Дуруди бепоён «СССР»-и азиз! Маъзарат мехоҳам, ки баъзан фикру андеша ва таҳлилҳоямро танҳо ба редаксияи шумо мефиристам. Албатта, ин ҳама шояд аз рӯи шиори «Мо метавоем»-и шумо ва ё муҳити озодандешӣ ва ватанпарастиатон бошад, ки хеле ихлосманди шумоем. Акнун мехоҳам сари 1 масъалаи фарҳангию маданӣ – рақси мардонаи тоҷикӣ, ки ба обрӯ ва имиҷи миллат таъсиргузор аст, суҳбат дошта бошем. Новобаста аз оне ки мутахассиси ин соҳа нестам, аммо пешаи паҳлавонӣ низ дорам ва мушоҳидаҳои хешро ин ҷо мекорам.
Абрупаронии мо ва рақси қафқозӣ
Тӯли чанд даҳсола, тақрибан аз замони ҳунарманди маъруфи тоҷик Ғаффор Валаматзода инҷониб, рақси мардона шукуҳу шаҳомати худро тағйир дода, қариб ки ҳамрадифи рақси занона гаштааст. Вале сабаб чист, ки дар ин мавзуъ ягон мутахассис ва ё ба саҳнагузорандагони рақси мардон хомӯшанд? Чаро мулоҳизаҳои худро иброз намедоранд? Чаро чунин шуд, ки рақси мардона аз занона ягон фарқе надорад?
Ҳол он ки дар майдони гӯштӣ, диловарӣ, паҳлавонӣ ва ҳатто ҷангу набарду пархошҳо рақси мардона иҷро карда мешуд. Рақси мардона танҳо 1 рақс, 1 пеши бар ҷумбонидан нест, он хулқу атвор ва хислатҳои миллатро муаррифӣ менамояд, ба вежа пеш аз амали паҳлавонӣ.
Агар мо ба рақси мардонаи қафқозӣ назар афканем, воқеан ҳам ҷасорат, шуҷоат ва мардонагиеро мебинем, ки он намунаи беҳтарини рақси мардона мебошад ва характеру чолокӣ ва касбияти мардуми ин сарзаминро нишон медиҳад.
Аз Гурминҷ то А. Собир

Дар кишвари мо низ намунаи рақси мардонаи тоҷикӣ хеле зиёд аст. Масалан, рақси Гурминҷ Завқибеков, рақси паҳлавонии Искандаршо Раҳматуллоев, рақси паҳлавонии Путсик Миралишоев, Амирсултон Наботов, Мурувватшо Бачабеков, Дилшод Давлатов, Қурбон Шоев ва ахиран аксбардори газетаи мардумии СССР – А.Собир ва чанде дигарон. Дар рақси онҳо ҷасорат, садоқат, зебоӣ, рафоқат, назокат, эҳтиром, хушҳолӣ, чолокӣ ва ҳама амалҳои мусбати миллӣ намоён мешаванд. Баъзе наворҳои рақси онҳо дар хазинаҳои телевизиони Тоҷикистон маҳфузанд ва бояд мавриди истифода қарор ёбанд.
Зеро тайи чанд соли ахир рақси мардона дар кишварамон рӯ ба таназзул оварда истодааст. Дар рақсҳои мардона унсур ва амалҳои рақсҳои занона зиёд шуда, шуҷоати ҷавонмардии рақсҳои мардона аз байн рафта истодааст, ки нигаронкунанда мебошад. Тасаввур намоед, ки агар мард дар вақти рақсидан ишваю ноз, баданҷумбонӣ ва чашму абрупаронӣ кунад, ин чӣ маъниро ба бар мекунад? О ин хислатҳои мардона нестанд ва тамошобин онҳоро хуб қабул карда наметавонад!
Тақлиди рақси хавориҷ
Солҳои охир ҷавонон ба рақсҳои хориҷӣ тақлид намуда, дар тӯю маъракаҳо элементҳои рақсҳои «шейк», «брейк», «твист», «чарлстон» ва ғайраро истифода мебаранд ва бо ин амалашон ба зебоии рақси аслии мардонаи тоҷикӣ таъсири манфӣ расонида метавонанд. Бояд гуфт, ки ҳар рақс вобаста ба сабку садои мусиқӣ ва хислатҳои миллӣ дар ҷомеа вежагиҳои худро дорад. Масалан, рақси шодравон Маҳмуд Алисултанович Эсанбаев, рақсҳои ансамбли «Алан» -и осетинӣ, рақси «лезгинӣ» намунаи барҷастаи рақсҳои мардона ва озодию ҷасоратмандии инсон мебошанд. Ё ин ки «Рақси само» -и Мавлоно, ки маънои аз қафас озод шудани инсонро дорад ва бо чархидану ҳаракатҳои зебо ҳастии инсони комилро таҷассум менамояд.
Рақси интернетӣ
Аммо дар Шарқ ба ҷуз аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар дигар кишварҳо рақси мардонаро начандон хуб мепазиранд. Дар зеҳни мардуми ин кишварҳои динзада рақс хусусияти хуб надорад ва марди раққосро бо дигар айбҳо низ гунаҳгор медонанд (ҳоло маҳз абрупарониву китфҷумбонӣ сабаб шуда, ки дар мо низ ба раққосони мард бо шубҳа менигаранд).
Ба зами ин агар шумо имрӯз ба баъзе наворҳои интернетӣ таваҷҷуҳ карда бошед, дар он рақсҳои зиёди кӯчагии бадахлоқонаро мебинед, ки боиси шарми инсон мегарданд. Хусусан раққосаҳои дайду, ки дигар ҳеҷ як адабу изо надоранд ва худашонро бо сару бадани нимбараҳна ба канори пиру барно мепартоянд нигаронкунанда аст. Таъсири чунин рақсҳои дайду хеле зиёд ба рақси мардона расидааст, ки дигар тафовути рақси мардонаро аз занона ҷудо кардан мушкил шудааст. Онҳоро бештар ба ибораи мардумӣ «рақси хар дар айлоқ» баҳогузорӣ менамоянд, ки онҳо ба фарҳанги суннатии мо таъсири манфӣ мерасонанд.
Аз ин рӯ, бисёр хоҳиш менамоям, ки мутахассисони касбӣ аз ҳама методу усулҳо истифода намуда, дар ташвиқу тарғиби дурусти рақси мардонаи тоҷикӣ саҳмгузор бошанд. Нависанд, муроҷиат ва пешниҳод кунанд, ки чӣ бояд кард?
Рақси мардона салобати миллат аст!
Рақси мардонаи босалобати тоҷикӣ хислат ва симои фарҳангии миллатро нишон дода метавонад. Ба вежа, ҳаракатҳои чобукона, чархи чаманӣ бо либоси мардона ва ҷаҳишҳои нотакрори мардона тақвиятбахши ин гуфтаҳо мебошанд. Аслан рақси марди ҳақиқӣ набояд худро бо ишваву ноз моломол гардонад. Баъзан, хоҳарони азиз низ бояд ҳар гуна кулоҳи мардона ва тоқии чакани кӯлобиро дар рақс напӯшанд, онҳо рамзҳои сирф ҷавонмардӣ мебошанд, ки мақому мартабаашон дар сақфи таърих маълуму муайян гардидааст.
Сифатҳои нозукии нозу карашма, ҷилваи мӯйҳои парешон, китфҷунбонӣ ин ҳама амалҳое мебошанд, ки барои ҷалб намудан ва мафтун кардани мардон истифода бурда мешаванд ва мард бояд чунин нарақсад!!!
Бинобар ин, коршиносон ва мутахассисони касбии моро зарур аст, ки рақси мардонаи тоҷикиро ба 1 низоми муайян дароранд. Дар рақси мардона бояд салобат, ҳайбат ва ҳашамати мардӣ вуҷуд дошта бошад. Рақси мардонаи мо бояд зебоии тоҷикона, орзую омоли миллиамонро таҷассум карда тавонад. Мо бояд рақсҳои асили мардонаро эҳё намоем, ки муаррифгари шуҷоату мардонагӣ ва матонати паҳлавонӣ бошанд. Ва аз ҳама: мардони химчамиёну абрукамону танноз ҳаргиз набояд ба саҳнаи рақси мардона роҳ дода шаванд. Мо Метавонем!
Муҳаммад Абдураҳмон,
профессор
