Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки “Нисфи умратро деҳу рӯшноӣ хар”. Дар ҳақиқат гузаштагони мо файласуфони даври худ буданду дар ҳар шароит зарбулмасалу мақолҳоеро баён кардаанд, ки имрӯз ҳам мазмуну мӯҳтавои худро гум накардааст. Исботи ин мақоли халқӣ бебарқист, ки масъулини Шабакаҳои Барқи Истаравшан заррае ғами мардумро надоранд. Агар хоҳанд тугмаро пахш мекунанд ва агар нахостанд хомӯш: “Ихтиёр дар дасти Бахтиёр”
Доири маҳдудияти барқ ва лимит мо аз нишасти матбуотии масъулони “Барқи Тоҷик” тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ хуб бархӯрдор гаштем ва мувофиқи қарор, ки 23-юми феврали соли 2024-ум аз тарафи онҳо ба тавсиб расидааст, бояд дар 1 шабонарӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон 7 соат қувваи барқ дода шавад. Яъне дар бегоҳӣ аз соати 18:00 то 22:00 ва пагоҳӣ бошад аз соати 5:00 то 8:00 дақиқ. Вале афсӯси зиёд, ки кормандони Шабакаҳои Барқи Истаравшан дар баъзе ҳолат ҳамагӣ 3 соат барқро медиҳанду халос!!!
Агар, ки ба телефонҳои боварии шабака занг занем, чунин посух медиҳанд, ки «Ин аз мо вобаста нест»! Пас ба кӣ вобастагӣ дорад ва мардуми одди то ба кай аз бебарқӣ азият мекашанд!!?
Масъулони Шабакаҳои Барқии Истаравшан имрӯзҳо дар сардии зимистон қувваи барқро баъзан ба мисли чароғаки раҳнамо фурӯзон карда, баъди 20-30 дақиқа боз хомӯш мекунанд, ки гӯё идора моликияти шахсии худашон бошад! Аҷоиботаш дар он аст, ки мо маблағи барқи масрафшударо супорем ҳам, боз дар ҳисобамон қарз боқӣ мемонад, ки ин муаммо то ҳол давом дораду нофаҳмо боқӣ мемонад ва баҳонаҷӯйиҳо хело зиёд аст, ки аз ҳама маъмулу машҳураш ин аст:
“Корҳои профилактикӣ давом дорад”!
Аз баҳонаҷӯйиҳои кормандони Шабакаҳои Барқи Истаравшан ба 1 хулоса омадам: “ Дар зимистон таъмиру дар тобистон бошад, тайёрӣ ба таъмир”.
Аз масъулони Барқи Тоҷик пурсон мешудем, ки аз фаъолияти кормандони Шабакаи Барқи Истаравшан назорати ҷиддӣ баранд.
Эҳром Раҷабов
ш. Истаравшан
