Салом СССР! Буҷети давлати Туркманистон беш аз 30 млрд. доллари ИМА будааст. Ин аз буҷети мо 8 маротиба зиёд аст. Рушди иқтисоди кишварҳоро аз рӯи ВВП – ММД муайян карда, онро ба сари аҳолӣ тақсим мекунанд. 10 млн одам 10 млрд молу маҳсулот истеҳсол кунад, ин албатта хеле кам аст!
Дар ҷаҳон ширкату фирмаҳое ҳастанд, ки маснуоташон аз ВВП-и баъзе давлатҳо даҳҳо маротиба зиёд аст. Дар РСС Тоҷикистон корхонаҳои азими истеҳсолиро баъд аз соли 1991 шахсӣ карда, ба садҳо соҳибкори майда тақсим карда доданд. Имрӯз масалан 1 сехи яхмос ё коғази ташноб, ки 7-10 коргар дорад, масъулин бо «ифтихор» онро ба рӯйхати корхонаҳои азим шомил кардаанд. Замони советӣ фабрикаи трикотажи Уротеппа ба номи «60 солагии СССР» зиёда аз 4000 нафар коргар (бо филиалҳо дар Ғончию Шаҳристон) дошту онҳо дар 2 смена кор мекарданд. 70%-ро занону духтарон ташкил медод.
Имрӯз буҷети маҳалро носфурӯшу обу яхмосу шашликфурӯш, пичинифурӯшу раққосаю карнайсоз, устои дарзмолу чойник, велосипедҳои кӯҳна ва тӯйхонаҳо пур мекунанд…Ба куҷо равонаем?
Маннон Махсумов,
ш. Истаравшан,
Тел: 988097194
