Мо бо газетаи СССР аз соли 2008 бо ҷараёни салафия-ваҳобия дар набардем. Дар ин миён буданд ҷавонмардоне чун Абдуллои Муҳаққиқ – муаллифи китоби Салафия, Махдуми Исмоил – нигаҳдорандаи мазҳаби Ҳанафӣ ва муаллифи рисолаи илмии «Эмоми Аъзам зидди хурофот ва ифротгароӣ», ки Худованд ҳар дуро биёмурзад, ки дар паҳлуи мо аз равияи бобоии Эмоми Аъзам пуштибонӣ мекарданд.
Ҳамакнун, имрӯз, баъди оне, ки ин равияҳо миллати моро чун хоре дар чашми ҷамъият кардаву ахиран дар Маскав даст ба куштори бесобиқа андохтанд, чанд нуктаро оид ба ин ҷараёни махуф – хавфнок бояд бигӯям:
- Салафия ва ё ваҳобия аз хориҷ идора мешавад, тавассути телефон ва дигар шабакаҳои интернетии алоқавӣ супориш мегиранд. Гӯё, ки ин дини нав аст ва ҳар рӯз қонунҳояш нав мешаванд. Масалан, соли 2008 дуо кардан дар сари гӯр иҷозат буд, соли 2010 бо телефон супориш шуд, ки ин амал манъ аст! Соли 2012 бо телефон супориш шуд, ки дуо ва даст бардоштан тамоман манъ аст. Бо дигар кардани тарзи намозхониву дигар ибодот мақсадашон ихтилоф андохтан дар ҷомеаи мост. Масъалаҳои хайру худоӣ низ ҳамин тавр давра ба давра тариқи телефон супоришӣ манъ шуданд.
- Се, ҳафту чил, солро ҳаром эълон карданду ақиқаро бароварданд! Ҳатто ҳадиси саҳеҳ ёфтанд, ки ин амалро паямбар ва ёронаш дар таваллуди духтар 1 гӯсфанд ва барои писар 2 гӯсфанд мекуштанд. Ҳол он ки авлоди паямбар асосан аз пушти Алӣ ва Фотима ҳастанд, ки тибқи ривоёт ҳазрати Алӣ нони хӯрдан надошт. Минҷумла то соли 2000-ум дар Осиёи Миёна ақиқа гуфтани маросим аслан набуд. Бобоҳои мо шукр доранда буданд, вале ин корро накарданд.
- Салафия асосан ҷавонони нохонда ва камтаҷрибаро ба дом меафтонад. Ин син аз 18 то 35-ро дар бар мегирад, ки авҷи хурӯши ҷавонӣ аст.
- Ҷавонсалафиён хатти арабиро хонда наметавонанд! Ранҷи шогирдиро надидаанд, аз диску сомонаҳо мулло шудаанд. Инҳоро метавон интернет мулло ё телеграмм мулло ва ё фейсбукмулло хонд. Ҳодисаи ахирӣ дар Маскав гувоҳ аст, ки инҳо ҳатто тавассути Телеграмм ва дигар шабакаҳо супориш гирифтаву то одамкушӣ мераванд!
- Ҳар масъалае, ихтилоф меангезад, мавзӯи баҳси салафист. Онҳо бо баҳсҳои пучу бемаънӣ мехоҳанд бар худ дар ҷамъият вазн гиранд.
- Салафиёни поёнӣ – ҷавонон чизеро намедонанд, калонҳояшон дар ким- куҷои давлатҳои хориҷӣ нишаста, инҳоро аз он ҷо идора мекунанд. Ин пешвоён шояд шахсоне бошанд, ки ба ислом рабте надоранд (ҳоло баҳсҳо тунд аст, ки асосгузори равандҳои ба ном исломии террористӣ амрикоиҳо, англисҳо ва яҳудиёнанд!)
- Салафиён чанд марҳаларо аз сар мегузаронанд:
а) баҳс. Ин баҳсҳо оддӣ намоянд ҳам, мақсад ҷамъ кардани тарафдоронашон аст. Ин марҳала 1 ё 2 сол давом мекунад. Дар баҳсҳо муллоҳои суннатиро мулзам мекунанд ва бо намоишкорӣ дар маъракаҳо расму одатро инкор месозанд. Мақсад ихтилоф (мутаассуф, ҳоло қонуни Танзим дар баъзе ҳолатҳо ба онҳо хидмат карда истодааст!!!).
б) маслиҳатхонаҳои алоҳида. Вақте тарафдорон муайян шуданд, ин гурӯҳҳои иборат аз 3-4 кас алоҳида менишинанд, мағзшӯӣ мешаванд ва вазифаҳо мегиранд. Бар ивазаш ба эшон пул мошин медиҳанд.
в) сафар ба хориҷа. Сафарҳо асосан ба кишварҳои Араб, Русия, Туркия сурат мегирад. Ин ҷиноят пайи иқтисодӣ-молиявӣ дорад. 2 ҳазор нафар тоҷик дар ҷанги Сурия асосан аз роҳи Русия ва Туркия рафтаанд, ки ҷои пӯшида нест. Бояд донист, ки муборизаи ин гуруҳи навпайдо барои пул нест, барои ақида аст, ақидаи нодуруст дар мағзашон ҷо шуда, гарчанде маблағ низ дар кори эшон ривоҷ мебахшад.
г) зинаи охир-яроқнок кардан. Инҳо ончунон мағзшуста мешаванд, ки дигар ба касе раҳм намекунанд, ҳатто ба бародарону хоҳарону модарони худ. Ана дар ҳамин зина маълум мешавад, ки ин равия исломӣ нест. Ин ҷавонон худ дарк намекунанд, ки ба чӣ кор мераванд. Инҳо исломро ниқоб кардаанд, аммо дар асл аз ислом ва Қуръон бӯе набурдаанд.
Чӣ бояд кард?
Ягона чизе, ки инҳо метарсанд, мақомоти қудратӣ, махсусан амниятӣ аст. Ман ҳазорҳо раҳмат мегӯям ба низоми амниятии кишвари худамон, ки сари вақт пеши роҳи ин нохондамуллоҳоро гирифт. Солҳои 2010 – 2016 аксарашон ҷазо гирифтанду нақшаҳошон барҳам хӯрд. Ин аст, ки мо дар Тоҷикистони азиз дар амну осоиштагӣ ба сар мебарем. Ин хидмати ҳукумати кишвар ва мақомоти қудратист.
Воқеаҳои дар Русия рухдода моро ба фикр кардан водор мекунад, ки ба ин равияи хавфнок набояд ягон зарра раҳм кард. Агар ба зиндон мераванд, бигузор аз дигар зиндониён ҷудо бошанд, то дигаронро мағзшӯӣ накунанд. Ягон зарра набояд ба эшон эътимод кард. Инҳо на танҳо қишрҳои ҷомеаро хароб ва рахна дар дину оини мардум мезананд, балки давлатҳоро барҳам мерезанд.
Ин буд чанд андешаи кӯтоҳи ман дар бораи равияи махуфи салафия-ваҳобия пас аз террори хунин дар толори Маҷмааи консертии «Крокус Сити Холл» ба номи Муслим Магамаев. Бояд 1 ҳақиқати кӯчакро дарк кард: ё мо онҳоро ва ё онҳо моро. Дигар роҳи саввум вуҷуд надорад. Мо Метавонем!!!
Саъдӣ Маҳдӣ
Директори Академияи ВАО,
махсус барои СССР
