ВАХШ: НА БАРҚРО МЕБИНӢ, НА МАНСАБДОРРО…

– Мо илоҷи дардамонро аввал ба Худо ва дуюм ба рӯзномаи мардумии СССР мегӯем. Соати барқе, ки имрӯз ба мо ноҳиядорон медиҳанд, барои ба анҷом расонидани ягон корамон кифоягӣ намекунад. Тасаввур кунед, мисли ман садҳо нафар дар орзуи каме ҳам бошад, барқро бештар дидан мебошанд.

Баъдан 1 чизи дигаре, ки мо собиқадоронро дилсард месозад ин муносибати сарди мақомдорон аст, ки вақтҳои ахир ба чашм мерасад. Аз рафтану омадан ба мақомоти маҳал безор мешавию касе коратро ба охир намерасонад. Маҷбуран ҳуҷҷатҳоятро ба шӯъбаи умумӣ месупорию он ҳам баъди моҳҳо ҷавоби нопурраи манфиро интизор мешавӣ. Ақаллан ин мансабдорон ба доди мардум расанд, то мо пиронсолон давлати пирӣ ронем. Онҳоро ба ин вазифа бовар карда гузоштаанд охир!

 

Давлаталӣ Ахмедов,  (тел: 931613734).

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube