Қармишев наҷотбахши худро медиданд, зеро соҳибмансабҳои роҳатфизо болои чавкот мондаву рӯзгорашон мисли оби равон ҷараён дошт.

 

БУДӢ, НАБУДӢ, БУДӢ…

Фасли сармо, 8-уми январи соли 1968 яке аз ахтарони рахшони олами исломи Хатлонзамин Махсуми Санги Кулӯла (Махдуми Пирмуҳаммади Сарихосорӣ, 1884-1968), дар деҳаи Олимтойи ноҳияи Данғара аз дунё гузашт. Он рӯз шоҳроҳи Кӯлобу Душанбе, барзану сарак, дару девор, гирду вана, дашту ҳомун моломоли ҷанозаҳакӣ шуд. Тасодуф, ҳини бозгашт аз шаҳри Кӯлоб ин маросимро котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон Иван Григоревич Ковал дида, ҳуш аз сараш парид. Ва оҷилан ба боло хабар кашид…

Ниҳоят, вазифадорони давлатӣ, аз зумраи ҳизбиён – онҳое, ки дар ин ҷаноза ширкат доштанд, аз вазифа сабукдӯш ва аз ҳизб ронда шуданд. Аз он миён афроди ангуштшумор раҳиданд ва он ҳам бо чи азобҳое…

Хабаркашу аризабозон аз ин мусибат ба худ манфиат меҷустанд. Ва мактубу аризаҳои беимзову имзодор ба парвоз омаданд. Бо ҷурми ширкат дар он маросими дафн ҳоли яке аз раисони номдори собиқ вилояти Кӯлоб, раиси колхози «Дружба»-и ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) Давлат Юсуфов, мулаққаб бо «Великий Давлат», Давлат Дароз (қадаш 2 метру 15 см)-ро низ ба танг оварданд. Нафаре ба кумитаи ҳизбии ноҳия хабар кашид, ки Давлат Дароз дар ҷанозаи Махсуми Санги Кулӯла иштирок ва яке аз саркорони маросими дафн буд…

Муфаттиши прокуратура Давлат Юсуфовро даъват намуда, аз мазмуни мактуб огоҳонид. Раис гуфт, ман дар ҷаноза набудам…

Раис ба надимонаш фармуд то ба хонаи хабаркаш ду-се халта гандум баранд, то кундаи манаҳаш гирад.

Рӯзи дигар аризанавис ба суоли муфаттиш, раис Давлат Юсуф дар ҷанозаи Махсум буд, мегӯяд, ба фикрам набуд…

Аз миён чанде гузашту он кас боз аз ин бора ба мақомот менависад, ки Давлат Дароз дар он ҷаноза буд. Ин дов низ раис ба хонаи хабаркаш нуқлу навои зарурӣ мефиристад. Хабаркаш ба муфаттиш изҳор медорад, не, ба фикрам раис дар ҷаноза набуд…

Чунин рафтор такрор мешавад. Ниҳоят муфаттиш ба ҷон омада, онҳоро рӯ барӯ карда, дар шоҳидии раис аз аризабоз мепурсад:

– Бигӯ, ки раиси Давлат Юсуф дар ҷанозаи Махсуми Санги Кулӯла буд?…

Хабаркаш руп-руп, гоҳ ба муфаттишу гаҳ ба раис нигариста, бо азоб, ба шеваи худ роҳи халосӣ ёфта бонг мебардорад:

– Э раис, будӣ, набудӣ, будӣ!…

***

Имрӯз ҳам бо гузашти қариб шаст сол шумораи ихлосмандону эътиқодмандони Махдуми Санги Кулӯла аз миёни мардуми диёри кӯҳистони баланди баланд накостааст. Шоири ширинсухан Тағойназари Бақо шеъре – ихлосномае эҷод намуда.

 

Монам ба қадамгоҳи ту пои ба таҳорат,

Бо сидқ кунам самти мазори ту зиёрат,

Сар монаму гирям ба сари санги қарорат,

Бар дида бимолам ба ҳавас гарди мазорат…

 

Умари ШЕРХОН

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube