ДЕВАШТИЧ: ПУЛ ДОДЕМУ ДАРДИ САР ХАРИДЕМ!

Салом СССР-и азиз! Аҳолии деҳаи Хоҷаҳои ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич бар қатраи оби нӯшокӣ зоранд. 5 сол пеш сокини ҳамин деҳа Абдураззоқ Қутфиллоев аз ҳар сари хоҷагии деҳа 25 сомонӣ ва аз омӯзгорону табибону кормандони барқ маблағи аз 50 то 100 сомонӣ ҷамъоварӣ намуд, то ки бо ташкилотҳои ёрирасони байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, чоҳи артезианӣ кобанду аҳолиро бо оби нӯшокӣ таьмин намоянд.

3 сол пеш намояндаҳо аз Душанбешаҳр омада, аҳолиро хушҳол намуданд, ки бо оби нӯшокию полези таъмин менамоянд. Бояд аз аҳолӣ 1 шахсро роҳбар таъин менамуд, то ки бо ташкилотҳои мададрасон ҳамкорӣ карда, ин ташаббуси некро ба сомон расонад. Аҳолӣ бо 1 овоз соҳибкор Саиднаим Носировро роҳбар ва намояндаи деҳа интихоб ва барои роҳкирою тасдиқи ҳуҷҷатҳо аз ҳар сари аҳолӣ боз 50 сомонигӣ маблағ ҷамъоварӣ карданд. Пас аз андаке боз аз аҳолӣ талаб карданд, ки 5 % маблағро пардохт бояд намуд, то ки ташкилотҳои мададрасон барои кофтани чоҳи артезианию хатти барқ маблағгузорӣ кунанд. Боз аз ҳар сари хоҷагӣ 200 сомонигӣ маблағ ҷамъ намуданд.

Баъдан 1 чоҳи артезианӣ кофтанд, ки об набаромад. Аз аҳолӣ талаб карданд, ки 70 сомонӣ ҳар сари хоҷагӣ диҳад, вагарна ба ҷои 3 чохи артезианӣ 2-то мекобанд. Барои набаромадани об обсанҷҳои давлатӣ гунаҳкор ё аҳолӣ?

3 сол аст, ки аҳолӣ сари хоҷагӣ 320 сомонӣ маблағгузорӣ карду аз об на ному на дарак. Шояд масъулин бо хондани ин арз ба дарди халқ малҳам шаванду мардум барои пулҳои додаашон насӯзанд? 95 фоизи аҳолии деҳа аз бонкҳо қарзҳои имтиёзнок доранд ва ин маблағҳои додашударо аз даҳони кӯдаконашон кашида гирифта додаанд. Аксарияти аҳолӣ дар хона ҳавз доранду обро ҳар мошин аз 120 то 200 сомонӣ харидорӣ мекунанд. Вазъияти ногувори халқро дида, Шаҳзод Файзиддинзода аз чоҳи артезианиаш ба масофаи 900 метр бо қубури 0,20 аҳолиро қисман бо оби нушокӣ таъмин намуд, вале ин ҳалли мушкил нест.

Ҷ. Мақсадулло,

н. Деваштич

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube